Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ:”Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!”

 Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 24 июни соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!” баргузор гардид.Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, собиқадорони меҳнат, афсарони қисмҳои низомӣ, ҷанговар-байналмиллалчиён, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат 25 сол муқаддам дар ҳаёти сарнавиштсози халқи тоҷик саҳифаи тозаи таърих боз шудааст,ки он бо хатти заррин сабт гардидааст.

Ваҳдати миллӣ бо меҳнату заҳмати фарзанди фарзонаи нотакрори миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардидааст, ки ин таҷрибаи сулҳофарини халқи тоҷикро ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаю медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба аъзоёни нави ҳизбӣ аз ҳисоби шахсони арзанда шаҳодатномаи ҳизбӣ низ супорида шуданд.

Маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич ба иштирокчиёни чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ кори худро ба анҷом расонид.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Сулҳ– манбаи хушбахтист

      Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад.                                                   

 Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси cap кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардонӣ баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба cap мебарем. Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармтабъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

Марҷона Абдувоҳидова

аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии

 Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.

                                               Ваҳдати миллӣ-шукуфоии Ватан

     Ваҳдат ҳамдиливу ягонагӣ ва иттифоқу сарҷамъии халқ аст. Сулҳ оштиву рафоқат ва ҳамбастагиву  дӯстӣ аст. Сулҳ таҷассумгари ягонагӣ ва толиби осоиштагӣ аст. Ваҳдат бошад аз як гиребон сар баровардан ва поктинативу ватандӯстӣ аст.

     Бори аввал дар таърих шахсе ба маснади давлат баромад  ва сулҳу ваҳдати бебозгаштро ба мо ҳадя намуданд. Оғӯши бародариву якдигарфаҳмиро  ба рӯи мо боз карданд.  Президенти маҳбуби мамлакат пояҳои Ваҳдату сулҳро устувор намуданд ва таҳким бахшиданд. Кишварро обод карданду мардумонро шод. 

      Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нигаронида шудааст. Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамеша ба назари ояндаи нек назар намуда, андешаҳои созандаву бунёдкоронаи худро нисбат ба ваҳдату ягонагӣ иброз менамоянд. Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ҷавононро ба раҳи  ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Мактаби сулҳпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар барои ҷавонон маскани беҳтарин сӯи ояндаи нек аст. 

        Дарахти сулҳу ваҳдат  меваи шаҳдборе ба бор овардааст ва имрӯз мо аз меваи ширини дарахти пурсамар аҳди нӯш намуда истодаем. Аз он умед дорам, ки ин дарахти сулҳи ваҳдат ҳеҷ гоҳ хам намегардад ва ягон шохи он намешиканад, зеро решаи ин дарахтро Пешвои маҳбуби халқи тоҷик мустаҳкамӣ бахшидаанд. 

       Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Аврангзеб Ёдгоров

аъзои фаъоли Пайравони

Пешвои Миллат

 дар ноҳияи Деваштич.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Ҳазар аз ҳаракатҳои ифротӣ

Террористон ин ифротгаронанд, ки дар рафтор ва ҳаракатҳояшон ҳассосият нисбат ба ақл афзалият доранд, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ мерасад. Дар ин гуна муносибат руҳияи террорист ба руҳияи тӯдаи одамон наздик мешавад. Сатҳи пасти маърифат ва ғалатфаҳмониҳо оид ба олами атроф ба он ки танҳо зӯроварӣ ва таҳдид воситаи беҳтарини таъсирнокӣ барои табдил додани олам ба шумор меравад, шахсияти террористро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ намудор месозад. 

Хушбахтона, мардуми тоҷик хуб медонанд, ки дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро дар амал тадбил менамояд, дар ҷомеа  иззату  обрӯ пайдо мекунанд. Боиси таассуф аст, ки бархе ба ном тақводорон зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро, ба хусус ҷавононро, ба роҳи ифродгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунад.

 Имрӯз замоне расидааст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар андешаи тарбияи равоншиносони соҳибкасб ва ботаҷриба бошад. Агар мо хоҳем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем, бояд ин масъаларо аввалиндараҷа ҳисоб намоем, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии  инсониятро зери суол бурдааст. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон,  ки  яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аксаран ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.    

Ин гурӯҳҳо барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Аз ин рӯ, зарур ва хатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзӯр гарданд. Қабл аз ин ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки ба ҳадафьояшон танҳо инсонҳои таҳаммулпазир мерасад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.

Ҳадафи асосии ҳар як китобдор ин тарғибу ташфиқ ба китобу китобхонӣ мебошад. Бинобар ин, мо бояд онҳоро бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гардонем, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Нагузорем, то ки ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳҳид, якдил ва дастҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, то ин ки ватани обод, тинҷу осоишта ва соҳибистиқлоламонро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем.

 Акбар Маҳмудов, 

узви Ҳизби Халқии Демократии 

Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Деваштич:Терроризм ва Экстремизим падидаҳои номатлуби ҷомеа

      Мақола: Дар ҳақиқат тероризим падидаҳои номатлуби замони муосир  буда,  фаҳмиши он дар содир кардани  ҷиноятҳои вазнин аз қабили қатлу куштори мардум ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарҳангӣ, робитаҳои  васоитҳои гуногуни нақлиёт ба сифати гарав  ва амсоли он  дониста мешавад.

      Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳи ифродгароӣ ва иғвогароиро дар худ таҷассум намуда ба терроризм аст . Вай ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то  ки  ин ҳаду комилан хатари калони парокандагиву бесубтиро доро буда, оқибати басо нохуш ва ногувор доранд. Терроризим ва ифродгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта оқибатҳои даҳшадбор ба бор меорад. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, муносибатҳои варзишӣ, баргузории ҳаргуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ  ба арзишҳои миллӣ башар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд.   

     Агар одамон ба масъалаҳои терроризм  ва мубориза бар зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре  ва субекти дигаре ба масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳи дигари экстремизими сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамояд. Ин амали зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идиалогия , илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини исломи надорад  ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёсию ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳҳо зиён мерасонанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст.   

Сангинов Маъмур 

аъзои фаъолӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич:Вохӯрӣ

           Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой  Аҳмадзода  вохӯрии ҳайати таблиғотии ҳизбиро таҳти унвони ” Тоҷикистон ватани ваҳдатофару  ваҳдатсаро”-ро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раҳбарии Мавҷуда Мирпочоева, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Бароҳат Махкамова, устоди Донишгоҳи  иқтисод ва савдои Тоҷикистон Боирҷон  Солибоев дар қисми низомии  04533, воқеъ дар ҳудуди ноҳия мулоқот баргузор гардид.

     Инчунин дар чорабинии мазкур занону бонувони фаъоли ҳизбӣ аз ҳисоби ҳунармандону кадбонуҳои чирадаст ширкат варзида, ба қисми низомӣ дастурхони идонаро бо маҳсули дастони худ пешниҳод намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Ҳушёр будан беҳтар аст…

    Ҷомеаи ҷаҳонии муосирро муаммои муҳимтарин, ҳалталабтарин ва хавфноктарин ин авҷ гирифтани терроризм ва экстремизм  мебошад. Терроризм падидаест, ки дар аввали фаъолияти он шинохтани душман на ба ҳар фард муяссар мегардад. Онҳо дар байни мо, ҳатто дар наздики мо зиндагӣ мекунанду мо аз ғояву мақсадҳои онҳо огоҳ шуданамон хеле мушкил аст. Барои ин бошад, аз мо ҳушёрии мутлаъ талаб карда мешавад. Хусусан дар қатори волидон тарбия ва пешгирии роҳгумзании наврасону ҷавонон ба  дӯши омӯзгорон аст. Зеро имрӯз ба дигаргунии хусусиятҳои психологии наврасон бояд таважжӯҳи хоса зоҳир намоем.

    Зеро, ифротгароён бештар нафаронеро ба сафи худ ҷамъ мекунанд, ки соҳиби ягон муаммое ҳастанд, иродаи заиф доранд. Мо бояд дар ҳалли ин муаммоҳо аз ин қувваҳои бадкирдор пештар ҳаракат намуда, ёрии саривақтии рӯҳии хешро ба фарзандони худ расонем. Ҳодисаҳои рӯзҳои охири дар ВМКБ сарзада дар муҳити сиёсии ҷаҳонӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда, ҳатто барои як гурӯҳ аҷнабиёни дасисабоз баҳонаи хубе гардид барои аланга додани оташи якдиранофаҳмиҳо. Аммо, миллати тоҷик маротибае якумра дарси бузургро барои худ аз ҷанги шаҳрвандӣ гирифт ва бо роҳбарии сарвари оқилаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати комил расид. Пас, ягон қувва, ягон гурӯҳ наметавонад пеши роҳи расидан ба мақсадҳои наҷибро дар кишвари гирад. Зеро мо халқи тоҷик ҳамеша сулҳпарвару сулҳофар ҳастем. Дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки ба якпорчагии давлати соҳибистиқлоли мо хавф эҷод мекунанд, ин хиёнат ба Ватан аст. Гарчанд имрӯз гуногунандешӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз принсипҳои асосии демократия васеъ доман паҳн карданаш мумкин аст, ин маънои онро надорад, ки андешаҳо зидди сулҳу субот бошанд. Барои ҳамин ҳам бояд, барои сохтанҳо бикӯшем ва пеши роҳи сӯзандаҳоро бигирем. 

Зарифа Нуриддинова

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 ноҳияи Деваштич

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Сулҳ пойдор бод!

            На ҳар иттилооти дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои Интернетӣ ба самти аҳолӣ пешкашшуда қадру қиммат ва эътиборро соҳибанд. Зеро нафароне ҳастанд, ин воситаҳоро барои ақидаҳои нопоки хеш ба минбари озод табдил додаанд. Албатта, онҳо хонандагону пайравони худро ҳам то ҷое доранд. Аммо хонандагони ин иттилоот ё мардуми зудбоваранд ё гумроҳшуда. Муҳити осудаи тоҷикро бо нашри якчанд маводи тӯҳматомез бесомон сохтан имконнопазир аст. Зеро, мардуми тоҷик солҳои навадум таҷрибаеро аз сар гузаронид, ки дигар боварии ин мардумро чунин нафарон ба даст оварда наметавонанд.           

           Зеро, бар асари боварашон садҳои  ҳамватанони мо гурезаву садҳо ҳалоку бехонумон гаштанд. Ин ҳамачун, ду даҳсола пеш аст, ҳоло ҷароҳатҳои мардум хуншор аст, онҳо ба Шумо бовар намекунанд, аз Шумо ҳазар мекунанд. Зеро мардуми тоҷик имрӯз ба ҷашни Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинад, нерӯгоҳҳои барқиро сохта, аз коми торикӣ ба равшанӣ расид, орзуи хондани фарзандонаш дар мактабҳои бонуфузро дораду дасти модаронаш дар дуои тинҷиву амонист. Шумо киро ҳидоят мекунеду сафсатаҳои бофтаатонро ба ки ҳикоят мекунед. Шумо кистед? Барои халқи тоҷик чӣ кор кардед? Шумо як кор кардед, ки на танҳо имрӯзу фардо ҳатто таърих кори хиёнаткоронаи Шуморо ба мисли Яҳудову хоинони дигар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.   

             Шумо нанги миллатед, зеро санг сӯи кишвари пешрафтаистодаи хеш меандозеду бар ивазаш аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои бедардимиёнро ба даст оварда, шоҳона зиндагонӣ мекунед. Шумо ҳатто ҳис намекунед, ки дар Тожикистон мардум бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунанду тоқати шунидани калимаи ҷангро надоранд. Бигзор, дар Тоҷикистон сулҳ пойдор бошад!

Рубрики
Асосӣ

МАРДУМИ БАДАХШОН, ТАҲАММУЛГАРО БОШЕД!

ВОКУНИШ.Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллū, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрўзаи рушди давлатдории миллū маҳсуб мешавад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихū ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллū, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфū эмин нигоҳ дорем.

Дар шаҳри Хоруғ як қисм ҷавонони гумроҳи хоинони миллат гашта мехоҳанд , ки нооромиҳоро нисбати кишварамон ба амал оваранд. Ин воқеияти талх моро вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирū ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзўр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша омодаи мудофиаи марзу буми Ватан бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. 

Мардуми сарбаланди Бадахшон Шумо мардуми бофарҳанг ва бомаданият ҳастед, ки аз қарнҳо босаводии шумоёнро қайд кардан ба маврид аст, аммо имрӯзҳо гирди шумо нохалафе чарх мезанад, ки шумоёнро  гумроҳ гардонида истодааст, ки маданият ва тинҷию осудагии шуморо аз байн бурда истодааст. 

 Шумо гумроҳи нохалафон, террористон ва хунхуроне ҳастед, ки барои нотинҷию нооромии модарону хоҳарони шумо саъйю талош доранд, магар модари тоҷик, зани ҷангдидаи солҳои пешин ин саҳнаҳои даҳшатоварро бори дигар дидан мехоҳад? Хоҳарони паршикаставу фарзандони бепадармонда чунин ҳолатро мехоҳанд?

Бас кунед ифрогарони нохалаф, хоки тоҷиконро пур аз хун накунед, фарзанди мардумро гумроҳ зери панҷара накунед! Аз дур истода ин ҷавонони бечораро ба шур андохтед, видеороликҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дилхунам мекунад. Махсусан дар вазъияти кунунӣ, ки гурӯҳҳои ифротгару хоини беватан мехоҳанд халалдори сулҳу суботи мо гарданд, дар ин маврид мо бояд ҳушёриро аз даст надода, аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки шахсони нохалаф, террорист ва ифротгар бо гуфтаҳои маразинаш фикрҳои моро парешон намоянд, бояд дастаҷамъона, оқилона зери партави супоришҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат намоем, чунки мо пайрави Пешвои созандакор ҳастем. Рузҳое, ки ба давлату миллати мо аз ҷониби гуруҳҳои палиду беимон, беватану бесавод шуришҳо меандохтанд фаромуш нахоҳад гашт ва то ҳануз бо фитнаву найранги хеш мехоҳанд зиндагии мардумро талх созанд ва бо нияти нопоки худ пояҳои истиқлолияти давлатиро заиф гардонанд, аммо мо нахоҳем гузошт то, ки ин гуна ашхоси беватан ба давлати тинҷу осудаи мо халал ворид созанд, чунки мо ҷавонони созандакор, бо тарбия, соҳибмаърифату ватандӯстдор дорем ва алалхусус зери кору пайкори сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамоем. 

 Чи хеле ки медонем ва огаҳ ҳастем, душман ҳилагару маккор аст ва бояд ақлҳоро кор фармонд, то ки фирефтаи гуфтаҳову найрангҳои ашхоси бадхоҳ нагардем ва барои осоиштагии миллат саҳми созгоре дошта бошем. Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азизамон! 

Равшаной Маъмурзода 

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ:Ваҳдат поянда бод!

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. 

                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан ҳам зебогии Ватан пораи бузурги хушбахтии мо аст, пораи дигар ин зиндагии осуда ва оромиву суббот дар Ватан мебошад.

Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт.

       Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

     Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

     Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми  асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Ҳамзамон даҳҳо бародарони худро дар ҷанги хонумонсӯз аз даст додем.

    Дар чунин вазъи пурфоҷиа ҷони худро дар хатар гузошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада ватанро аз парокандагӣ раҳонд ва миллатро сарҷамъ намуд.

Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

     Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ  Пешвои миллат нақши муассир бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқамонро муайян намуд.

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

      Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиклолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

     Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доирахои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медихад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инкилобҳо ба воқеаҳои оғози солҳои 90-уми Тоҷикистони мо хеле монандхастанд. Бархурдҳои сиёсиву муборизахои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдаро ҳифз намоем.

 НОСИРОВА НИЛУФАР СОЛИЕВНА

 МУДИРИ ШУЪБАИ МОЛИЯ-САРМУХОСИБИ 

 КИ ХХДТ ДАР НОХИЯИ ДЕВАШТИЧ.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии“КДФОК”

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаи давлатии фаръии обу корезии ноҳияи Деваштич- “КДФОК” санаи 08.06.2022 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “КДФОК” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Қайд гардид, ки ҳамаи аъзоёни ташкилот баҳри зиндагии шоистаи мардум ва солимии шаҳрвандон софдилона фаъолият менамоянд. 

Дар музокира баромадкунандагон ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, аз ҷониби аъзоёни ҳизб Кенҷаев Пардабой- раиси  корхонаи давлатии фаръии обу корезии ноҳияи Деваштич раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФоК” интихоб гардид.

Дар фарҷоми  маҷлис ба фаъолони ҳизбӣ Сипоснома ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.