Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз”

Ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” фаъолияти худро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки омӯзгорон ва аъзоёни фаъоли ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” баргузор гардид. Наврузов Бобур раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июли 2022 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Ҳамчунин дар маҷлис баробари баррасӣ масъалаҳои рӯзнома ҷиҳати татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ, аъзогӣ ва сафи ҳизб, ҳуҷҷатгузорӣ тибқи феҳрасти пешниҳодшуда ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шарифзода Туйгун-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод доир ба саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ибрози андеша намуд. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз рӯи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”

     Санаи 21-уми июни соли равон  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”-и ноҳия ааз фаъолияти худ натиҷабардорӣ намуд. Мувофиқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти номбурда баромад намуда, зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ саҳм хоҳанд гузошт, ҳамчунин ташкилоти ибтидоӣ ва шахсони масъул минбаъд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифат ва шумораи аъзои ҳизб, беҳтар гардонидани фаъолият ва интизоми аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Сипас, аз рӯи масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома интихоби раис ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод    бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шамсиев Далер аз  нав  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Роҳсоз” интихоб гардида,  вакилон  ба  Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод   интихоб карда шуданд.. Пешниҳод аз ҷониби аъзоёни ҳизб қабул карда шуд.  Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 

Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШИФО”, “ КДФ МОЛУ МУЛКИ

ҒАЙРИМАНҚУЛ”ВА “МАРКАЗИ ҲИМОЯИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ”

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шифо”,  ” КДФ  Моли мулки ғайриманқул”, “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”  доир гардид.

Дар он роҳбарияти   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ зикргардида иштирок намуданд.

Рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз руи масъалаҳои зерин дида баромада шуд:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти нати-ҷаҳои   фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то

моҳи июни

         соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;      

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти

         ибтидоӣ.     

 3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

 4. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихобо-тии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.

5. Масъалаҳои ташкилӣ.        

Вобаста ба  масъалаи якуми рўзнома раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисобот доданд.  Дар ҳисобот  гуфта шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар боло зикргардида дар ноҳияи Зафаробод фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҲХДТ, нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақти ба аъзоён, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ба роҳ мондааст.

Дар самти иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод корҳои таблиғотии босифат дар давраи маъракаҳои сиёсӣ анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади ҷоннок намудани тақвияти корҳо дар самти таблиғот ва баланд бардоштани мафкураи сиёсии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дарсҳои сиёсӣ бо мавзӯъҳои гуногуни аз қабили “Натиҷагирӣ аз корҳои ҳизбӣ”, “Таблиғи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ”, “Саҳми ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар”, “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ”, “Таблиғи идеологияи ягонаи миллӣ” ва дигар мавзуъҳо гузаронида мешавад.

Аз руйи масъалаи дуюми рўзнома вобаста ба «Тасдиқи Нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022» аз ҷониби котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  бандҳои он муаррифӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома мутобиқи банди 4.13. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод    бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба ТИ ҲХДТ  “Шифо”- Ҷумаев Шавқӣ, ТИ  “КДФ Молу мулки ғайриманқул” Қурбонов Тоҳир  ва ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”- Сувонқулов Бахтиёр интихоб гардида, вакилон  ба  Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод   интихоб карда шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун раисони ташкилотҳои ибтидоии номбаршударо бо интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулияти ҷамъиятӣ – сиёсӣ табрик намуда, аз мактаби давлатсозии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заҳматҳои беназирро дар худ дорост ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳафт самти сиёсии кишвар чун барномаи амал маҳсули корҳои минбаъдаи моро исбот менамояд.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “сино” ва “тарзи ҳаёти солим”

Санаҳои 15 ва 16-уми июни соли равон маҷлисҳои  ҳисоботӣ- интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Сино» ва «Тарзи ҳаёти солим»    баргузор гардид.

 Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сино” ва “Тарзи ҳаёти солим”-и ноҳия масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои   фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;      

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ.     

 3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

 4. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.       

Доир ба масъалаи якум ва дуюми  рӯзнома оид ба ҳисоботи ташкилотҳои ибтидоӣ  аз   моҳи июни соли 2021 то моҳи  июни соли ҷорӣ  ва тасдиқи  нақшаи фаъолияти   ташкилоти  ибтидоӣ барои нимсолаи  дуюми соли 2022, роҳбарони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шинос намуда бо назардошти тағйиру иловаҳо  тасдиқ карда шуд.   Аз рӯи масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома интихоби раис ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод    бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Кучаков Файзалӣ аз  нав  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сино” ва Содиқова Адиба раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Тарзи ҳаёти солим”  интихоб гардиданд.  Ҳамчунин вакилон  ба  Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод   интихоб карда шуданд.  Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маҷлисҳои ҳисоботию интихоботии ташкилотҳои ҳизбии нозияи Зафаробод тибқи нақша идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Таҷлили Рӯзи кӯдакон

     Санаи 1 июни соли 2022 дар толори қасри фарҳанги “Зафар”-и ноҳияи Зафаробод “Рузи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” бо тантана ва шукӯҳи хоса баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист дар толори қасри фарҳанг намоиши табиати зинда, дастоварди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, намоиши гӯшаи китобӣ, ва нигораҳои осорхонаи ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Аз ҷониби масъулони шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои навӣ корӣ ташкил карда шуда, як чанд нафар корҷуён ба кор таъмин гардиданд. Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак табрикоти раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сипас Сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия ба ғолибони даври вилоятии озмунҳо, ғолибони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ ва ба устодону мураббияҳои онҳо ба таври тантанавӣ тақдим карда шуд. Барномаи омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои томактабии ноҳия ба чорабини ҳусни тоза зам намуд. Сайругашти идона дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва хиёбони Исмоили Сомонии маркази ноҳия идомаи тантанаҳои ҷашнӣ гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

Хоинон ба мақсад нахоҳад расид!

            Зуҳуроти терроризм ба субботи амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Тавре воқеаҳои охир нишон дод як гурӯҳ шахсоне, ки ниятҳои ғаразноки худро мехостанд бо андохтани тухми кинаву адоват дар байни мардуми сарбаланди  Бадахшон бо амалҳои ифротгароӣ ба оромиву осоиштагии ин диёри кӯҳанбунёд амалӣ созанд, хуушбахтона онҳоро дастгир намуданд. Ҳамчунин Мамадбоқир Мамадбоқиров саркардаи гурӯҳи муташаккили  ҷиноятӣ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуд.   Аз филми “Шикасти Фитна” маълум шуд, ки  хоинони миллат ба монанди Улфатхонум Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва Алим Шерзамонов тарҳрезикунандагони асосии воқеаҳои нангини санаи 18-уми майи соли 2022 будаанд.  Инҳо фирефтагони хоҷагони хориҷӣ ва ҳарисони мансабу вазифа буда, иқрор шудаанд, ки  худашон сабабгори марги чандин фарзандони тоҷик шудаанд. Мамадбоқир Мамадбоқиров бо ҳамроҳи хаммаслаконаш фитнакорона рӯ ба тахминзанӣ ва пешгӯиҳои пайғамбаронаи худ талош намуданд, ки барои манфиатҳои худӣ андешаҳои ғаразнокро дар шуури ҷамъият ҷой кунад. Пешвои миллат муҳтарам,  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Точикистонро ба ӯҳда гирифтанд, ки ин давлат  аз собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда буд ва аз тақсимоти молӣ нисбати дагар давлатҳо дар канор монда, ба муаммоҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои мукобил ҷойдоштаро бо сулҳу субот  иваз карда, миллати ҷониби парокандагӣ тамоюл гаштаро гирдиҳам оварад, асиливу сарфарозӣ ва номуси миллиро дар дили онҳо  бори дигар ҷой карданд ва миллати тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ равона созад. Дар кӯтоҳтарин муддат тавонистанд, ки Тоҷикистонро яке аз давлати ободу озод мубаддал гардонид, ки танҳо  бадбину нобино метавонад инҳоро инкор кунад.       

        Дар давоми қариб 31 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилот ноамниҳо таҳкурсии давлати соҳибиихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, таъмини Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъминоти амнияти озуқавориро самтҳои асосию  стратегии давлат табдил додем.         

         Имрӯз бо шарофати Истиқлолият Ватани маҳбуби мо рӯ ба инкишоф овардааст. Мисоли инро  дар  чеҳраҳои пурнури модарону бонувон,  дар хандаи беғубори кӯдакон,  дар шуҷоати ҷавонон, дар дуои пур аз қаноатманиву шукронагузории пиронсолону мӯйсафедони нуронӣ дидан мумкин аст. Ин аз нури хуршеди Истиқлол ва солимии ҷомеа маншаъ мегирад.         

      Ҷавонони бонангу номуси миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои фитнакоронаи хоинон гумроҳ намешаванд ва баръакс барои  шукӯфоии Ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб зери раҳнамои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон равонаанд.

Заррина Зулфиқорзода –мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Асосӣ

ВАТАН ХИЁНАТКОРРО НАМЕБАХШАД

     Чуноне, ки ҳамагон медонем дар давраи ҷаҳонишавии босуръат як тоифа соҳибқудратҳои манфиатҷӯй дар зери ниқоб барои амалигардонии ҳадафҳои ғаразноки худ байни ҷомеаи орому осуда бо қалбҳои нопоки худ ба ин раванди пуртазоди ҷаҳонишавц таъсири манфии худро расонида истодаанд. Бояд қайд кард, ки гуруҳҳои мухолиф дар замони муосир ҳамчун яроқ аз ҷониби ташкилотҳои ифроти истифода шуда, ҷиҳати ба сомон расонидани ҳадафҳои ғаразноки ғайриинсонии онҳо хизмат мекунад ва бо ин хизматҳояшон бар ивазаш чанд маблағи ночиз мегирад. Мо метавонем ТТЭ ҲНИ-ро мисол орем, ки дар Аврупо зери фармони ниҳодҳои қудратманд чуноне, ки дида истодаем кор мекунанд ва нанговараш он аст, ки миллату Ватани худро бо ду тангаи ночиз мефурушанд. Хиёнаткор ватанфурӯш, бегонапараст Муҳиддин Кабирц ва чанд тан атрофиёнаш аз дури дур истода ба Ватани азизамон ва ҳамватанони худ хатар эҷод мекунанд.

     Чуноне ки воқеаҳои Бадахшон гувоҳи медиҳанд ва аз шабакаҳои интернети огаҳи дорем Муҳиддин Кабирц баъди ба Аврупо рафтан бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш номи ҳизби терористии худашро тағйир дода фаъолияти иғвоангези худро идома дода истодааст ва дар туъмаи ҳайвонсифатиаш ҷавонони ноогоҳи тоҷик аз ҷумла ҷавонони Бадахшонро бо найрангҳои худ ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб карда аз онҳо ба мисли худаш ноҷавонмардони хиёнаткор ва ватанфурушро омода мекунанд. Ба ин мисол шуда метавонад чанд тан аз ҷавононони бадахшони, ки фирефтаи суханони ноҷавонмардонаи ин хиёнаткорон гашта дар нооромиҳои рузҳои охир дар Бадахшон даст доштанд. Ба ҳамагон маълумаст ки хиёнат ба Ватан ин набахшиданист. Шахсе, ки ба ватани худ хиёнат мекунад вай ба модару миллати худ хиёнат карда мебошад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. Ин бадтинатон ва хиёнаткорон ба ғайр аз ноором кардани мафкураи ҷавонон, ба ҷуз халал эҷод кардан ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори дигар надоранд.

   Мардуми тоҷик саҳифаҳои талхи солҳои 90-умро, ки ҷанги бародаркуш ҷомеаро ноором кард, ҳеҷ вақт аз хотираш фаромуш намекунад. Имрӯз дар ҷомеаи ороми кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст ва ҷавонони бо нангу ор ва бономуси мо низ ҷавонони солҳои 90-ум нестанд, ки дар ғафлат бимонанд. Ба хиёнаткорон гуфтаниам, ки мо ҷомеаи солим, миллати сарбаланд як неруи пурқудратем ва ба дасисаҳои хиёнаткорон дода намешавем. Саҳифаҳои таърих хиёнаткорро намебахшад. Хиёнаткор то абад хиёнаткор буда, ба ягон мақоме сазовор намешавад.

Абдуманнон ХОЛИҚОВ –        директори МТМУ№6-и ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҳизб

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот

Мулокот бо сокинон Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо сокинони маҳаллаҳои шаҳраки Зафаробод дар бинои МТМУ №13 мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот бо сокинон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун доир ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз санаи 14-17 апрели соли 2022 ҷараён гирифт ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолони вилоят пешниҳод гардида буд ба сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод фаҳмонид. Ҳамчунин бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, вазъи пуртаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба сокинон фаҳмонида шуд, ки суботу оромӣ ва ваҳдати саросарии имрӯзаи Тоҷикистон неъмати бебаҳо буда, бояд ҳар шарҳрванди бедорфикр ба қадри ин неъмат бирасад. Меҳнати софдилона ва масъулиятнокро ба роҳ монда, дар таъмини зиндагии шоиста худ ва ободонии Ватан саҳмгузор бошад. Ҳозирини ҷамъомад аз мулоқот таасуроти хуб бардошта андешаҳои худро бо эҳсоли баланди ободкорию меҳанпарстӣ баён намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ”

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Ташкилоти тарзи ҳаёти солим то соли 2000 бо номҳои гуногун фаъолияти худро пеш мебурд. Аз соли 2000 то ин ҷониб ҳамчун Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият намуда, ҳоло дар корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ба сокинони ноҳия корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи бемории сироятии COVID-19 кормандони ташкилоти номбурда муташаккилона бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мунтазам иштирок намуда, дар рӯзҳои мушкилии мардуми ноҳия масъулият ва садоқатмандии касбии худро исбот намуд. Имрӯз ин ташкилот яке аз беҳтаринҳо маҳсуб ёфта, кормандон бо эҳсоси баланд дар корҳои тарғиботӣ ва тарғиби ҳадафҳои шоистаи давлату Ҳукумат фаъолияти самараноки худро пеш мебаранд. Дар ташкилоти мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олию созандаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, Содиқова Адиба роҳбари ташкилоти ибтидоии “Тарзи ҳаёти солим” интихоб гардид.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Ёрӣ амалӣ методӣ

Рузи гузашта гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Б.Ҳ, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Зокиров С.З, мудири шуъбаи молияи Кумичроияи вилоятии ҲХДТ Кодирова М, мутахассиси шӯъбаи молия Абдумуъминова М ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва ташкилотҳои ҳизбӣ дидан намуданд. Зимни боздид аз самти молиявии фаъолият пардохти аъзохаққӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҳамчунин аз раванди хуҷҷатгузорӣ дидан намуда барои пешрафти фаъолият маслиҳати судманд доданд.