Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Аёдати маъюбон

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюбону барҷомондагон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ аз наздик шинос шуда, кӯмаки молиявӣ расонид.

Аёдатшаванда ва оилаи онҳо аз ин иқдоми хайру савоб, шоду мамнун гардида, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипоси самимии хешро изҳор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин шахси ниёзманд ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда мешавад.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Вусъати корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади вусъати корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корбарӣ намуда меоянд.

Гурӯҳи корӣ ба сокинони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак  вобаста ба пешгирии бемории ботулизм, ба роҳ мондани кишти картошка дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои падидаҳои экстромистию террористӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал!

Мулоқоти навбатии масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро насли навраси ботарбия ва босавод  оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Аксияи идона таҳти унвони “Наврӯз муборак !”

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳиявӣ аз санаи 17-уми марти соли 2022 ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи идона таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!” баргузор гардид.

Аксияро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз, таҷлили бошукӯҳи он дар тамоми минтақаҳои кишвар, бузургиву шаҳомати Наврӯз ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оммавӣ гардонидани Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он сухан карда, тамоми мардуми диёрро ба фарорасии Наврӯзи аҷам ва баҳори оламафрӯз шодбош гуфт.

Сипас, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада, табрикномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичро ба сокинони ноҳия тақдим намуданд.

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар амал

Мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи таълимии Гимназияи рақами 1 дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро насли навраси ботарбия ва босавод оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

 

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Идомаи чорабиниҳои Наврӯзӣ

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Яхтан” ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор ташаббусҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом миёни духтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан озмуни “Канӣ, духтарон?!” доир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкурро Шўрои бонувон ва духтарони ташкилоти ибтидоӣ роҳандозӣ намуда, ба он духтарони синфҳои зинаи сеюми таҳсил ҷалб гардиданд.Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорон, намояндагони шуъбаи маориф, занону бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок намуданд. Духтарон ба дастаҳо ҷудо шуда, аз рўи як қатор шарт рақобат намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи духтарон, тарбияи меҳнатдӯстии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона унвон мешавад. Духтарон ҳамчунин истеъдоду маҳорати худро оиди рӯзгордорӣ ва кадбонугӣ бо омода намудани маводҳо нишон доданд.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Мулоқотҳои судман бо сокинони ноҳия

Санаи 28-уми марти соли равон мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Яхтан сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.Зеро насли навраси ботарбия ва босавод оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари офтобиамон ҷашни фархундаву фирӯз – Наврӯзи оламафрӯз, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷмааи Созмони Миллаи Муттаҳид мақоми ҷаҳонӣ касб кардааст, тантана дорад.

Чунин тантанаи наврӯзӣ дар деҳаи Далёни Ҷамоати Далёни болои  ноҳияи Деваштич доир гардид. Дар тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон, сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз ин сарзамини биҳиштосо ширкат варзиданд.

Дар саҳни беморхонаи №5-и деҳаи Далёни ноҳия, ки бо ибтикори  соҳибкори ватанӣ шодравон Садрӣ Файзиев бунёд гардидааст, чорабинии мазкур доир гардид ва барои мардуми деҳа дастархони идона ороста шуд. Бояд тазаккур дод, ки баъди расидан ба Истиқлолият дар кишвари азизамон як қатор сунннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада эҳё гардиданд. Чунини ҷашнҳои милливу ниёгон садсолаҳо аз назари халқ дур монда буданд. Маҳз тавассути ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарият хизмат намудаанд, аз нав эҳё мегардад ва аз тарафи аҳли ҷомеа пазируфта мешавад. Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ, ки аз ҷониби бонувони деҳа деги суманак гузошта шудааст, ҳар нафар аз омадани рӯзи наву соли нав ва бедории табиат мамнун буданд.

Барандагони чорабинии наврӯзӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд ва қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дошта, ҳадафи асосиаш ҳимояи манфиати халқ, таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон аст. Ҳизби мазкур дар давраи фаъолияташ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” бо Барномаи худ барои саодати халқ ва ободии Ватан саъй дорад.

Мардуми шарафманди деҳаи Далён низ барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас гузоштааанду мегузоранд. Соҳибкорони бонангу номусаш барои ободу зебо намудани Ватан кӯшиш доранд. Қайд карда шуд, ки яке аз чунин соҳибкорон шодравон Садрӣ Файзиев буда, беморхонаи ноҳиявии №5 маҳз бо ибтикори ин шахси зиндаёд, марди накӯному хушсиришт сохта ба истифода дода шудааст. Гарчанде ин шахси накӯном имрӯз дар ҳаёт нест, лекин бо хизмати шоистаи худ, бо хоксориву меҳнатқаринӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар дилҳо абадан ҷой дорад.

Паёми табрикотии Раиси ноҳияро муовини Раиси ноҳия Насриддин Комилзода ба иштирокдорони чорабинӣ расонида, андешаҳои худро перомуни ин ҷашни бузурги аҷдодӣ баён кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ суханронӣ карда, Наврӯзи муборакқадамро ба ҳозирин таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Наврӯз бо фарорасии худ ба дили хурду бузург шодиву фараҳ меоварад. Хусусияти хоси ҷашни Наврӯз дар он зуҳур меёбад, ки ҳамаро сарҷамъу муттаҳид намуда, аз хурд то бузург бо як рӯҳияи болида дар канори ҳам ин ҷашни ниёгонро истиқбол мегиранд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бузургдошти ҷашни Наврӯз қайд намудаанд: “Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакорири фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдатдӯстӣ, созандагиву офарандагӣ барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани онро таъмин кардем ва ин оини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем”.

Сабаби дар паҳноҳои вусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки асли Наврӯз ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад. Ба туфайли ҳамин ҷавҳари мардумии Наврӯз дар чорабиниҳои идона хурду бузург озодона ва баробар ширкат меварзанд ва хурсандӣ мекунанд. Боз як ҳикмати инсондӯстонаи Наврӯз аз байн бардоштани кинаю адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароию ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад. Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи тафаккури созандаю башардӯстонаи халқи мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ба ҳисоб меравад.

Бешубҳа, Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва муҳимтарин иди мардумии мост, ки бо фарорасии он бо камоли хушҳолӣ ҳамдигарро табрик менамоем. Наврӯз танҳо як иди расмӣ ва ҷашни тақвимӣ набуда, он дар ҳақиқат, лаҳзаи оғози гардиши нав дар табиат ва саршавии давраи нави эҳёи тамоми мавҷудоти зинда ба шумор меравад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, аз ҷумла зикр намуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукуҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукуҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд, ки мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳамсозиву муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстию самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Наврӯз маҷмааи нави неку созанда буда, се ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва чаҳору ним ҳазор қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст ва тибқи маълумоти сарчашмаҳои мӯътамади таърихӣ ҳанӯз дар ҳамон давраҳои бостон дар қаламрави зисти қавму халқияти гуногун таҷлил мегардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таърихи асли пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз изҳор доштанд, ки “Наврӯз бо ягон дин ва мазҳаб робитае надорад ва оини сифр мардумӣ, баробар ба ҳама ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад. Расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштаанд, ки Наврӯз ба ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии Соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.

Дар чорабинии наврӯзии Ҷамоати деҳоти Далёни боло бо ҷонибдории сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Фахриддин Файзиев ба як қатор кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Зеро ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯру собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Ҷашни Наврӯз ба сифати як ҷашни милливу мардумӣ мадагори кишоварзон буда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ мусоидат мекунад. Тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд. Имрӯзҳо тамоми сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла мардуми Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич иди Наврӯзро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ ҷашн гирифтанд.

Сокинони ҷамоати мазкур аз он изҳори шодмонӣ доштанд, ки дар Ватани озоду обод зиндагии бофароғат доранд, кору таҳсил мекунанд ва ҳама гуна ҷашну идҳоро бо шодиву сурур истиқбол мегиранд. Дар ободиву шукуфоии диёр саҳм мегузоранд ва хурсанд аз онанд, ки Тоҷикистон ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав раҳ мепаймояд ва дар тамоми рӯи олам аз Наврӯзи тоҷикон истиқбол мегиранд. Тоҷикистонро бо табиати фусункораш, шаҳру деҳоти ободаш, мардуми меҳанпарасту созандаву ободкораш, сулҳпарвару ваҳдатшиораш таҳти сарварии Пешвои муаззаму одилу раиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оламиён шинохтаанду эътироф кардаанд.

Ҳамчунин, зикр намуданд, ки Наврӯз оғози киштукор аст ва орзу намуданд, то сол соли пурфайзу пурбаракат гардад. Деҳқонон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, ҳосили фаровон ба даст оранд.

Оростани дастархони идона ва дар он гузоштани меваҷот, шинонидани ниҳол, ташкили базму тараб аз суннатҳои ҷашни Наврӯз мебошад, ки ниёгони мо онҳоро иҷро мекарданд ва барои фаровонҳосилӣ орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.

Хурду бузурги ҷамоат азм доранд, ки корҳои ободонию бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат дода, дар ин раванд барои ободонии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ноҳияи Деваштич бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин бо зироаткориву боғпарварӣ дар вилояти Суғд шуҳрат дошта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваи тару тоза ва сабзавот, аз ҷумла картошка саҳми намоён дорад.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳофизону санъаткорони номии кишвар ба иштирокчиёни базми наврӯзии деҳаи Далёни ноҳия суруру шодмонӣ бахшид.

Хулоса, метавон гуфт, ки Наврӯзи оламафрӯзро сокинони ватандӯсту хештаншиноси ноҳияи Деваштич бо фараҳмандӣ ва ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол ҷашн гирифтанд.

Моҳира РАҲИМЗОДА,

“Сухани халқ”