Рубрики
Асосӣ

АЛБОМ-ЭСТАФЕТА БА НОҲИЯИ МАСТЧОҲ РАСИД

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияи умумиҷумҳуриявии албом-эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” доир гардида истодааст. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳри Истиқлол  бо ҳайати раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода ва дигар меҳмонон, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар вазъияти тантанавӣ ин мазҳари самимият ба таърих оварда, супорида шуд.

Дар рафти қабули меҳмонон ва супоридани Албом-эстафета Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода фаъолон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат намуда, бо истиқболи гарму самимӣ албом –эстафетаро қабул намуданд.

Таъкид шуд, ки мо сокинони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои расидан ба ҳадафҳои олии ватандорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Ифтитоҳи курси захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ

    Бо иштироки раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Мирзоолим Мирзораҳимов ва дигар шахсони масъул курси захираи кадрҳо ифтитоҳ гардид.

Дар ин маросим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба моҳият ва мақсаду вазифаҳои курси мазкур сухан гуфта, иттилоъ дод, ки дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби донишмандони шинохта, аз ҷумла олимону ҳуқуқшиносон ва собиқадорони хизмати давлатӣ гузаронида мешаванд.

Мирзоолим Мирзораҳимов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ чунин тасмими кумиҷроияи ноҳиявии ҳизбро заруру саривақтӣ ва шоистаи дастгирӣ дониста, ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик хатмкунандагони он барои татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи мегузоранд.

Муродулло Почозода, муовини раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба рӯзҳои дарсӣ ва устодони курс маълумот дод ва ба шунавандагони он дар ҷодаи омӯзиши дарсҳои сиёсӣ муваффақият хост.

Курси мазкур 3 моҳ давом ёфта, ба хатмкунандагони он шаҳодатномаи махсус супорида мешавад.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯрии судманд бо донишҷуëн

Имрӯз бо ибтикори  шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар Мастчоҳ  вохури бо донишҷӯëни коллеҷи омузгории ноҳия баргузор гардид. Сухани ифтитоҳи вохӯриро Мирзоева  Нигина омӯзгори ин муассиса кушода сипас суханро ба Борбад Баҳромзода дод.
Борбад Баҳромзода дар баромади худ кайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон    ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа мешуморанд.Бояд ҳар як ҷавони кишвар барои ҳимояи ватану модари хеш адои хизмат намояд.
Зиракии сиëси дар шароити мутамаддин аҳмияти бузурге касб намудааст,ки бояд кулли ҷомеа онро аз даст надиҳанд, баръакс дар афкори иҷтимоию сиëсии худ зинда намоянд.Посдори арзишҳои миллӣ бошем,якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Ҳамеша манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузорем. Ватанро сидқан дӯст дорем! Ба онҳое, ки сӯи Ватан санги маломат меандозанд ва ҳамеша талош мекунанд,ки садди роҳи созандагию бунëдкориҳо бошанд, вокунишҳои саҳеҳ нишон диҳем.
Истиқлоли давлатиро гиромӣ дошта, нагузорем, ки хоинони ватан ба сафҳаи тозаи таърихи кишварамон доғ гузоранд ва дар рушди давлатдории миллиамон халал ворид намоянд.
Дар ин марҳалаи таърихсоз, ки шароити хуби таҳсил ва заминаҳои инкишофи зеҳнию ҷисмонӣ муҳайë мебошад, шукргузор бошем, сиëсати давлатро дасгирӣ намуда, дар пешрафти самтҳои мухталифи ҳаëти ҷомеа саҳмгузорӣ намоем.
Биëед, дар атрофи давлатамон муттаҳид бошем ва дӯш ба дӯши ҳам марзу буми ватанамонро ҳифз кунем.

Рубрики
Асосӣ

МАСЧОҲ: Ёрии амалӣ ба ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ

Рӯзи гузашта бо мақсади расонидани ёрии методӣ гурӯҳи кори  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев ва мутахассиси шуъбаи иттилооти КИ ҲХДТ дар вилоят Нилуфар Умарова ба ноҳияи Мастчоҳ омада аз фаъолияти кории Кумиҷроияи ноҳиявӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои нақша-чорабиниҳо ва дигар корҳои дохилиҳизбӣ дидан намуданд. Ҳайати гурӯҳи кори нахуст дар бинои Кумиҷроияи ноҳиявӣ тамоми ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро аз назар гузаронида, ҷиҳати беҳтар намудани кор бартараф намудани камбудиҳо дар рафти кору ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин оиди ислоҳи камбудиҳо дар ин раванд ба кормандони КИ ҲХДТ дар Мастчоҳ маслиҳатҳои методӣ ва дастурҳои муфид доданд. Пас аз боздид ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар самти корҳои ҳизб, гурӯҳи кори бо кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро дар  ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Масчоҳ низ дида баромаданд. Инчунин дар моҳи шарифи Рамазон гурӯҳи корӣ  якчанд нафар маъюбону барҷомондагонро аёдат намуда ба онҳо иброз  намуданд, ки онҳо ҳамеша зери сарпарастии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.  Аёдатшавандагон аз ин иқдоми хайр  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён намуданд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Аёдат дар арафаи ҷашнҳо

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аëдати оилаи Давлатов Собирҷон, ки баҳри барқароркунии сохти конситутсиони ҷон фидо кардааст аёдат карда шуд. Аз ин иқдом хонаводаи аёдатшуда болидарӯҳ гардида минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидан ва дар ҳақи роҳбари давлат дуои нек намуданд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯри бо хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Борбад Баҳромзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4, вохурӣ бо хатмкунандагон оиди пешгири ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродӣ, саҳми ҷавонон дар пешрафти Тоҷикистони азиз, сафарбарии ҷавонон бап хизмати Втан Модар мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баромад намуда, изҳор дошт, ки мо ҷавонон фирефтаи суханҳои макоронаи хоинон ватан нашуда, балки кӯшиш намоем, ки зараеҳам бошад барои ободии диёри хеш саҳмгузор бошем. Дар фаровари мулоқот хонандагони муассисиаи таълимӣ ваъда доданд, ки мо ҷавонон саҳми арзандаи хешро барои пешбурди кишвари азизамон Тоҷикистон мегузорем.

Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

АНДЕША: Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки арзишмандтаринаш он Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил маҳсуб меёбад.

Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милли хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.

16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромаданашон дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст

Яке аз қисматҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид масъалаи Тероризму Ифродгарои ба ҳисоб рафта, таъкид намуднд, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигарони гардидааст, дар ин давра зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифротгароён қарор гирифт» Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.

Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар адабиётхои хукуки якчанд намудҳои терроризмро пешниҳод намудааст:

• терроризми мухолифони давлат, терроризми давлатӣ, терроризм чун самти сиёсати сатҳи давлатӣ;

• терроризми фардӣ, -нисбати шахси муайян;

• терроризми оммавӣ – нисбати шахсони ногаҳонӣ;

• терроризми ҷиноятӣ.

Тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

Сурманов Элёр Абдурашидович вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ.