Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Баргузории конференсияи XXll ғайринавбатии ҲХДТ

дар шаҳри бӯстон

Дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Конференсияи XXII-юми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати пешниҳод намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38, пешниҳод намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаҳои интихоботии “Театр” №5 ва “Абдураҳмони Ҷомӣ” №6 ба ҷои вакилони хориҷшуда инчунин, дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Дар кори Конференсия Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Муинӣ Мавсума Муинзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Ҷалолзода Миршакар Саид – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Наврӯз”, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ – ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маърифат”, ҳамчунин, раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори умум низ ширкат варзиданд.

Чорабиниро, бо муаррифии ҳайати Раёсати Конференсия, Ҷалолзода Миршакар Саид – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи кори Конференсияро ба иштирокчиён шинос намуд.

Мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия, ҷиҳати пешниҳод намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38, дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 24 ва 25-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, бо назардошти натиҷаи овоздиҳии кушоди вакилони Конференсияи ХХII-юми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, чунин қарор карда шуд, ки Муинӣ Мавсума Муинзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38 пешбарӣ карда шуда, ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати шашум) аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия, ки пешниҳод намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаҳои интихоботии “Театр” №5 ва “Абдураҳмони Ҷомӣ” №6 ба ҷои вакилони хориҷшуда буд, ду нафар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Муинӣ Мавсума Муинзода– иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон ва Ҷалилов Абдуазиз Каримович – МД КАТС-и шаҳри Бӯстон ҳамчун номзад ба вакилӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар идомаи Конференсия Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Наврӯз”, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ – ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатӣ шаҳр Содиқов Орифҷон баромад намуда, ба интихобшавандагон барору комёбиҳо таманно намуданд.

Тибқи масъалаи навбатии рӯзномаи Конференсия ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ба ҷои аъзоёне, ки бо сабаби иваз шудани ҷои кор ва маҳалли зисташон бозхонд гардиданд, аъзоёни нав қабул карда шуданд.

Дар рафти Конференсия Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, ба интихобшавандагон ҷиҳати пешбурди фаъолияти босамари ҳизб барору комёбӣ таманно намуд. Мавсуф, ҳамзамон, “Номаи миннатдории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”-ро ба самъи Муинӣ Мавсума Муинзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон ва Ҷалолзода Миршакар Саид – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои баргузор намудани Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуривӣ таҳти унвони “Паёми роҳнамо” бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва 30 – солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

Муинӣ Мавсума Муинзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон баромад карда, зикр намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи пеш аз интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба кӯшиш менамоям.

Дар интиҳо ба якчанд нафар фаъолони ҳизб Сипосномаҳо, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муҳити тантанавор тақдим карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 05.04.2022; №8, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30-юми марти соли 2022 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, санаи 06-уми апрели соли 2022 дар толори “Маркази давлатии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон” чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои зикршудаи Президент, дастурҳои Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, танзими нарх дар бозорҳо ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар, инчунин ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба ин, вусъат додани корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо дар тамоми қаламрави шаҳр доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, Роҳбари МД КАТС-и шаҳри Бӯстон Ҷалилов Абдуазиз, мудирони шуъбаву бахшҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва табибону кормандони МД КАТС иштирок намуданд.

Сараввал, Ҷалилов Абдуазиз Роҳбари МД КАТС-и шаҳри Бӯстон меҳмононро хушомадед намуда, суханро ба Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид дод. Мавсуф, дар рафти баромади худ вобаста ба масълаи болозикр ишора намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки саҳми назарраси худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоранд.

Ҳамзамон, якчанд нафар кормандони фаъоли МД КАТС-и шаҳри Бӯстон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардида, ба аъзоёни нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Модарони заҳматкаши шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардиданд

Бо пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05 марти соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маҷлиси васеъи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини Раиси шаҳри Бўстон, Ҷалолзода Миршакар Саид Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва занони пакизакори шаҳри Бӯстон аз ҳама корхонаи муассисаҳои ҳудуди шаҳр ва Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ шаҳр баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис, Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини Раиси шаҳри Бўстон, Ҷалолзода Миршакар Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва Зебо Каримзода раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баромад намуда, тамоми иштирокчиёни маҷлисро бо фарорасии “Рӯзи Модар” таҳният намуданд.

Ироа гардид, ки Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзадонанд. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати хос доранд.

Дар охир, ба тамоми иштирокчиёни маҷлис аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Меҳрнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ пешкаши онҳо гардид.

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Дуои Модар

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар санаи 06 марти соли 2022 аз ҷониби намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати табрики Модарон аксия таҳти унвони “Дуои Модар” баргузор гардид.