Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: баргузории соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ки ҳхдт дар шаҳри Гулистон

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ соати сиёсиро таҳти унвони “«Нақши ҲХДТ дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ” бо иштироки фаъолони ҳизб, собиқадорон, ҷавонону занон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монд.      

      Масъулон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолияти давлатӣ басо калон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 таъсис ёфт. Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати тоҷик дар фитнаву иғвои бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт, халқ дар ҳолати қашшоқи зиндагӣ мекард. Дар чунин шароити душвори зиндагӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   чун нерӯи сиёсӣ барои ислоҳи вазъи ба амал омада ташкил шуд. Ин нерӯи сиёсӣ ба номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист, ки бӯҳронҳои идеологӣ ва сиёсии ба амал омадаро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба он ояндаи дурахшону умед бахшид.

       Шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  барои солҳои 2015- 2020 “ Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” эълон гардид, зеро масъалаи Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои асосӣ ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

Рубрики
Uncategorized

ш.Гулистон:

       Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр”

      Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” бо иштироки Отаҷонова Шарифа Мӯминовна муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

     Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоӣ Гулсанам Пӯлодиён ба фаъолони ҳизб рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Тибқи масъалаҳои рўзномаи маҷлис  фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд. Раиси ташкилот зимни баромади хеш  зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми фаъолияти худ вазифаи аввалиндараҷаи худро тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, мақсаду мароми Оиннома ва Барномаи он дар ташкилот ҳисобид. Сипас, бо ҷонибдории аъзои ҳизб, Гулсанам Пӯлодиён – сардухтури беморхонаи марказии шаҳр раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” интихоб гардид.

       Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Отаҷонова Шарифа Мӯминовна зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҳуҷҷатнигорӣ ва корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бояд дар ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Таъкид карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш барои зиндагии ободу осудаи мардум, талош намуда, дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ пешқадам дониста шудааст.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Маркази саломатӣ – дар ҳифзи саломатии мардум!

        Дар ташклити ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон баргузор гардид.

Ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” 138 нафар ҳизбиёнро муттаҳид намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Ҳамзамон, ибрози сухан карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои ҳамдилӣ ва нусрату пешравиҳои созандагӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо кӯшиш ва талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.

Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон зимни суханони хеш ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар амалишавии Оиннома ва Барномаҳои ҳизб ибрози ақида намуд.

Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба якчанд аъзоён ба ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон:

  Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара»

       Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ идома дорад. Санаи 23-юми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гашт, ки дар маҷлис чор масъала матраҳ гардид.

Аз рӯи масъалаи якум Аҳмадҷонов Парвиз – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисоботи муфассал дода, вазифаҳои минбаъдаро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд. Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома бо тарафдории ҳамаҷониба Аҳмадҷонов Парвиз бори дигар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара» интихоб гардид. Доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома пас аз баррасӣ намудан, низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Беҳрӯз Саттаров – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” интихоб гардид

       Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода таърихи 23.06.2022 дар толори  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.  

       Дар маҷлис масъалаҳои  ҷамъбасти фаъолият ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, тасдиқи нақшаи фаъолияти ташкилот барои нимсолаи дуюм ва вазифагузориҳо, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ,  пешбарии номзадҳо ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди фаъолони ҳизб шунида шуд. Қайд гардид, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда, ҳар як аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон содиқона фаъолият  карданд.

      Ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагию ободкорӣ низ ибрози андешаронӣ карда шуд.

      Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода фаъолияти

ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-ро дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуд.

      Ҳамзамон, ибрози сухан карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои ҳамдилӣ ва нусрату пешравиҳои созандагӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо кӯшиш ва талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.

      Инчунин, вобаста ба тақвияти кори дохилиҳизбӣ,  тарғибу тавшиқи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъанан ва ҷашну маросим» истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ ва захираи маводи хӯрока, пешгирии амалҳои номатлуб, гузаронидани вохӯриву мулоқот бо усули хона ба хона вазифагузорӣ карда шуд.

      Интихоби раиси ташкилот, муовини раиси ташкилот ва интихоби вакилон ба Конференсияҳои ҳисоботӣ интихоботӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда шуданд.

       Беҳрӯз Саттаров – мудири филиали №3                                                                                         1 БДАҶТ “Амонатбонк” бо овоздиҳии якдилонаи фаъолони ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк ” интихоб карда шуд. Ҳамаи масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

       Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ фаъолон барои амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни маҷлис.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: “Ваҳдат – садоқат аст!”

Таърихи 21 июни соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо иштироки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти кори Конференсияи илмӣ- назариявӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ширкат варзиданд.

Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳадафҳои баргузории Конференсияро ироа намуд. Ҳадафи баргузор намудани Конференсия пойдории сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ аст.Ваҳдат- тасдиқи ҳувият, сулҳу субот, оромии давлат, беҳтарин неъмат, падидаи нек, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон дар ҳар давру замон аст. Санаи 27-уми июни соли 1997 ба таърих ҳамчун як замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, давлате, ки дар он сулҳу амонию дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз аз рӯз тараққӣ мекунад, иқтисодиёташ рушд меёбад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ. Лозим ба ёдоварист, ки имсол 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз бо кӯшиш ва талошу гамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду, миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни баромади хеш қайд намуданд, ки бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем. Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Муовини раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон-Нурулоева Санобар Нурулоевна аз он рӯзҳои даҳшатовар, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ёдоварӣ намуд. Қайд кард, ки бо заҳмату такопӯиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида шуд. Мо чун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, месазад аз хизматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи халқ ёдовар шавем. Ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ расем.

Шоира Фарзонаи Зарафшонӣ бо шеърҳои тозаэҷоди худ дар васфи Ваҳдати миллӣ, дар васфи меҳан табъи иштирокчиёни конференсияро болидахотир кард.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон даъват ба амал овард, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кулли фаъолони ҳизб ҳамеша талош намуда, барои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон – Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода қайд кард, ки барои сокинони шаҳри Гулистон кору зиндагӣ дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати бузург ва ихтихори волои ватандорист. Заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, , Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ дар решакан намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, маҳалгароӣ, зӯроварӣ, хусумат, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, тарғиби ҳаёти солим беназиру бузург аст. Шукр аз он мекунем, ки чунин Пешвои фарзонаю хирадманде дорем. Ҳамеша дар фикри халқу миллат буда, намегузоранд, ки нохалафе бод дилу нияти нопок ба кишвари маҳбубамон пой гузорад.

Дар фарҷоми конференсия аъзои фаъоли ҳизб бо Сипоснома Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуда, ба аъзоёни тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.

Суратгузориш аз ҷараёни конференсия.

Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Меҳнат кунӣ – роҳат бинӣ

      Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки замин дар майдончаҳои назди ҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасон бо сокинони ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо усули “хона ба хона” идома дода шуд.        

     Корманди Кумиҷроияи шаҳрӣ аз истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷумла кишти парвариши помидор, булғорӣ, қаламфур, бодринг, картошка ва ҳолати истифодаи заминҳои ёрирасони шаҳрвандон шиносоӣ намуд. Ҳамзамон, оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ғайрирасмӣ, бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, ӯҳдадориҳои падару модарон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” суханронӣ намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Гулистон: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КБХРМ АДРАСМОН”

 Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КДБХК (ХМК) Адрасмон» бо иштироки фаъолони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор кард. Маҷлисро раиси ташкилот оғоз намуд ва оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ҳисобот дод. Зимни баромад қайд гардид, ки аъзоёни ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузоранд. Аъзои ҳизб ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

          Бо пешниҳоди фаъолони ҳизб  Турсунов Ҳамидҷон Ҳайдарович -сардори КДБХК (ХМК) дар шаҳраки Адрасмон раиси ташкилоти ҳизбии  « КДБХК (ХМК)  Адрасмон»  интихоб гардид. Инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Имонро эминдор 

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Дар ҷомеаи имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мубрами ҷиддитарини гуманизм дар асри навин табдил ёфтааст. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёнаи Миёна фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногони динӣ рӯ ба афзоиш ёфт. Дар ҳар як дин, на фақат дар дини мубини Ислом эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун дар каъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсаду ҳадафи ягонаи онҳо барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва пас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни вақт бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Сабаби пайдоиши экстремизми динӣ ин сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, норозигӣ аз вазъи воқеӣ, шавқ ба фаъолияти нав, камбуди дар тарбия, сатҳи зиндагӣ, хусумат, назари этникӣ ва ғайраҳо. Аз ин рӯ, мо ҷомеаи ватандӯст новобаста аз он, ки кадом қишри ҷомеа ҳастем Ватани азизу маҳбубро аз дасти душманони ҳалқу миллат эмин нигоҳ дошта ҳимоя намоем.

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Рубрики
Асосӣ

Гулистон: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаи воҳидии  экспидитсияи комплексии геологии қайроққум дар шаҳри Гулистон

       Санаи 14-уми июни соли равон дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии КВ “ЭКГҚ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 5 масъала баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид .

        Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд.

       Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдуллоев Ғуфрон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди корхонаи воҳидии экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум  фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои  Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошт.

      Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ корбариро байни кормандон ва аҳолӣ роҳандозӣ намуд.

      Сипас чор нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

      Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаракатҳои ифротгароӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз  ибрози сухан намуд.  

      Таъкид шуд, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аъзоёни ҳизбро лозим аст, ки бо мардум бошанд ва ба мардум оид ба моҳияти ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.

     Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳамзамон доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, рушди соҳаи саноат, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён намуданд.

     Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ роҳбари корхонаи воҳидии экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум Худойназар Амонзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.

     Инчунин, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадршиносӣ карда шуда, аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.Аксҳо аз ҷараёни маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ.