Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар минтақаи Ёва дар қисми ҳарбии 051056-и Горди миллӣ  рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”-ро ташкил намуд.

Дар чорабинии мазкур раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров –Амирҷон Анварзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Аъзамҷон Каримов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия- Баҳодурзода Баҳриддин   иштирок намуданд. 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад дар чорабинии мазкур  300 нафар ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҷалб гардиданд.

Меҳмонон зимни баромади худ таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.

Дар доираи рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод” меҳмонон ва ҷавонон аз шарту шароит ва буду бошти афсарону сарбозон ва қисми ҳарбӣ ошнои пайдо намуданд.

Барои обутоб додани сарбозон ва ҷалби онҳо ба варзиш аз тарафи  кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва ба қисми ҳарбӣ лавозимотҳои варзишӣ ҳадя карда шуд.

Инчунин якчанд нафар афсарону сарбозон бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, ҷамоати деҳоти Ёва ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва хизматҳои содиқона бахшида ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир барои болидахотирии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ  ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи санъаткорони ноҳия чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Артиши миллӣ – сипари боъэтимод

  Таҳти ин унвон,  санаи 18-уми феврали соли  ҷорӣ  дар толори  МТМУ №23 дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов  дар асоси нақшаи  кории  шуъбаи занҳои кумиҷроияи ноҳиявӣ чорабинии идона  таҳти унвони  “Артиши миллӣ – сипари боэътимод”  ба истиқболи 29-умин солгарди  таъсисёбии Рӯзи  Артиши миллӣ доир гардид. 

Дар чорабинӣ намояндагони кумиҷроияи ноҳиявӣ, сарвари муассиса ва омӯзгорони фаъол иштирок намуданд.

          Чорабиниро сарвари муассиса Холшехов М  ҳусни оғоз намуда, ҳамагонро бо иди омада истода табрик намуданд. Сипас, мудири шуъбаи занҳои кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М аҳли нишастро бо арафаи  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ  ба ҷавонписарони муассиса даъват ба амал овард, ки хизмат ба Ватан ин шарафу номуси ҳар як ҷавонписар аст. З-ин  сабаб бояд ҳар як ҷавон аз хизмат ба Ватан саркашӣ накарда, сарбаландонаю софдилона ба хизмати Модар-Ватан равад.

         Сипас, дар вазъи тантанавӣ якчанд нафар хонандагони фаъоли муассиса ба сафи созмони талабагӣ аъзо шуда, дар назди ҳамагон ваъдаи созмони талабагиро қироат намуданд.

         Дар охир аз тарафи хонандагон баромади пурмуҳтавое намоиш дода шуд, ки ба ҳамагон илҳоми тоза бахшид.

         Инчунин, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сатҳу сифати хизмат ва имконияту шароитҳои мусоиди сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар, тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди онҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори назар карданд. 

          Доир ба дастовардҳо, қарору қонунҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳарбӣ, сатҳу сифати хизмат барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон номзади илмҳои таърих , дотсент   Алимов Ботур Ҳамидович,  номзади илмҳои сиёсатшиносӣ , дотсент Саидзода Шуҳрат Шукур  суханҳои пурмӯҳтаво намуданд. Инчунин,  сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии  Коммисариати  ҳарбии ноҳияи Ашт Пулотов Шуҳратҷон Шарифович ва сарбози қаторӣ  Насриддинов Умедҷон оид ба сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шароиту бурду боши хизмат баромад карданд.

         Аз ҷониби раиси Анҷумани “Пайванд”  Гулбаҳор Маликзода, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” Зафар Аҳмад ва хонандагон дар боби Ватандорӣ  суханҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун гуфта шуд

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Аксия таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”

Субҳи имрӯз дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксия таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод” дар бозори “Фаровон”, ҷойҳои ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва бонкҳо ба муносибати рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. 10 нафар аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” 600 адад варақаҳои табрикотии Кумитаи иҷроияи ноҳияро ба сокинони ноҳия, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуда, бо рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуданд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Мо ҳомиёни Ватанем!

   Таҳти ин унвон ба ифтихори  29- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёва ,муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 чорабинӣ баргузор гардид, ки  дар он  Заррина Раҳмон – мудири шуъбаи занони КИВ ҲХДТ , Солиева М –мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Негматҷонова С- мудири бахши умумии кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, Ҳомидов Ш ва Холиқов И- иштирокчиёни ҷанги Афғонистон иштирок намуданд.

   Нахуст, директори муассиса Раҳматов А чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, кулли иштирокчиён ва тамоми мардуми шарафманди тоҷикро бо ин санаи муқаддас табрику муборакбод намуданд.

  Сипас, намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ баромад карда, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки  дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ пойдор аст ва шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад.Хизмат дар сафи Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда,хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.

  Хонандагон дар қисми фарҳангии чорабинӣ баромад намуда, дар васфи Модар – Ватан шеъру таронаҳо суруданд. Саҳначаҳои тарбиявӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд.

  Дар охир, аъзоёни фаъоли ҳизб бо  Сипосномаи КИН ҲХДТ сарфароз гардонида шуда, ба якчанд нафар омӯзгорони ҷавон , ки нав ба сафи ҳизб аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд .