Рубрики
Асосӣ

АШТ: Биё эй ҳамватан, то ҷонфидои ин ватан бошем!

Ватан ин сарчашмаи зиндагии пурнуру равшани ҳар шахси собитқадам аст. Зеро мо дар оғӯши он ба дунё меоему диду дили хешро ба кору зиндагӣ ҳамраҳ месозем.

Беҳуда нест, ки шоири шаҳири миллат, устод Мирзо Файзалӣ гуфтаанд:

                         Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

                         Ба ҷон омодаи ҳар муддаои ин Ватан бошем.

                         Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,

                         Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем!

Бале, ҳар яки моро мебояд то аз таърихи гузаштаи миллати хеш ба хубӣ огоҳ бошем ва рисолати фарҳангиву фарзандии мост, ки таърихи ноби миллиамонро ба ояндагон фардоафрӯзӣ намоем. Чун имрӯзҳо бештар ба назар мерасад, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз дур истода ба сӯи ин меҳани осоишта санги маломат мезананд ва суханҳои торике алайҳи ин Тоҷикистони байналмиллалӣ ироа месозанд, ки тамоман қобили қабул нест.  Барои ҳамин бояд мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо гӯшу ҳуши хирад паи ҳифзи арзишҳои миллӣ талош ба харҷ диҳем.

                              Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,

                              Авроди забони ман каломи ватан аст.

                              Ман ошиқи ишқи ватани маҳбубам,

                              Феҳристи китоби ман мароми ватан аст!

Ҷавонони далеру шуҷоатманди кишвар биёед бо дили гарму бозуи Рустамона ватанамонро аз хурофотҳои бегонапараст ҳифз созем ва Тоҷикистонро, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ беш аз садҳо халқу миллат мешиносад ва эътироф месозад, боз ҳам шуҳратманду соҳибнуфуз созем. Иродаи мустаҳками имрӯзи мо, фардои дурахшони ватанро мадди назар меоварад. Пас, баҳри шукуфоии давлату миллати хушбахти хеш талош мекунем, то Тоҷикистони сарсабзамон доимо мунаввару мунаққаш бошад!

Аъзои фаъоли ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Юнусалиев У.

Рубрики
Асосӣ

          АШТ:  Ваҳдати миллӣ-омили рушди ҷомеа

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми карни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

     Имсол, ки  Ваҳдати миллии мо бисту панҷсола  мегардад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилали боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

                  Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Рубрики
Асосӣ

АШТ: АНДЕША:p; Бадахшон – чатри симини замин аст!

Мо ҳама Бадахшони дилорои Тоҷикистонро чун Боми ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ, ки шӯҳрат дорад мешиносем. Дар воқеъ, чанд ҳодисоти  охир собит месозад, ки мо беш аз пеш иттифоқу сарҷамъ бошем. Назарҳоро бояд ба сӯи ояндаи дурахшони ин меҳанӣ аҷдодӣ равона карда, ҷиҳати устувор нигоҳ доштани фарҳанги ноби миллӣ, забони модарӣ ва сарҳади давлатӣ пайваста талошу кӯшиши ҳамаҷонибаи хешро ба харҷ диҳем!

      Беҳуда нест, ки мегӯянд:

                       “Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

                      Дигар узвҳоро намонад қарор!”

Дар ҳоли ҳозир ин мисраъҳо ба дард мехӯранд ва моро роҳнамои ростине ба шоҳроҳи мунаввари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Агар дар мисоли ин гуфтаҳо мо андеша созем, дар масоили қазияи Бадахшон пас он маълум мегардад, ки он ҳам порчае аз тани Тоҷикистони мост ва агар ин қисмат ба оризаҳо печида бошад, пас он вақт кишвари мо ҳам ба дарде даст ба гиребон аст. З – ин рӯ дар қазияҳои охири Бадахшон барало намудор аст, ки ин ҳама пайкори ношоистаи хоинони миллати мост, ки ҳеҷ гоҳ намехоҳанд давлати ҳуқуқбунёди мо сарсабзу хуррам бошад.

Барои ин мо бояд бо андешаҳои солими миллӣ ба иғвою дасисаҳои ин палидони хунхор гӯш надода, пайваста ба ободии Ватани азизамон камари ҳиммат будандем!

Аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

 “Созандагони ватан”-и КИҲХДТ дар ноҳияи Ашт.

АНДЕША: Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрўза – экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудаанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттиллооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: АНДЕША: Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба осудагии ҳар як сокинони сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчӣ бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ мо ҷавоноро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби афкори терроризмро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Нагузорем, ки ҳар гуна андешаҳои носолим мағзу шуури  ҳаммилатони моро заҳролуд намояд. Барои ин мо насли ҷавонро мебояд,  дар роҳи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ давлату миллат, арзишҳои таърихии худро аз  нерӯҳои мухолифини ҷомеа ҳифз намоем. Баҳри ободиву гул-гулшукуфии диёри хеш бо матонату иродаи қавӣ ҳиссагузор бошем.   

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

АНДЕША: Нерӯҳои мухталифи ҷангҷӯю вайронкор имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд. Биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба коми оташ меандозанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд. Онҳо чун Заҳҳоки морон фаъолият мекунанд, то насли инсонро аз рӯи замин нест намоянд.

   Имрӯз моро зарур аст, ки дӯсту душманро бишносем ва ҷомеаро аз тоифаи нохалафон тамиз бисозем. Мо набояд ба ин масъалаи ҳаётии миллат, ки ба ҳастии мо зарба мезанад бетараф набошем. Бояд ба ин гуна сиёсатҳои зиддимиллӣ ва шахсони ба фарҳанги миллии бегона, ки зери пардаи дин паноҳ бурдаанд, ҷавоби дандоншикан гардонида, рафтори  номаҳдудашонро маҳкум созем. Зеро ҳадафи давлат ташкили давлати миллӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.

   Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Рубрики
Асосӣ

Н. АШТ: Маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳхдт дар назди ратсин-и ноҳияи Ашт

         Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  1. Ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.
  2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти   ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022
  3. Интихоби   раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт
  4. Интихоби  вакилон ба Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт.
  5. Масъалаҳои ҷори

           Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда раиси ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд.

        Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оиди тасдиқи  нақшаи кории  ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи  дуюми соли 2022, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт бо лоиҳаи нақшаи кории  ташкилоти ибтидоӣ шинос намуда, бо назардошти тағиру иловаҳо ба нақшаи  кории ташкилоти  ибтидоӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.

          Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома интихоби  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзод  ва аъзоёни ҳизб   ба  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт Ахмедова М. интихоб карда шуд.

          Инчунин аз руйи масъалаи чоруми рӯзнома интихоби  вакилон ба Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт Ахмедова М.  қайд намуд, ки мутобиқи қарори маҷлиси кумиҷроияи ноҳиявӣ меъёри намояндагӣ аз 50 нафар аъзои ҲХДТ 1 нафар муқаррар карда шудааст, ки аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт 1 -нафар вакил ба Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Ашт пешниҳод карда шуд.

         Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хост. Инчунин дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо аз ҷумла оиди саривақтии иҷроиши “Обуна – 2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Рафти дарси мактаби захираи кадрҳои назди кумитаи иҷроияи ҳхдт

           Дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт идомаи дарси мактаби захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияи ноҳиявӣ дар мавзӯи “Нақши ҳизб дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар рафти дарс вобаста ба нақши ҳизб дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, мафҳум, моҳияти давлат, идоракунӣ, ҳокимият, сиёсат  ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар сатҳи сифати донишандӯзӣ расонида шуд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи марказии ноҳияи Ашт
Санаи 9-уми соли равон дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи 7-масъала: 1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда; 2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ., 3.Интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоӣ., 4.Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт., 5.Тасдиқи иқтибоси қарори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия “Дар бораи қабул ба аъзогии ҳизб”., 6.Тасдиқи иқтибоси қарори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия “Дар бораи қаът намудани узвият дар ҳизб”., 7.Масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.
Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи марказӣ оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи тиб нигаронида шудааст, корбариро байни кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия ва аҳолӣ роҳандозӣ намудан, ба роҳ мондани ҷабаҳи бузурги корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардидан, изҳори назар кард.
Сипас ду нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оиди боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз таъкид намуданд.
Инчунин зикр намуд, ки дар давраи хуруҷи бемории сироятии ҳамагири Ковид -19 бо тадбирандешии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти дастаҷамъонаи табибон пеши хатари ин беморӣ гирифта шуд.
Таъкид шуд, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аъзоёни ҳизбро лозим аст, ки бо мардум бошанд ва ба мардум оид ба моҳияти ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия суханронӣ намуда, ҳамзамон доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, рушди соҳаи саноат, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён намуданд.
Инчунин, аз рӯи масъалаи дуюм Хушнуд Каримзода – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд. Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ Имомов Абдурауф аз нав ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуда, сипас бо назардошти талаботи Оинномаи ҲХДТ аъзои раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар интихоб карда шуд.
Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳия 10 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад.
Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб 10 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи марказии ноҳия барои ғолиби озмуни “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” дар соли 2021 бо диплом ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.
Инчунин, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуда, ба якчанд нафар аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Дидан намудан аз фаъолияти коргоҳи ҶДММ Рахш дар ноҳияи Ашт

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода бо мақсади  вусъат бахшидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ,  баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин, таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ, ҷалби занону бонувони хонашин  ба  касбу  ҳунар ва ба ин восита ба кор таъмин гардидани онҳо аз  фаъолияти  “Коргоҳи дӯзандаги”–и ҶДММ  “РАХШ Р.М” дар ноҳияи Ашт аз наздик ошно гардиданд.

         Бояд ёдовар шуд, ки коргоҳи  дӯзандагии ҶДММ  “РАХШ Р.М”   аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  таъсис дода шуда, он  моҳи апрели соли 2022  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Дар коргоҳ зиёда аз 40-нафар занону духтарони хонашин ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида,  аҳолии ноҳияро бо  либосҳои мактабӣ ва либосҳои расмӣ таъмин менамоянд.

Коргоҳи мазкур дар оянда нақша дорад,  ҷавондухтаронро низ аз деҳаҳои дурдасти ноҳия ба касбомӯзӣ ҷалб намояд, то ҳар яке аз онҳо ҳунари дӯзандагиро  аз худ карда,  дар маҳали хеш ин ҳунарро сайқал диҳанд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Идомаи баргузории маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ

         Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Ашт бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт Маҷидов Б. ва мудири шуъбаи умумии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт Бердиева Г. маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  1. Ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.
  2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти   ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022
  3. Интихоби   раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Ашт
  4. Интихоби  вакилон ба Конференсияи  ҳисоботӣ– интихоботии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт.

           Дар рафти маҷлис аз рӯи масалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

Санаи 8-уми июни соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.

Дар рафти маҷлис аз рӯи масалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. ба сухан баромада, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар, рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори энергетикии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён карда, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт Собиров Р.  ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбиро оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва татбиқи корҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо доданд.