Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Дастуру супоришҳои Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунем

Бо мақсади аз наздик фаҳмонидани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.08.2022 дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иброз гардид, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода К.Ш. ва кормандони комиҷроия тибқи нақшаи корӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти “Пошкент” ва “Чорбоғ” вохӯриҳои “рӯ ба рӯ” гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, аз он ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии наврасон, пешгирии хурофотпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон сухан ронда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ

         Конференсияи ХХV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан имрӯз барпо гардид. Дар кори Конференсия муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврон, раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, вакилон, фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

         Нахуст меҳмонон ва вакилони Конференсия бо рафти сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, ки дар арафаи анҷомёбист, шинос гаштанд. Сипас онҳо бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони Истаравшанӣ ва дастовардҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз Конференсия то Конференсия шинос гаштанд.

         Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1.  Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

  • Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022
  • Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
  • Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан.
  • Интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Афкори халқ».
  • Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.
  • Масъалаҳои ҷорӣ.

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ҳисобот дод. Чӣ тавре дар баромад қайд гардид, дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб 2931 нафар аз ҳисоби бонувону ҷавонони фаъол афзун гашта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 31 адад зиёд шуд.

         Ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.

         Дар давраи ҳисоботӣ 4 конфренсия, 13 маҷлиси КИ, 14 маҷлисҳои раёсат гузаронида шуд. Ҳозирин маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Абдураҳмонзода Афзуналиро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд.

         Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда Ғафурҷон Маъруфӣ – раиси КИИ “Пайравони Сино”, Шаҳло Назарова – раиси  ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”, Фархунда Азимова, омӯзгори МТМУ №15, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Ҳакимзода Фирӯз – раиси ташкилоти ибтидоии “Нофароҷ” ба музокира баромаданд.

         Муовини аввали раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ Абдуқаҳҳор бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вазифаҳои ҳизбиёнро дар минбаъда мушаххас муайян карданд. Инчунин муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ва Раиси шаҳри Истаравшан  Адҳам Маъмурзода низ дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки ҳизбиён дар бурдани корҳои тарғиботӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷоя амал менамоянд.

         Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 45 нафар ва раёсати он дар ҳайати 15 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 42 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд.

         Дар Конференсия М.Абдуваҳҳобова сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” аз нав интихоб гардид.

         Ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаи КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуданд. Инчунин ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоле, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

         Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид. Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев К.Ш аз нав раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан интихоб гардид.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ(бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон ва ҷиҳати дастгирии давлатии ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чи тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
     Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президентӣ зиёд гардидааст.
     Мо — ҷавонони бо нангу ор дар ҷавоб ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаеро рӯи даст бигирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошем ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.


Гулнора Урунова
Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Аёдатҳои идона

         Маъюби гурӯҳи якум Бӯтаева Муқаддас, истиқоматкунандаи деҳаи Пошкент аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба муносибати иди Саиди Қурбон аёдат карда шуда, ба ӯ нафақаи ҳармоҳаи ҳизбиаш супорида шуд.

         Бӯтаева Муқаддас дар сӯҳбат сарфарозии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд.

         Инчунин маъюби гурӯҳи якум Шарифҷони Шавкат истиқоматкунандаи деҳаи Ободӣ низ аёдат карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Аёдати идона

         Ба муносибати Иди Саиди Қурбон аёдати идонаи сарбозони қисми ҳарбии 0202 дар дидбонгоҳи “Ваҳдат” аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Расулов Аслиддин ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст. Байни сарбозон ва кормандони Кумитаи иҷроия сӯҳбати самимӣ ва ошкоро барпо гардид. Сарбозон шукрона аз фазои сулҳу оромии кишвар намуда, изҳор намуданд, ки ба Ватани азизи худ содиқона хизмат мекунанд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Дирӯз Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид, ки дар кори он вакилони конференсия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сангинов Мурод, раиси комиссияи шаҳрии интихобот Абдураҳмонзода Афзуналӣ иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев ҳусни оғоз бахшид. Котиботи Конференсия, ҳайати таҳририя ҳайати комиссияи мандатӣ тасдиқ карда шуданд.

Бинобар иттилои раиси комиссияи мандатии конференсия М.Абдуваҳҳобова дар кори конференсия аз 104 нафар вакилон 98 нафар иштирок доштанд.

Дар конференсия масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаҳои интихоботии №5 “Оли Сомон” ва №20 “Шаҳраки Гули Сурх” мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз тарафи вакилон номзадии Олимҷонзода Толиб муовини раиси шаҳр ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии №5 “Оли Сомон” ва номзадии Рустам Фахриддин, директори МТМУ №52, деҳаи Болғалӣ бошад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии №20 “Шаҳраки Гули Сурх” пешниҳод шуд.

Вакил аз КИИ “Нури маърифат” Мӯсоева Маҳбуба иштирокчиёни конференсияро бо ҳаёт ва фаъолияти номзадҳо аз наздик шинос намуд.

Баромадкунандагон Мухторова М, Сангинов М ва дигарон дар суханронии худ фаъолияти хуби кории номзадҳоро зикр намуда, изҳор намуданд, ки ҳар ду ҳам арзандаанд.

Олимҷонзода Толиб аз ҳавзаи интихоботии №5 “Оли Сомон” ва Рустам Фахриддин аз ҳавзаи интихоботии №20 “шаҳраки Гули Сурх” якдилона ба номзадии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан пешбарӣ гардиданд.

Конференсия аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул карда, аз комиссияи шаҳрии интихобот хоҳиш намуд, ки номзадҳои пешниҳодкардаи Конференсияи ҲХДТ-ро ба қайд гирад.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан

  Ҷашни ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.  Оре, Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта иқтисодиёташ то рафт меафзояд.

  Ҳаммаънои вожаи “ваҳдат”, “сулҳ” аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист.

Ҳамдилии мардумон  аз Ваҳдат аст,

Ҳаммаромӣ дар ҷаҳон аз Ваҳдат аст.

                                    Дар ҳама ақсои дунёи бузург,

                                   Дӯстии ҷовидон аз Ваҳдат аст.

  Чигунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода,  ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил дода истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дурусту ҳақонӣ дода тавонем. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон  пойдору ҷовидон бошад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо ҳатто як пора нон ёфта наметавонем.  Мо ҷавонон бояд дар сатри аввали хотираи  худ ҷой диҳем, ки ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати куҳанбунёди мо  дар тӯли ҳазорсолаи бедавлатӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба дӯши мо ҷавонон вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пуршараф ва масъулиятнок аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини Ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем. Дар ин ҷода ғояи Ваҳдати миллӣ ду сарчашмаи асосии идомаи ташаббусҳои ватансозию ватандории мо мебошанд.

Мо ҷавонон хуб дарк мекунем, ки танҳо ба воситаи иттиҳоду якдигарфаҳмӣ ба мақсаду мароми хеш ноил мегардем. Аз ин рӯ хоҳони онем, ки ҳар як фарди кишвар, хосса ҷавонон ба ҳам муттаҳид бошанд. Бовар кунед, ки душман бо ҳазорон аслиҳа мусаллаҳ бошад ҳам, иттиҳоду сарҷамъӣ ва донишу зиракиро шикаст дода наметавонад.

  Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки кулли мо ҷавонон бо омӯхтани илму дониш баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва муаррифии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат мебандем ва баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамонсаъю талош меварзем.

  Шиор: Ваҳдату Истиқлол – ғояи миллист.

Сулҳу Ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ваҳдат самараи Истиқлол

Барои давлатсозии замони гузариш Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат зинаи муайянкунанда ва рукни побарҷои ҷомеъадориву ҷомеъасозии кишвари моро таъмин мекунад.

                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

     Агар ба таърихи на чандон дури Ваҳдати миллӣ назар афканем, мебинем, ки аҳдномаи ризоияти ҷомеъаи Тоҷикистон бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсозонаи миллати моро ба амал овард. Он дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки тоҷикон зимни иродаи модарзодии хеш сари мизи гуфтушунид нишастанро аз бар карданд ва аз баҳри тафаккури дастнигар гузашта, ба фикри мустақилонаву созандаи хеш оромона даст ба даст доданро ҳифз карданд. Ба таҳаммул пеш омадани тоҷикон, чуноне ки маълум мегардад, дар андак вақту замоне ба амал напайваст, балки лаҳза ба лаҳза дар натиҷаи иқдоми пайгиронаи ҳарду ҷониб ва пеш аз ҳама зимни иродаи Сарвари давлат- Эмомалӣ Раҳмон ин гуна нишасти дурбинонаву ҳадафгирона амалӣ гардид. Натиҷагирӣ аз чунин нишастҳо ва гуфтушунидҳо ба он анҷомид, ки фарзандони содиқи миллати мо бо таҳаммул, пеш аз ҳама бо таҳаммули сиёсӣ манфиати халқу кишварамонро дар маркази ҳадафи хеш қарор дода, ба ризоияти миллӣ даст ёфтанд. Ин гуна муносибат, ки ҳанӯз аз соли 1994 то соли1997 идома дошт, баробари ба вуқӯъ пайвастани ризоияти миллӣ он ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар таърихи миллати мо сабт гардид. Дастёзонии азизмардони миллат, ки тарроҳи асосии ризоият ва ваҳдати миллӣ Сарвари давлати тоҷикон- Эмомалӣ Раҳмон мебошад, натиҷаи дилхоҳу судманди таърихофаринонаро ба бор овард.

     Ҳадафи умдаи созмони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо фарогирии дипломатияи мардумӣ асосан аз ором гардонидани авзоъи номӯътадили олами ботини инсонҳо, яъне орому осуда намудани мардумони ворастагардида аз ҷанги таҳмилӣ, ки дар олами ботини фард-фарди азизон унсури нафрату адоват ва нобовариву бадбиниро ҷой карда буд, рафъ месозад.

     Яқинан Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар маркази ҷумҳурӣ, марказҳои вилояту ноҳия ва деҳоти дурдасти ҷумҳуриямон дар миёни мардуми рӯзгордидаи деҳот баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Роҳбари кишвар ҳарчи бештар кору пайкори менамояд. Итминон дорам ҳамин ваҳдат буд, ки садпорагиҳои ҷомеъаи моро бо ҳам ошно сохт. Ҳамин ваҳдат буд, ки ҳамагони азизони озурдахотирро ба оғӯши гарму нарми Ватани муборакноми мо пазириш кард. Ҳамин ваҳдат буд, ки чашми чору гумзании дилҳои хастаро дар интизории азизону пайвандон рафъ сохт. Ҳамин ваҳдат аст, ки нусратҳои тоза ба тозаро барои фард-фарди мардуми шарифи куҳандиёрамон ҳидоят мекунад.

     Ҳамин ваҳдати замирӣ ва ҷавҳарписандӣ аст, ки миллати асрҳо ҷафокашидаву хастадил буда ва аз суннатҳои аҷдодии ҷудоафтодаи моро бароямон бармегардонад ва ҳамин ваҳдати қалбии азизон ба асрҳои зиёд мондагории давлати миллии тоҷикону Тоҷикистониёнро таъмин хоҳад кард.

Баротов Муҳаммадалӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Андешаҳои кӯчаку шогирдона перомуни вожаи муқаддасу мафҳуми бузурги ” Ваҳдат”

  Бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи меҳан ва зиндагонии тинҷу осоишта, ки бо шарофати фарзанди асилу родмарди шуҷои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мехоҳам андешаҳои оҷизонаву шогирдонаи  худро бароятон иброз намоям.

 Дар асл ақли мо, идроки мо барои фаҳмидан ва тасаввур кардани мафҳумҳои беҳад бузургу муқаддас –  амсоли Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият

ниҳоят кӯчак аст. Зеро ки мо зодагони даврони тинҷиву оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ ҳастем. Он солҳои сангинеро, ки бар сари халқи тоҷик омада буд, надидаем, танҳо аз забони бузургсолон шунидаем, ки ба назарамон афсона метобад.

 Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

   Ваҳдат чист? Ваҳдат ин ҳамдилист, ягонагист, иттифоқу иттиҳод аст. Ваҳдат вожаи бениҳоят муқаддас, бебаҳо ва зебову гушнавоз аст.

      Ваҳдат, яъне зиндагии босаодат, Ваҳдат, яъне ҳаёти тинҷу осуда. Ваҳдат, яъне оромона аз ҳавои атромези Ватан нафас кашидан. Ваҳдат, яъне хандаҳои беғаши кӯдакон, шодиву сурури модарону духтарон аст. Ҳаёти ширин, зиндагии шоиста, табассуми зебо, кору фаъолият, таҳсил, шӯхиву бозӣ- ин ҳама аз Ваҳдат аст.

Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,

Осмонаш файзафшон аз фазои ваҳдат аст.

Оре, зиндагиро бе Ваҳдат тасаввур кардан нашояд. Ҳаёт бе Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият дар назари мо афсонае аз қарнҳои гузашта метобад, аммо ҳоло акнун 25 сол пур шуд. Танҳо 25- сол муқаддам мо, тоҷикони тоҷбарсар, ба Ваҳдату ягонагиву ҳамдиливу иттифоқу бародарӣ расидем.

Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат имрӯз зиндагии шоиста дорем. Мо, ҷавонон, наслҳои даврони Истиқлолият ҳастем.

Мо – дурдонаҳои қаъри уқёнуси Сулҳу Ваҳдат, самараҳои дарахтони боғи Истиқлолият , ҷавонони хушбахти замон ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат,таҳсили худро бо баҳои аъло идома медиҳем, мактабро бо баҳои аъло хатм карда, сазовори номи донишҷӯй мегардем ва пас аз хатми макотиби олӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи худ барои рушду пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем.

Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,

Ҳаммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст!

Маҳмудӣ Париноз – гирандаи стипендияи президентӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Ваҳдати миллӣ поянда бод!

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.

Тақозои замон он аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи кави ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Имсол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, таҷлил мегардад. Албатта, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми карни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба халки точик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бобур Шарифов

аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан