Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Обҳои мурда ба дарё намерасад.

Дар шароити ҷаҳонишавии кунунӣ авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар рӯз ба худ тарҳеро касб мекунад, ки он низ ба мо инсонҳо, хусусан наврасону ҷавонон бетаъсир намемонад. Бинобар ин ҳар фарди бедордил ва соҳибхирадро мебояд, ки дар хирвори маънавиёти хеш дорои донишҳои казоии сиёсӣ, худшиносӣ ва ватанпарастиву миллатдӯстӣ дошта бошаду дар ин ҷода фирефтаи дигарон нагардад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки дар қалб ва андешаву афкори худ ҳисси меҳандустӣ ва созандагиву ободкориро дар роҳи Ватан дошта бошему шогирдонро дар ин руҳия тарбия намоем, то ки инсони қавиирода ва ватандӯст ба воя расанд.

Агар ба гузаштаи начандон тулонии солҳои 90-уми қарни гузашта назари андеша намоем, вуҷуди касро олудагии ранҷу азоб ва дарду андуҳи гарон фаро мегирад. Зеро ҳанӯз ҳам захмҳои ҷонкоҳ ва носури қалбҳо, ки аз дасти ашхоси мансабпараст ва ноҷавонмардони миллат ҷароҳат бардошта буд, беҳ нагардидааст. Чунин афроди бе нангу номус, ки онҳоро нашояд зодаи одамӣ пиндошт аз барои манфиатҳои шахсии худ кишвари ҷавону тозаистиқлоли мо тоҷиконро ба вартаи ҷангу хунрезӣ ва бародаркушӣ кашиданд. Садҳо сарпаноҳи ҳамватанони мо ба коми оташ фурӯ рафтанд, мардумон хонабардуш. Модарон ҷигарбандонашонро ғарқаи хуну хок дарёфтанд. Чеҳраи наварусони ормониро на фараҳу шодӣ, балки ашки ҳасрату нокомӣ ва ҳаҷру фироқ фаро гирифт. Замири поку беолоиши кудакони ташнаи меҳр ва навозиши падаронро яксу ноумедӣ ҷанҷол зад. Чи рӯзҳои сиёҳеро халқи куҳанбунёди мо паси сар намуд. Аз ёди чунин лаҳзаҳои зулмонӣ ҳама ба фарёд меояду дар қалби кас лашкари ғаму андӯҳ хайма мезанад. Вале онҳо дар гузаштаанду солҳо ёди ҷигарсузи он рузҳои сиёҳ аз хотирот фаромӯш намешаванд.

Шукронаи беназир кирдугори поку доварро, ки имрӯз ватани биҳиштосои мо Тоҷикистонро сулҳу Ваҳдат ободиву осудаҳолӣ насиб гардонидааст. Ин неъмати бебаҳо сарҷамъии миллат ва якпорчагии он бо талошу заҳматҳои накумарди поксиришт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст.

Ин сарвати бебаҳоро ҳифз намудану ба наслҳои пасин мерос мондан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандуст мебошад. Моро зарур аст, ки ба ҳангомаву иғвогариҳои душманон ва ҳаммаслаконашон, ки дар камин дур аз Ватан ҷоғ мезананд, ба онҳо гуш надиҳем, зеро шахси ватандӯсту миллатдӯст на ин, ки дур аз ватан, балки дар Ватан бо хизмату заҳмати худ ватанро обод месозад. Албатта, таърих собит намудааст ашхоси тирадил, ки сиришта тира доранд, ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Ва дигар мардумро фирефтаи худ нахоҳанд кард. Зеро онҳо ба хотири пулу мол нангу номуси худ ва атрофиёнашонро фурӯхта ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони бегона гардидаанд. Дар ин ҷода Соиб сухане айни муддао фармудааст.

Афсурда ба олами боло намерасанд,

Ин обҳои мурда ба дарё намерасанд.

Суянов Садриқул- директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √: 37- и шаҳраки Зарафшон-2, ба номи Қаландар Солеҳов.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Партави некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст…

Шуруъ ба мисраи Ҳофизи Шерозӣ ин ибрози андешаест, ки дар хотиротам чарх мезанад, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Оре бадасл ҳаргиз ислоҳ намешавад. Аз зумраи ин гуна бадбунёдон сарвари ТЭТ ҲНИ Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон мебошад. Ба он ҳама ҷангу ҷидол ки бар сари миллат дар оғози истиқлолият оварданд, анҷомаш диёрҳои вайрону беваву ятимон, куштори фарзонагону олимон, маҳз дасти дарози ТЭТ ҲНИ буд, ки аз ёдҳо нарафтанист. Имрӯзҳо бошад дар зери доираи хоҷагони хориҷиашон ба рақс даромадаву санги дасисаву дуруғ бар сари миллат мезананд. Бехабар аз он ки ин мардуми шарифи Ватан фирефтаи дурӯғҳои бармалои онҳо намешаванд. Бояд бигӯям, ки «орзуҳои» хоми ту туро оқибат залилу хору нотавон мекунад, чун ту бар халқу ватан душман ҳастӣ ва ба гуфтаи шоир “Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад….”

Ба тамоми ҳамватанон гуфтаниям ба дасисаву иғвои ин гурӯҳ фирефта нашавед, инҳо ҳамон нафароне ҳастанд, ки ҳозиранд бо чанд пайса имону виҷдонашонро фурӯшанд, чун ба Ватану миллат хиёнат карданд ва виҷдону имонро фурӯхтанд, ба ҳама ҷиноят қодиранд, бояд мо ҳамеша ҳушёр бошем.

Ҳофизи Шерозӣ чӣ зебо васфи чунинҳоро кардааст:

Партави некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Сархатиби ноҳияи Айнӣ

Парвизҷон Ҳоҷизода

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Дар ташкилотҳои ибтидоии “фарҳанг”,

“кмта анзоб” ва “куҳкан” маҷлисҳои

ҳисоботӣ – интихоботӣ

баргузор карда шуд

 Бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Айнӣ – аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Муродзода Муқим Қаюм, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой Маҳмадёр, раисони ташкилотҳои ибтидоии “Фарҳанг”, “КМТА Анзоб” ва “Куҳкан” ва аъзоёни дар ташкилотҳо буда, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид, ки дар он раисони ташкилотҳои ибтидоии болозикр аз натиҷаи фаъолият дар соли 2021 маълумот доданд.

Дар оғози маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой Маҳмадёр бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии номбурда аз наздик шинос шуда, ҷиҳати дар самти корҳои дохилиҳизбӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд доданд.

Ҳамзамон зимни баромад қайд карда шуд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси дастуру супоришҳои КИН амал намуда, баҳри иҷрои Оиннома ва Барномаҳои созандаи ҲХДТ дар соли ҷорӣ 92 вохӯрӣ ва корҳои тарғиботиву ташфиқотиро дар байни аъзоён доир намуда, доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар масъалаҳои мавридиназар андешаронӣ намуданд. Дар охири маҷлис ба якчанд аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ сипоснома ва ба аъзоёни нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Сулҳу Ваҳдат – пешравии миллат!

Бисту панҷ сол муқаддам санаи 27-уми июни соли 1997 баъди ноамниҳо тӯлонӣ, қатлу ғоратгариҳои бешумор, ҷангҳои хонумонсузи бисёр, кинаву адовати зиёд, гуруснагиҳову ташнагиҳо, баъди бехонумон шудани фирориёни иҷборӣ, баъди нотинҷиҳои хушунатбор ба сари миллати тоҷик Худои меҳрабон фарзанди фарзонаеро рӯи тахт овард, ки ин марди хирад, ҳалиму меҳрубон, наҷибу хоксор Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин шахсияти ватанпарасту ватандӯст ҳангоми сари қудрат омадан парчами давлатамонро бусид ва ашки ғам аз чашмонаш ҷорӣ шуд….. барои чӣ ва барои кӣ ?. Албатта барои Ватан ва барои ҳамватан….

Оре ин подшоҳи одилу оқилу тавоно шаб дар хобу рӯз дар кор паи ба даст овардани сулҳу ваҳдат, пайи оромиву осудагии комил ва пайи ба даст овардани тинҷию оромӣ буд. Дар он рӯзҳои сахту сангин, ки аз соли 1992 то соли 1997 ҷанги бародаркуш аниқтараш солҳои фирори мардумон, бесару сомониҳои тоҷикон буд, ки роҳбари сулҳовари мо шабу рӯз нагуфта дур аз зану фарзандону хешу ақрабон ба дуриҳои дур сафар менамуд то, ки ба мардум сулҳро пойдор бисозад.

Роҳбари давлати мо баҳри ба даст овардани сулҳу субот ҷони худро ба гарав гирифтанд, то ки дар кишварашон ҷанги шаҳрвандӣ хотима биёбад. Ҳамватанони азиз бидонед, ки Сулҳу Ваҳдат дар ҳар давлати дунё ба осонӣ ба даст наомадааст ва намеояд. Барои сулҳу субот ба даст овардан чиқадар заҳматҳое паси сар мешавад. Бо ҷасорату маҳорату ақлу заковат Пешвои раҳнамои миллати тоҷик баъди сипарӣ кардани 8 даври музокироти сулҳи тоҷикон ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997 дар қасри Кремли шаҳри Маскав дар ҳаштумин гуфтушуниди созишномаи сулҳи тоҷикон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайти роҳбарияти гурӯҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро ба имзо расониданд. Ва ниҳоят бо хабари хуше ҷангу ҷидолро ба анҷом расониданд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон давлатро аз низоъҳову аз парокандагӣ ба ҳам сарҷамъ намуд, ва иди Вахдат аз он солҳо то ин ҷониб дар кишвар таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат барои ҳамватанони худ сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ, оромию осудагӣ, бахту саодат, хурсандию хушбахтӣ пирузию шодбошӣ оварданд.

Шукри сулҳу ваҳдат, шукри Пешвои миллат, шукри ободиву оромии ватани аҷдодиро бояд кард. Агар ёде орем ба таърихи ҷанги шаҳрвандӣ пеши назар гиряҳои хурду калон, пиру ҷавон, падарону модарон ва ҳаммаи ҳамватанон пеши назар меояд. Он беватанону маслакфурушоне, ки ба хоҷагони хориҷии худ ниёз дошта буданд, ба иқтисоди кишвари мо миллиардҳо доллар хисороти моддию маънавӣ расониданд. Дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардумони бегуноҳу камбағал зарари нисбатан калон диданд. Тахмин меравад, ки бинобар нобасомониҳо зиёда аз 1-миллион нафар ҳамватанони мо муҳоҷир гаштанд. 700 000 одамон муваққатан тарки ватан карданд, 150 000 нафар мардумони бегуноҳ дар ин нобасомониҳо ҳалок шуданд. Зиёда аз 30 000 хонаҳои истиқоматию даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳою дабистонҳо заводҳову фабрикаҳо ва дигар объектҳои муҳими давлатӣ ба коми оташ фурӯ рафтанд.

Даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд монданд, даҳҳо ҳазор занон бе шавхар монданд ва даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зарари овардаи он қотилону бешарафон ба давлати мо зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии аз соли 1991 то 1996 сол 3-4 маротиба коҳиш ёфт. Мардумони бегуноҳ аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва гуруснагии зиёд як қисмашон ҷон бохтанд, ва қисми зиёди онҳо аз азоби гуруснагӣ кунҷораю сабус ва дони ҷорубро бо ҷав ҳамроҳ карда орд карда мехӯрданд, то ки аз гуруснагӣ намиранд.

Чи рӯзҳои сахту сангине наомада буд ба сари миллати тоҷик. Баъди рӯзҳои хунину даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо бо ташаббусҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ пойдор гашт. Сулҳу Ваҳдат неъматҳои бебаҳо ва гаронарзишест барои мардумони мо, Ваҳдати миллӣ оғози бунёдкориву созандагӣ, сарҷамъии сулҳу суботи осоишта ва шукуфоии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар кишваре, ки сулҳу ваҳдат пойдор нест, он кишвар рушд карда наметавонад. Бояд гуфт, ки Сулҳу Ваҳдат ҳамчун омили сарнавиштсоз ва муттаҳидшавии миллатҳоро маънидод мекунад. ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарӣ, иттифоқию рафоқат,пешравию ободкорию эҷодкорӣ аз Сулҳу субот ва Ваҳдат сарчашма мегирад.

Биёед ба хотири Сулҳу Ваҳдат ба хотири оромии миллат дӯстию бародариро қавӣ намуда, ҳаргиз ба бегонапарастӣ, ба хурофотпарастӣ роҳ надиҳем, зеро ин рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ аз хотираҳо фаромӯш намешавад.

Бо ҳамин суханони нек гуфтани хастам, ки:

Андар ин дунё ҳаёт аз Ваҳдат аст,

Созу барги коинот аз Ваҳдат аст.

Мудири бахши ҷавонони

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ А.Ҷураев

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: РОДМАРДИ ИН ВАТАН БОШ!

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар МТМУ №2 ва МТМУ №40-и Ҷамоати деҳоти Урметан бо хатмкунандагон мулоқот ва чорабиниҳои ҳарбӣ-Ватандӯстӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони фаъол доир ба мавзӯи “Родмарди ин Ватан бош!” андешаҳои худро баён дошта, даъват ба амал оварданд, ки хизмат ба Ватанро номуси ҷавонмардии худ дониста, ҳимояи марзу буми меҳанро дар мадди аввал гузоранд. Сипас, хонандагони зинаи сеюми таҳсилот барномаи ҳарбикунонидаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гашт.

Чорабинӣ ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия баҳри даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бомаром идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: МОДАР ЯКТОСТ, ВАТАН ЯКТОСТ!

Ҷавонон нерӯи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар зери шиори “Ҷавонон ояндаи миллатанд” родмардони меҳан  дар тамоми соҳаҳои мухталиф кору фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаҳои дахлдори кишвар саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.  Тарбия намудан, ба корҳои ободониву созандагӣ, ташаббускорӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа  ҷалб намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон бо ҷавонон ба маврид таъкид карданд, ки  “Имрӯз, ки  ҳар яки мо зери Парчам саф меороем,  пеш аз ҳама, мазмуну моҳияти Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ, Сулҳу суботи миллатро ба хубӣ дарк намуда, муҳтавои онро дар байни ҷавонон мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор диҳем”. Посдории таъриху фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан, донистани қонунҳои амалкунанда, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ  ва онро дар амал татбиқ кардан вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони бедордилӣ тоҷик бошад. Надонистани қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ,  моро ба гумроҳӣ мебарад. Боиси нигаронӣ аст, ки солҳои охир ҷавонон ба ақида, равия, расму ойини бегонагон дода шуда, ба ташвиқу тарғиби идеология ва мафкураи бегона дода мешаванд.

 Таълиму тарбияи насли наврас  аз хонадону боғча, дабистону мактабҳои олӣ оғоз гардида, дар зери фаҳмишҳои таърихӣ, фарҳанги волои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, садоқат ба дину оини анъанавӣ,  дарки масъулият дар назди халқу ҷомеа, миллат сурат гирад. Имрӯз ҷомеа ба ҷавонон ва ҷавонон ба ҷомеа ниёз дорад. Бинобар ин, такя ба ҷавонони худогоҳу доно, солиму боандеша, ин такя ба ватандории онҳо, ба бақои ояндаи миллати тоҷик аст.

Раиси муаззами ҲХДТ дар ҳар баромадҳояшон бо ифтихор таъкид менамоянд, ки “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд”. Маҳз дар пешорӯи ободиву шукуфои ва Истиқлолияти Тоҷикистони биҳиштосо муборизаҳо ва заҳамоти шабонарӯзии ҷавонони бонангу номуси миллат меистоданд, ки мо онро бо чашмони хеш дида истодаем. Дар идомаи иқдомоти неки меҳанпарастӣ, ҷавонони ватандӯстро мебояд, ки  минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури  наврасону ҷовонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.  Модар яктост, Ватан яктост- шиори ҳар яки мо, бахусус ҷавонони баномуси мо бошад. Он гоҳ, ман фикр мекунам ба мақсадҳои аслӣ расида ба фарзандону пайвандон Ватани гул-гулшукуфонро мероси аҷдодӣ хоҳем гузошт.

Ҷавонон ё шахсоне ҳам ёфт шуда истодаанд, ки гузаштаи худро нодида гирифта, инкор карда, воқеаву ҳодисаҳои таърихи гузаштаамонро нодуруст маънидод намуда, хизмати шахсиятҳои таърихиро инкор ва бобоёну падарони худро мазамату сўйи онҳо сангандозӣ мекунанд. Чунин амалҳои ноҷавонмардона, моро водор месозад, ки дар ҷавоби матлабҳои дастурӣ вокунишҳои саривақтӣ дода, нагузорем, ки дар фазои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи худро ҷоннок намоянд.

С.Қобилов

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

Хизмат ба Ватан- шарафи ҷавонмардист

Бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии “Ревад”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Алиев М ва аъзоёни фаъоли ҳизб, дар байни толибилмони зинаи сеюми таҳсилот доир ба мавзӯи “Хизмат ба Ватан- шарафи ҷавонмардист” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.  

Зимни суҳбат доир ба аҳамияти хизмати Ватан ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ибрози назар карда гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна мавод ва наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, пайи омӯзиш ва корҳои ободониву созандагӣ шуда, дар шукуфоии меҳан нақши муассир гузоранд.

Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва хонишҳои сиёсӣ дар байни ҷавонон аз ҷониби масъулини КИН ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ИҚДОМҲОИ НЕК

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд,  масъулини кумиҷроия бо хонандагон ва устодони МТМУ №40-и деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ, доир ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалуиву экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегонагон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ,  даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили мубрами рӯз ибрози назар карда шуд.

 Дар интиҳо, хонандагони зинаи сеюми таҳсилот андешаҳои худро оиди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, пешгирии ҷавонон аз равияҳои номатлуб,  андешаҳои худро баён дошта, бовар кунониданд, ки ба ҳар гуна гузоришу матлаб ва ақидаҳои беасоси гурӯҳҳои манфиатҷӯй дода нашуда, пайи омӯзиш ва ободу сарсабз нигоҳ доштани меҳан хоҳанд шуд.

Вохӯриҳо дар байни аъзоёни ҲХДТ ва созандагони Ватан дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия бомаром идома дорад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Дурангиро дар ин раҳ нест ранге…

Мақола: Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон, муноқишаҳои пайвастаи гурӯҳҳои манфиатҷӯй бо дастуроти пешбинигардида, барои аз байн бурдани суботи сиёсӣ ва ҷорӣ кардани ҳадафҳои нопокашон, пушти пардаҳои пӯшида корбарӣ намуда истодаанд. Ҳар яки мо мушоҳида намуда истодаем, ки новобаста аз таҳдиди хатар ба инсоният гурӯҳҳои ҷудогона манфиатҳои ғаразноки худро аз амнияту суботи инсоният болотар мегузоранд. Аз вазъ суистифода карда, ба воситаи расонаҳои гуногун мардумро ба таҳлука меандозанд. Дар баробари ин, муаммои дигари ҷомеа, ин шабакаҳои иҷтимоии интернет мебошад, ки аз беназоратиии масъулони асосгузорони барномаҳои google.com, youtube.com, yandex.ru, facebook, instagram., ok.ru, telegram, shazam, viber., imo, vk.com, opera ва дигар шабакаҳо таҳдиду буҳтонҳо, қатлу куштор, беҳраҳмӣ, ахборотҳои сенсатсиноӣ доман паҳн намуда истодаанд, ки чунин раванд зиндагии зебои инсониятро коста гардонида, нигоҳи онро ба муваффақияту пешравӣ, муҳаббату ғамхорӣ, ҳамдиливу ҳаммаромӣ ва гироми доштани арзишҳои инсоният коста гардонида истодааст.

Қайд бояд намуд, ки ахборотҳои бардуруғ ва намоиши қатлу куштор дар шабакаҳои интернетӣ муҳаббати инсониятро дар зиндагӣ сард гардонид. Чунин омил боис гардид, ки муноқишаҳои лафзиву маҳаллӣ, низои дохилӣ дар кишварҳои Осиё, хоса давлати ҳамсоякишвар Авғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо сар занад. Худ бо чашми сар дида истодаем, ки шарҳрвандони кишварҳои ҷанги дохилидошта, тарки Ватан намуда, дар сарҳадҳову хиёбонҳо ҷон бохта истодаанд. Дар ин ҷараёнҳои риққатоварди дунёд, нотавонбинони “Паймони миллӣ” ва думравони онҳо хориҷ аз кишвар, суистифода карда, барои амали намудани ҳадафҳои ғаразноки худ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои зиёд кардани тарафдорону пайравони хеш кӯшиш меварзанд.

Инсонро андешае водор месозад, ки агар онҳо ба маънои имон, идрок, сулҳ, субот, ҷаҳд ва зиндагии босаодати инсониятро дарк менамуданд, аз амал ва ақидаҳои иртиҷоии худ даст мекашиданду пайи беҳтар намудани рӯзгори неки мардуми хеш мешуданд.

Ҳусайнӣ дар як манзумаи хеш фармуда:

Нагунҷад санъату вазну ғавофе.

Дурангиро дар ин раҳ нест ранге.

Аммо, боиси таасуф аст, ки манфиат ва дастуроти хоҷагони хориҷӣ аз фазои беғубори миллат барояшон болотар будааст. Бадгӯён, ки дар ибтидо аз неъмати миллат баҳравар буданд, бо гузашти давр ба назару амали бегонагон дода шуда, самташонро тағйир дода, пайи озору маломати наздикону пайвандон шуданд ва барҳақ дуруяву дуранга, ҷонибдори амалҳои террористиро дар ягон гушаи дунё раҳ нест ва оқибати ба чоҳ афтодан аст. Ба таъбири Пешвои миллат, “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”. Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Боиси нигаронӣ аст, ки айби худро надидану аз дигарон камбудӣ ҷустан камоли нодонист. Қадрношиносон, як камбудӣ ё норасоии ночизро дида метавонанд, вале ҳазорон пешравию муваффақиятро нодида мегиранд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз мардуми мо, хоса ҷавонони саодатманди Тоҷикистони шукуфон аз ин шеваю усул кайҳо боз бохабаранд ва бо акси садову вокуниши худ ба бадхоҳони давлату миллат ҷавоби сазовор медиҳанд. Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланду ваҳдатофари тоҷик, хоса аъзоёни ҲХДТ дар фазои осоиштагӣ умр ба сар бурда, дар рушди минбаъдаи кишвари азизамон ва ба хотири наслҳои оянда аз тамоми имкониятҳо истифода карда, дар баланд бардоштанги донишу хирад, меҳанпарастӣ ва поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти кишвар нақши муассир мегузоранд. Инчунин, эътимод, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсоният, иқдомҳои башардӯстона ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишварро миёни ҷомеа тавсеа мебахшанд.

С.ҚОБИЛОВ

Мудири Шуъбаи иттилоот

ва таблиғоти КИН

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Амали хайр, хислати неки инсонист

Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷӯҳи раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода дар ҳамкорӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Туйғунов С. ба Ҷамоати деҳоти Фондарё сафар намуда, аз вазъи зиндагии якчанд маъюбони ҳудуди ҷамоат дидан намуда, сару либос ва маводҳои хӯрока тақдим намуданд.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҲХДТ ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини табақаҳои осебпазири ҷомеа мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоӣ тадбирҳои саривақтиро амалӣ намуда, намегузорад, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ танҳоиро эҳсос намоянд. Волидайни аёдатшуда ва фарзандони онҳо дар ҷавоби пайрави аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки дар беҳтар намудани таълиму тарбияи фарзандон саҳми назарраси худро мегузорем.

Аёдати табақаҳои ниёзманд дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷониби Кумиҷроия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ бомаром идома дорад.