Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Идомаи баргузории мачлисхои хисоботи-интихоботи.

Дар ташкилоти ибтидоии боги миллии “Вахдат” мачлиси хисоботи-интихоботи баргузор гардид. Дар кори мачлис мутахассиси шуъбаи таблигот ва иттилооти КИ ХХДТ дар вилояти Сугд Ахмедова Ëсуман, муовини Раиси КИ ХХДТ дар нохияи Бобочон Гафуров Аличон Зохидов иштирок намуданд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидои мехмононро хайрамакдам намуда, сипас ба кори мачлис шуруъ намуд.

Аз руйи масъалаи якуми мачлис раиси ташкилот оиди фаьолияти яксолаи худ маълумот дода, ваъда дод, ки минбаъд низ дар ин самт корро чоннок намуда, сафи аъзоëни хизбро аз хисоби кормандони ташкилот боз хам зиëд менамояд.

Хамаи масъалахои дар мачлис чой дошта, бо навбат барраси гардид ва оид ба он карорхои дахлдор кабул карда шуд.

Дар охир мутахассиси шуъбаи таблигот ва иттилооти кумитаи ичроияи вилояти Ахмедова Ëсуман баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии боги миллии “Вахдат”-ро худ арзëби намуд. Сипас, хамаи аъзоëни хизбро бо чашнхои миллии омадаистода, чашни 25-солагии Вахдати милли ва хам 30-солагии Ичлосияи такдирсоз самимона табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кормандони ташкилоти номбурда барору комëби ва муваффакиятхо таманно намуд.

Рубрики
Uncategorized

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Пешгирии падидаҳои номатлуб

Дар Маркази саломатии деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб мулоқот доир гардид.

Дар рафти мулоқот зикр шуд, ки терроризм ва ифротгарӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳаматарафа мусоидат намоем.

Мрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад.

Рубрики
Асосӣ

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “бн №2”

   Маҷлисҳои   ҳисоботӣ-интихоботӣ  дар  ноҳия бомаром  идома  дорад.  Санаи 14.06.2022 низ дар ташкилоти ибтидоии “БН №2” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси  ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ  масъалаҳои зерин  мавриди баррасӣ қарор  дошт:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ  барои нимсолаи дуюми соли 2022;

3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ҳизбӣ дар  шаҳри Хуҷанд;

5. Масъалаҳои ташкилӣ.

  Дар маҷлис намояндагон  аз кумиҷроияи  ноҳиявӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Баротов Иномҷон  ва аъзоёни фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

 Тибқи масъалаи якум ва дуюми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

   Дар асосӣ масъалаи сеюми   рўзномаи маҷлис  бошад бо тарафдории аъзои ташкилот Баротов  Иномҷон  дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии “БН №2 ” интихоб шуд.

Аз рӯи масъалаи чорум дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ 3 нафар вакилон  аз аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардиданд.

   Дар идома намоянда аз  кумиҷроияи ноҳиявӣ  Акбарзода Маъруф  суханронӣ  намуда, раис  ва  аъзоёни навинтихобшударо табрик  намуда,  ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид ва  иброз дошт, ки  сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ин ҳама шукуфоии Ватани мост. Дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ,  мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёни он мебошад. Инчунин, бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, вусъат додани корҳои созандаию бунёдкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

Дар  охир  дар  вазъияти тантанавӣ ба  якчанд  аъзоёни  фаъол  Сипосномаи  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар””

Аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  бобоҷон  Ғафуров  оид ба баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” дар  ҷамоати  Овчиқалъача  баргузор   гардид.

Дар кори маҷлис  намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.      Ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.      Интихоби  раёсат  ва  раиси ташкилоти  ибтидоӣ.

3.      Интихоби  вакилон ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров.

4.       Масъалаҳои  ҷорӣ

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Эргашова М.М маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оиди «Тасдиқи  нақшаи кории  фаъолияти  нимсолаи  дуюми  ташкилоти  ибтидоӣ» ҳамагонро раиси ташкилоти ибтидоӣ бо лоиҳаи нақшаи корӣ шинос намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо нақшаи  корӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Интихоби  раёсат  ва  раиси кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ» намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни раёсат таклиф намуданд  ва  Каримзода Р.Р – раиси ташкилоти ибтидоии  “Боғпарвар” интихоб карда шуд.

Инчунин аз руйи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис «Интихоби  вакилон ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров» раиси ташкилоти  ибтидоӣ Каримзода Р.Р ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров пешниҳод карда шуд.

Аз рӯи  ҳар  як  масъалаҳои баррасӣ гардида, маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

Дар  охир намояндаи  кумиҷроияи  ноҳиявӣ, раис  ва  аъзоёни  тозаинтихобро аз номи  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  табрик  намуда, ба  онҳо  дар  фаъолияти минбаъдаашон  барору  комёбиҳо  таманно намуд. Ҳамчунин  қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар”  яке  аз  ташкилотҳои  фаъол буда, дар  ҳамаи  самтҳо  фаъолона  корбарӣ менамояд  ва   яке  аз аввалинҳо шуда,  нақшаи  Обуна-2023  ба  нашрияҳои  ҳизбии “Минбар халқ “  ва  “Сухани халқ”- ро  ба  иҷро  расонид.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.

Рубрики
Асосӣ

Н.БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Овчӣ” ва беморхонаи ноҳиявии № 5

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «ОВЧӢ » ва беморхонаи ноҳиявии №5 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумиҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаи шунидани ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Баргузориии конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ минтақаи “Ёва”

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи КИ  ҲХДТ дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров санаи  07.06.2022 дар  кумитаи  иҷроияи  ибтидоии  минтақаи  “Ёва” конференсияи  ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор  гардид.

Дар конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи  иҷроияи  ибтидоии минтақаи  “Ёва” Раиси  кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Анварзода  Амирҷон  иштирок  ва  баромад  намуданд.

Дар конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи  иҷроияи  ибтидоии минтақаи  “Ёва” масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.        Ҳисоботи  кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи октябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.        Интихоби  раёсат  ва  раиси кумитаи  иҷроияи    ибтидоӣ.

3.        Интихоби  вакилон ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров.

4.      Масъалаҳои  ҷорӣ

Аз рӯи масъалаи якуми  рӯзномаи  конференсия  раиси кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ  Холматова  Раъно   баромад намуд.

 Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис «Интихоби  раёсат  ва  раиси кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ» намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни раёсат таклиф намуданд, ки Қаҳорзода Далер – раиси кумитаи иҷроияи  ибтидоӣ дар минтақаи  “Ёва”  интихоб карда шуд.

Инчунин  собиқадори  ҳизб,  раиси Шӯрои  муросои  ҷамоат  Қосимова Шоира  ва  раиси  маҳалла   Ғаффоров А  ба  музокира  баромаданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, маҷлиси кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

Дар охир барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб байни ҷомеъа ва тарбияи насли наврасу  ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд ва ба  якчанд аъзоёни  тозаинтихоб  шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ  супорида  шуд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: АЁДАТИ КӮДАКОН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

  Тибқи анъана ҳамасола 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аёдати кӯдакон ва наврасони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шуд.

  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ИсмоилзодаЗуфар Муртазохон, Саидбой Зокирович-Раиси Шӯрои собиқадорони КИВ, Заррина Раҳмон –мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ, Анварзода А – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қосимова М.С- вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияиБобоҷон Ғафуров дар ҳамин сана кӯдакони маъюб, ятим ва камбизоатро аёдат намуданд.

  Нахуст, ба оилаи Қодирова Дилафрӯз, ки  ду нафар фарзандаш маъюб мебошад, ташриф оварда, маводи хӯрока ва ширинию туҳфаҳо тақдим намуданд.

  Сипас, Сотиболдиев Азизҷон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Исфисор, ки модар надорад ва  Мамадҷонов Шаҳзод маъюби гурӯҳи дуюмро аз ҷамоати деҳоти Зарзамин аёдат карданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Нохалафоне, ки ба қадри Ватан намерасанд

Ҳар модар фарзандро ба  дунё  овардаба воя мерасонад,ба  умеде,  ки дар дами  пирӣ  асои  дасташ  ва  такягоҳаш гардад.  Вале  сад афсӯс фарзандоне  ёфт  мешаванд, умеду  ормонҳои  ширини  волидонро   барбод дода,  баҳри  пулу  чизи муфт хизматгори  хоинон мегарданд.

Имрӯз нооромӣ ва нофаҳмие, ки миёни мардуми Бадахшон ба миён омад, албатта, барои тамоми мардуми тоҷик ҳодисаи нангине аст, ки хотироти талху рӯзҳои бади солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад.

Мо ҷавонон, бонувон, умуман  мардуми  шарафманди  тоҷик  бо сарварии Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон намегузорем, ки хоинони   миллат  Тоҷикистони  азизи  моро  поймол  созанд.

Пас, мардуми сарбаланди Бадахшон, биёед ба гуфтаи душманони миллат амал накунед ва ин ҳама неъмат, дороӣ ва бузургиро қадр намоед.

Аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Ёрии амалии методӣ

    Санаи 27 –уми майи соли 2022 бо мақсади расонидани ёрии методӣ гурӯҳи корӣ аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷумла Салимов Фирдавс роҳбари дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ, Саидов Фирдавс мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ, Боқиева Маҳина сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Дадобоева Маъмура мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада аз фаъолияти кории Кумиҷроияи ноҳиявӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои нақша-чорабиниҳо, тарзи қабул ба сафи ҳизб ва дигар корҳои дохилиҳизбӣ дидан намуданд. Ҳайати гурӯҳи кори нахуст дар бинои Кумиҷроияи ноҳиявӣ тамоми ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро аз назар гузаронида, ҷиҳати беҳтар намудани кор бартараф намудани камбудиҳо дар рафти кору ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин оиди ислоҳи камбудиҳо дар ин раванд ба кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маслиҳатҳои медотӣ ва дастурҳои муфид доданд. Пас аз боздид ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар самти корҳои ҳизб, гурӯҳи кори бо кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ як суҳбати озоду ошкоро ва саволу ҷавоб доир намуданд. Кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Андеша перомуни филми “Шикасти фитна”

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ,Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ қайд намудаанд, ки : “Занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буданд”.

   Оре, зан – модар чашмаи иноят буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққӣ кардаро орзу намоем. Нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Вале афсӯс, сад афсӯс, ки дар радифи занҳои барӯманду ҷонфидои миллат занҳое ҳастанд, ки ба номи зан – модар иснод меоранд. Пас аз тамошои филми “Шикасти фитна” нафрат нисбати Мамадшоева Улфатхоним мегӯем, ки  номи зани тоҷикро сиёҳ кард. Зани беимону бевиҷдон.  Сабабгори марги чандин фарзанди тоҷик шуд. Аз гуфтаи худаш аз кардааш пушаймон аст, аммо магар пушаймонӣ суд дорад? Магар гуноҳаш бахшиданист? – Ҳеҷ гоҳ не ! Ба ҷойи он ки шукрона аз сулҳу оромӣ намуда, хушу хурсандона зиндагӣ карда, барои ободии Ватан саҳмгузорӣ кунад, сабабгори нооромӣ дар кишвар гардид. Хиёнаткори бевиҷдон!

М.Солиева – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров