Рубрики
Асосӣ

30-соли ҳамбастагӣ бо Пешвои муаззами миллат Албом-истафета ба шаҳри Истиқлол омад

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияи умумиҷумҳуриявии албом-истафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” доир гардида истодааст ва ба шаҳри Истиқлол низ аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт дар ҳайати раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар меҳмонон, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ин мазҳари самимият ба таърих оварда супорида шуд.

Дар рафти қабули меҳмонон ва супоридани Албом-Истафета Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, фаъолон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли шаҳр ширкат намуда, бо истиқболи гарму самимӣ албом –истафетаро қабул намуданд.

Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби Раиси шаҳри Истиқлол ба меҳмонон чун рамзи эҳтиром ба дастурҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат якчанд асарҳои Президенти маҳбуб ба меҳмонон тақдим карда шуд.

Таъкид шуд, ки мо сокинони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои расидан ба ҳадафҳои олии ватандорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол Конференсияи ХХIV ҳисоботӣ-интихоботи Кумитаи иҷроиия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар кори Конференсия Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аҳмадзода Оятулло Изатулло, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, фаъолони ҳизб ва ҷавонон аз ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми Конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода М.Н. оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод. Дар рафти баромад қайд кард, ки Конференсияи ХХIV – уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсӣ – 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ даъват шудааст. Ин моро бори дигар водор месозад, ки фаъолияти таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкилӣ ва оммавӣ-сиёсии худро тақвият бахшида, баҳри баргузории ин ҷашни муқаддас чораҳои амалӣ андешем.

Сипас фаъолони ҳизб аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба музокира баромада, ҳисоботи кумиҷроияи шаҳрриро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома раиси Комиссияи тафтишотии кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ маърӯза кард.

Ҳамчунин аз рӯи масъалаҳоли рӯзномаи Конференсия ҳайати нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, ҳайати нави комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Конференсия тасдиқ карда шуданд.

Инчунин номзадии 10 нафар фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба вакилии Конференсияи 15 уми ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ карда шуда, интихоб гардиданд. Баъдан дар вазъияти тантанавӣ якчанд фаъолони ҳизб бо медали ҷашнӣ ва сипоснома тақдиронида шуданд.

Кори Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом пазируфт.

Рубрики
Асосӣ

Биё, то раиятпарвариро аз Раҳбари худ омӯзем

Дар авроқи таърихи инсоният бар раият ҳамеша нафаре фаъол роҳбар буда, пешрафти он марз ва ҳаёту он мардум аз тадбиру ройи он роҳбар вобастагии бузург дошт, ё қаламраваш обод ва рӯзгори мардум осуда ё марзе пур аз ноиттифоқӣ ва раият дар гадоӣ. Ин сифатҳои роҳбарӣ ба тавре ёдгор мондаанд, ки то имрӯз мардум аз он дарси ибрат мегиранд. Саъдии Шерозӣ низ дар гуфтори хеш мефармояд, ки дар он мулқ, ки шоҳаш ахлоқи ҳамидаро доро ва дар баробари раияти хеш одил бошад бақову пойдорӣ дар кишвараш ва оромиш дар дили инсонҳо абадӣ мегардад.

Чун ин ҷо ҳарфе задем аз адлу доди сарварон, ростӣ бояд гуфт, ки ба бахти миллати мо низ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи пешгирифта ва алалхусус бо ҳикмати асили инсондӯстӣ давоми солҳои сарвариашон ба мулки тоҷикон ном баровардаанд ва шаҳодат аз он ин аст, ки имрӯз хурду бузурги кишвар Пешвои моро дӯст медоранд.
Яке аз пиндоштҳо, ки сармашқи фаъолияти Пешвои мо ҳаст, ин аз наздик ошно будан ба ҳаёти мардум маҳсуб меёбад. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишварамон ва суҳбати самимӣ бо халқи азиз шаҳодат аз гуфтаҳои болост. Ин гуфтаҳои пири маънавӣ Саъдии Шерозӣ дар рисолати Шоҳи мо нақши муҳим бастаанд: «Подшаҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянду раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд» Имрӯзҳо шукрона дар атрофи ин сиёсати инсонпарварона мардум сарҷамъанд ва бодо бод, ки ҳазорсолаҳо чунин бошад. Бузурге дар ин маврид фармудааст:


Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,


Давлати боқӣ зи камозорияст.


Мамлакат аз адл шавад пойдор,


Кори ту аз адли ту гирад барор.

Чун дар боло қайд кардем, ки мардум имрӯз хосса пиру ҷавон аз ин сиёсат хушҳоланд, бале ҳақиқати ҳол аст. Ин пешаи Пешвои азиз чун инсондӯстӣ ва раиятпарварӣ, дасти сахо болои мардумон доштан ва меҳанпарварӣ дарси фаъолияти ҳар як роҳбар, ки вазифа имрӯз ба дӯши ӯст бояд бошад.
Ҳар он дастуре ё супорише аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешавад бояд сармашқи кори мо бошад, зеро дастурҳо ва фаҳмишҳои ин пири хирад аз таҷриба, тадбирҳои санҷидашуда ва хосса аз муҳаббат ба ин марз сарчашма гирифтаанд. Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и хеш менависад, ки тадбир бар ҳама кор аз касе, ки сафарҳои бисёр карда ва ҷаҳон бештар дида, сарду гарм чашида ва дар миёни корҳо буда бигир ва бар фоидаи ту бошад.
Ё Афлотуни доно менависад, ки пойдории давлат ва ҳастии он, ки сангинтарин аз вазоиф дар сиёсатҳо ҳаст аз қудрати Сарвар вобаста аст, то он даме Сарвари дар чунин сиёсат ҳаст давлаташ пойдор.
Ба ростӣ яке аз рисолатҳои хирадмандонаи Пешвои азизи миллат ин суҳбат бо мардум аст ва бештар вақт дар сафарҳои корӣ дар ҳама манотиқи кишвар Сарвари азизи миллат рӯ меоранд ба пирони кор, собиқадорон, модарону ятимон ва махсусан сухани раият гӯш мекунанд бевосита.
Ин инсондӯстии эшон аст, ки имрӯз ҳама Пешвои миллатро эҳтиром мекунанд ва асли ҳол он аст, ки ҳар куҷое дар ин марзи муқаддас обод мешавад ё кадом соҳибкор даст ба кори ободониву созандагӣ мениҳад иқдом аз амалҳо ва дарс аз ҳаёти оқилонаи Пешвои миллат аст.
Шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ басе хуб қайд кардааст, ки :


Давлатеро ба миллат овардӣ,


Миллатеро ба давлат овардӣ.


Ватан акнун шикояте накунад,


Ту шукуҳу шаҳомат овардӣ.


Ту ҳамонӣ, дигар нашуд суханат.


Мамлакатро ба ваҳдат овардӣ! М.Ниёззода

Рубрики
Uncategorized

Истиқлол: Донишандӯзӣ ва худшиносӣ алайҳи ифротгароӣ

            Мақола: Илму донишандӯзӣ инсонро аз вартаи бесаводӣ, ба роҳи камолот мебарад ва махсусан дар шароити имрӯза нафарони бетаҷриба ё аз донишу малака дур монда саргардон мешаванд ва бештар вақт дар чоҳи гумроҳӣ меафтанд. Ба ҳамин хотир бузургону аҳли илму адаби мо донишу ҳунаромӯзиро бештар ташвиқ кардаанд. Муҳаммад Ҳиҷозӣ мефармояд: «Ақл ба донишандӯзӣ агар бузург шуд, дил бад-ӯ таслим мешавад».

            Бояд ҳар як нафар узви дилсӯзи ҷомеа барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, ба илму донишандӯзӣ, алалхусус ба худшиносиву меҳанпарварӣ кӯшиши беш аз пеш намояд.

            Имрӯз шоҳиди онем, ки як гурӯҳ найрангбозону туҳматбозон дар хориҷ санги маломат ба сӯи мо партофта, бо ҳаргуна иғво мехоҳанд шаъну шарафи миллат ва кишварро паст зананд ва дар ин маврид ба мо лозим то ҳарчӣ бештар байни насли наврасу ҷавон корбарӣ намоем, зеро  таъсиррасонии бемаврид ё гумроҳ кардан дар бештар вақт аз камтаҷрибагию камдонишии инсон сурат мегирад. Ва омӯзиши таърихи гузашта, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, ба варзиш ва нишон додани роҳи росту муфид метавонад ононро аз вартаи гумроҳӣ бираҳонад. Муҳаммади Ҳиҷозӣ низ мефармояд: «Донишандӯзон аз ҳазор бало дар амонанд».

            Биёед барои бедории ватандӯстиву худшиносии насли бузургу ояндадор-ҷавонон кӯшиш намоем то эҳтиёҷ ба ҳарфу каломи пучи дасисабозон надошта бошанд.

            Охир аз дасисабозиву хиёнат дар тӯли таърих ягон нафар обрӯе пайдо накарда, балки ба  ҳамоқат гирифтор шудааст. Муҳаммадҳиҷозӣ дар ин маврид мефармояд, ки : «Хиёнат ба Ватан- зану фарзанд ва хешону дӯстонро ба душман фурӯхтан аст.»

            Ҷавононро алҳақ бояд ба донишандӯзӣ ва меҳандӯстӣ ҷалб намуд то дасти бераҳмонаи гумроҳиро нагиранд. Имрӯзҳо ин қаллобон мағзи сода кофта, бештар таъсиррасониашон чуноне ки дар боло гуфтам ба инсонҳои камтаҷриба мерасад ва дар ҷомеа бояд тариқи корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ин вартаҳои ноҷур бояд баъзе соддалавҳонро бираҳонем.

            Аҷиб он аст, ки  дар ҳар маъракаи умумиҷумҳуявӣ, ки дар кишварамон  баргузор мегардад, ин нокасон- М.Садриддин, М.Кабирӣ ва чанде дигарон даст ба  дасисабозӣ зада истодаанд.

            Имрӯз бо ҳар роҳу восита, махсусан тариқи шабакаҳои «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар бо барномаҳои телвезионии «Ислоҳ –тв» «Садои мардум» ва дигар каналҳои ифротӣ маводу наворҳоро аз рӯи диди нокасона ва бӯҳтонсозонаи худ баҳо дода пешкаши мардум намуда итстодаанд.  Танҳо дар ин роҳ хирад, таҷрибаву дониш, меҳандӯстӣ ва садоқат ба ин марзи муқаддас-Тоҷикистон роҳи ин рубаҳонро гирифта истодаанд ва итминон дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар тамоми фаъолияти ононро маҳкум менамоянд.

            Моро зарур аст, ки дар ҳар сухани ин афрод ҷавоби сазовор диҳем то рӯзҳояшон ба ҳирмон гузарад.

                                                                                              Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол  М.Ниёззода

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»

ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»  дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда, тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ,  интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол мавриди баррасӣ, интихоб ва дастурдиҳӣ қарор гирифт баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоӣ  фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.

Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи фарҳанг нигаронида шудааст. Сипас ду нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз таъкид намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм М.Ниёззода вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд. Бо пешниҳоди аъзои ҲХДТ Наргиза Раззоқова аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.

Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии мазкур 1 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад. Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб 1 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамзамон М.Ниёззода доир ба   масъалаи  иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ», ки ҳамасола ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» яке аз аввалинҳои шуда иҷро намуд изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо итминон қайд карда шуд, ки соли равон низ ин иқдом  саривақт роҳандозӣ хоҳад шуд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Мақоми роҳбарӣ дар шароити кунунӣ

АНДЕША: Мо имрӯзҳо аз вазъияти мушкили сиёсии  дар Ҷаҳони мутамаддин рӯйи коромада бохабарем ва дида истодаем, ки дар бархе аз кишварҳо тамоюлҳои ба ном демократӣ рӯи кор омада, ҳамзамон бо истифода аз “дастгириҳо”-и давлатҳои абарқудрат чи корҳое шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки дар ин маврид тибқи таҳлили сиёсатшиносон ҳадаф ва мақсадҳои баъзе кишварҳои “дасти дароз дошта” то ҳадде ноором сохтани вазъ дар мамлакатҳои хурдтар ба назар мерасад ва ҳоло ҳам собит аст, ки ин кӯшишҳо танҳо барои ба даст овардани  замин, сарват ва асосан қудратталабӣ маҳсуб меёбад. Дар натиҷа, талаботҳо ва хостаҳои  басо қобили ҳокимияти халқ ба вуҷуд омадаанд, ки мо дида истодаем.

Дар мисоли қавӣ мо метавонем вазъияти имрӯзаи Украина ва чанде аз дигар кишварҳо, аз қабили  Қирғизистон ва Гурҷистон, ки солҳои пешин ба вуқуъ омада буданду ҳанӯз солҳои сол идома доранд, мебошад. Масалан чунин “инқилобҳо” дар Қирғизистон,  даҳсолаҳост идома ёфта истодаанд ва оқибатҳои он ба мо маълум аст. Дар ҳамон сол дар аввал ҳудуди ду ҳазор нафар ба кӯчаҳои Бишкек баромаданд, даргириҳо бо пулис дар кӯчаҳои шаҳр идома ёфт, эътирозгарон дарвозаҳои қароргоҳи раисиҷумҳур ва ҳукуматро шикаста  сӯи бино сангборон карданд. Дар як рӯз шумораи шаҳрвандони дар беморхона бистаришуда 130 нафарро ташкил додааст.  Ҳамзамон метавонем, ки  ба мисоли чун “инқилоб” –и дигар кашмакашиҳои  моҳи ноябри соли 2003 дар Гурҷистонро пешниҳод намоем. Пайи ин инқилоб роҳбари кишвар истеъфо доду Михаил Саакашвилӣ ба ин мақом омад ва оқибат боз ҳамон инқилоб ташкил гардид ва Саакашвилӣ аз сари ҳокимият ронда шуда, зиндон карда шуд.  Саакашвилӣ аз соли 2004 то 2013 раисиҷумҳури Гурҷистон буд. Пас аз тарки мақом алайҳи ӯ чанд парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Худи сиёсатмадор онҳоро ангезаи сиёсӣ хонда, кишварро тарк намуд. Соли 2015 шаҳрвандии Украинаро гирифт ва раҳбарии вилояти Одессаро бар дӯш дошт, аммо пас аз як сол раисиҷумҳури вақти кишвар Петро Порошенко ӯро аз мақоми волӣ барканор ва баъдан аз шаҳрвандӣ маҳрум ва дар соли 2018 аз кишвар хориҷ кард. Президенти феълии Украина Владимир Зеленский як моҳ пас аз интихоб шуданаш дар моҳи апрели соли 2019 шаҳрвандии Саакашвилиро барқарор кард ва баъдан ӯро раиси Кумитаи иҷроияи ислоҳот таъйин кард. Чанде пас  Саакашвилӣ ба кишвараш баргашту зиндонӣ шуд. Ин нишона ва оқибати ташкили даргириҳои сиёсӣ аст, ки чандсолаҳост дар Ҷаҳон идома дорад.

Дар чунин вазъият  дар ҳар як кишвар  бояд роҳбаре бошад, ки бо дарки ин чандандешиҳои сиёсӣ ва қудратталабии абарқудратҳо  дар кишвараш барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ чун ваҳдати комил ва амнияту осоиштагӣ талошҳои пайваста намояд.

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки роҳбари муваффақ бояд дорои 4 хусусияти калидӣ бошад, ки дар модели сиёсати идоракунӣ дар давоми тадқиқот таҳия шудааст,  ин қобилияти пешгӯӣ кардан, суръат бахшидан ба рушди ҳама самт, эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо ва эътимод бахшидан ба халқ мебошад.  Ва ҳақиқатан ҳам дар фаъолияти ватанпарваронаи Президенти маҳбуби кишварамон ин нишонаҳо чун самти асосии фаъолият собит шудаанд. Махсусан агар дар алоҳидагӣ ин чор хусусиятро баҳо диҳем чунин аст:

1.Қобилияти пешгӯи кардан

Аз давраи оғози фаъолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари минбаъдаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,  то ҳатто аз минбарҳои умумиҷаҳонӣ пешниҳоди   пешгирӣ ва мубориза алайҳи ифротгароиро пешкаш намуда буданд. Имрӯзҳо ин масъала дар ҳадди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад. Ё пешгӯияшон доир ба масъалаҳои дигар аз қабили захираи маводҳои ғизогӣ, тезу тунд гардидани муносибатҳо ва дигар масоил.

2. Суръат бахшидан ба рушди ҳама самт

Эълони намудани 4 ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар , ки  натиҷааш имрӯзҳо ободӣ  ва осоиштагӣ дар кишвар ва ҳаёти мардум возеҳ аст ба ин хосият пайванди ногусастанӣ дорад.

3.Эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Яке аз натиҷаҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

4.Эътимод бахшидан ба халқ

 Масъалаи дигаре, ки метавон ба хосияти чорум пайванд дод, ин мардумӣ будани Сарвари халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқро пояи давлатдории хеш донистан, эътибор ба хурду бузурги кишвар, суҳбати самимӣ бо мардум, ташриф ба нуктаҳои дурдасти Ватани азиз-Тоҷикистон нишонаи инсондӯстии ин марди шариф аст ва ин ҳадди эътибор бояд афзоиш ёбад.

Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони  масъулияти давлатдориро ба ӯҳда доштанашон некбин буданду ҳастанд ва бар иҷрои ҳадафҳои ояндасозу ободкоронаашон  камари ҳиммат баста, имрӯз бар хурду бузурги кишвар муҳтарамтар ва маҳбубтар гаштаанд.

Муҳим аз ҳама, Пешвои миллат дар давраи фаъолияти хеш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд барои таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суббот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ камари ҳиммат банданд ва имрӯз ин арзишҳо дар кишварамон ҳукмфармо ҳастанд. Метавон қайд кард, ки рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардум дар сурати мавҷудияти арзишҳои номбаршуда ба миён меояд. Яъне авваллан ва умдатарин масоили ҳаёт оромӣ ва суббот аст.

Бояд қайд кард, ки  дар шароити кунунӣ зимоми давлатро бар ӯҳда доштан, дар имрӯза шароити бисёр мушкил, ки дар саросари кураи Замин бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ва нақшаҳои пасипардагӣ мавҷуд ҳастанд  танҳо таҷриба, малакаи кордонӣ, сиёсати  дурбинона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин миён ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ зарурист ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар ба фаъолияти созгори ин фарзанди фарзонаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад.

                   М.Ниёззода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Рубрики
Мақола

Истиқлол: Ваҳдати миллӣ- дастоварди кишварсоз

Мақола: Қаблан дар маводҳо, ки дар васфи озодиву ваҳдату сулҳ таҳия шуданд арз доштем, ки аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аъло касб кардааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.»  Дар ҳақиқат истиқлолият ва озодӣ барои миллат ва рушди ҳамаҷонибаи он, худшиносӣ ва худогоҳӣ мусоидат намудааст. Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки  дар таърихи идораҳои давлатҳои дунё кам нестанд миллат ва халқиятҳое, ки барои ба даст овардани озодии давлатӣ кӯшиш намуда истодаанд, вале ин барояшон муяссар нагаштааст. Мисоле метавон аз каталонҳо, курдҳо, оғузҳо ва дигар миллатҳоро овард.

Марҳилаи баъди ба даст омадани  Истиқлолияти давлатӣ каме душвортар барои миллати тоҷик арзи ҳастӣ кард,  зеро дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд.  Ҷанги шаҳрвандӣ мардумро пароканда карда ба ягдигар душман сохт ва махсусан хатари нестшавии давлати тоҷикон пеш омада буд, ки борҳо Пешвои миллат дар ин маврид суханронӣ намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.» Ба ҳамин хотир ваҳдати миллиро метавон дастоварди кишварсоз номид.

            Ростӣ тоҷикистониёнро ваҳдати миллӣ ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид кард ва мардум бо умеди ояндаи дурахшон, бо истифодаи иродаи қавии якдигар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ин аст азми азими халқи бузургвори мо! 
            Рисолати муттаҳидӣ низ дар таърихи инсоният ҳамчун падидаи рушд барои расидан ба ҳадафҳои созандаву нек мусоидат намудааст. Зеро парокандагӣ ҳамешагӣ низоъро тавлид кардааст ва дар кишваре, ки махсусан ба  арзишҳои ҳамдиливу муттаҳидӣ эҳтиром надоранд он ҷо ҷангу ғурбат ҳамешагист. Арасту низ андешаи худро бобати масъалаи ҷудоихоҳӣ баён намудааст:  “Ҷудогона, мо заифтар ба назар мерасем ва дар бештари вақт моро бо ин аҳвол шикаст медиҳанд, аммо агар инсоният муттаҳид бошад ба як воҳиди ягона табдил ёфта,   тавоно мегардад.”
 

Аз забони шоир Сафар Аюбзода оварданиям, ки чунин ишора дорад:

                                                     Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,

                                             Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Ба ҳамин хотир ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, сулҳу субот ва амният барои мо муқаддас бояд бошад. Зеро мо бе ин арзишҳо комил нестем. Ифтихор бояд дошта бошем, ки чунин арзишҳо насиби моён гаштааст. Ва боиси қайд астт, ки дар ба даст овардани ин  муқаддасот нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  асосӣ аст. Зеро фарзанди фарзонаи миллат бо дарк ва фаҳмиши  оқилона ва меҳанпарваронаи хеш барои ба даст овардани ин неъматҳои ноёб кӯшидаанд. Шоир Алимуҳаммад Муродӣ гуфтааст:

Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон .
Сад шукр ба бандари наҷоташ овард,
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон.

       Ё дар васфи ваҳдат устод Ҳақназар Ғоиб чунин сароидаанд:

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.

         Бигзор ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳазорсолаҳо ҳукмфармо бошаду халқи тоҷик муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамеша хушнудию хурсандӣ ба коми дили ҳамаи пиру барнои Тоҷикистони азиз бошад.

      М.Ниёззода Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Рубрики
Мақола

Табиатҳои пастар андешаашон ҳам пастар аст

Г. Белинский гуфтааст: “Барои табиатҳои пасттар ҷиҳати интиқом додани андешаҳояшон бо роҳи партофтани ифлосии нуқтаи назар ва андешаҳои бад заруртар амале нест ва ин нуқтаи назарро онон мутаассифона муқаддас ва бузург меҳисобанд”.

Ба ҳамин хотир, моро зарур аст, ки на барои ошӯби мағзӣ бо ин нохалафон, балки ба ҷомеа дурустии вазъро бояд фаҳмонем ва дар ин миён гуфторе ҳам кор диҳад – чун саг маро газад ман ин ҳайвонро нахоҳам газид, зеро ин рафтор нооқилона аст ва баръакс барои муолиҷа кӯшиш менамоям то саломатии хешро хуб намоям.

Махсусан аксаран вақт суҳбати гурӯҳҳои нохалафро мебинӣ ва ва андешарониҳояшонро мешунавӣ боис ба оне мешавад, ки танҳо ба онҳо аҳамият намедиҳӣ ва гомҳои устуворро ба пеш меандозӣ. Бешак ба онҳо мубоҳиса кардан низ нашояд, зеро фаҳмишу дарки онон, чуноне, ки Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст, зеҳни инсонро хароб ва кунд месозад. Марк Твен низ фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ бо аблаҳон мубоҳиса накунед, зеро Шумо ба сатҳи онҳо меравед ва ақидаҳои шуморо муҳокимаҳои ин тоифа несту нобуд мекунад”. Ман инҷо нуктаи назарро ба хотири он нагуфтам, ки дастҳо кушода нишинем то бар сари мо бароянд, вале мубориза ба таври баръакс, яъне бо онон не, балки бо мардум сару кор гирифтан лозим то мағзи мардумро нашикофанд.

Дида истодаем, ки дар хориҷи кишвар ин тоифа даст аз ҳизби террористии наҳзат шустанду паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилотҳо таъсис доданд ва ҳамарӯза бо барангехтани кинаву адоват нисбати роҳбарияти азизи кишвари мо ҳамагӣ дарафтодаанд. Гуё мақсадашон “дилсӯзӣ” ба миллат аст. Асло не! Ҳокимиятро ғасб кардан ва ахиран ба миён овардани таҳаввулот аст, ки мо дарси зиндагӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтаем, ки таъсираш кунун низ мондааст. Ба ҳамин хотир хонандагони азиз бояд донем, ки ин тоифа мақсади хароб кардану худ кайфияташ диданро доранд, ки ноҷавонмардона аст. Ин гуна одамонро А. Балзак чунин гуфтааст: “Одамоне ҳастанд, ки ба сифр монанданд ва ҳамеша барои зиёд шудан пеш ё паси дигар арқом ҷой мегиранд”, ки дар ҳақиқат чунин аст. Фалсафаи ин афрод ва гурӯҳҳо аз азал чунин буд ва мемонад, ки пушти абарқудратҳо ва манфиатхоҳон руст мешаванд.

Инҷо мехоҳам қайд намоям, ки агар ба маводу мақолаҳо ё наворҳои ин гурӯҳҳо бингаред, дар бештар вақт аз иқдомҳои шоистаи мо ҳарфи муқобил мезананд. Пешаи худ медонанд ба боварии мардум тариқи ин хабарҳо ва туҳматҳо ворид шаванд, бештар вақт ба мағзи инсонҳо дар ҳозира замона воҳимаҳо кор мегиранд ва фалсафаи фаъолияти ин тоифаро мехостам бо гуфтаи Ҷ.Свифт муайян намоям, ки он чунин аст: “Кирмҳо бештар одати ҳуҷум ба меваҳои ширин ва беҳтаринро доранд”, ки ҳамин аст.

Аҷибаш он аст, ки аксари суҳбатҳои ин афрод пуч аст ва танқидашон аз хости худашон нест, аблаҳакеро баландгӯяк медиҳанду ба навор мегиранд ва ба ҷайбаш чизе мехаланд, ки бояд боз ояд, баромадҳо ба наттоқон ва дониши онон мувофиқ нест ва бо ғазаб сухан мегӯянд, ки хоси донишмандон нест. Дар ин миён моро мебояд, ки муттаҳид шавем ва арзишҳои миллию давлатиамонро ҳифз намоем.

Баъд киҳо мемонанд бо буҳтону балвову дигар хостаҳои манфурашон, худатон медонед.

                                                                                             Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол   М.Ниёззода

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Ҷанг киштии тақдири ҳар сарзаминеро саргардон кард ва таърихи ҳар миллат онро собит кардааст

МАҚОЛА: Чандест ҳаводиси рӯйи олам, махсусан даргириҳо байни Руссия ва Украинаро мебинаму ёдам аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон меояд, ки он замон ҳам вайрониву дигар харобахо кишварро забт карда буд. Агар ба асрхои аср бингарем ҷанг ҳамеша ба мулке зарар овардаву пояи иқтисодиёт, маънавиёт ва ҳама хостаҳои инсонҳоро заифу норафшан мегардонад. Таърих собит намудааст, ки аз даҳшати ҷанг ҳатто беҳтарин намояндагии илму адаб хоки Меҳани азизи хешро тарк намудаанд ва дар мулки дигар ҷон ба Ҷонофарин супурдаанд. Бузурге фармуда:

Монд дар зери уқубат ҳама ахли маънӣ,

Аз фироқи ватану к-аз ҳамагӣ ҷангу ҷадал.

Оре, ҳамин ҷанг буд, ки калламанораҳо аз сари одам сохтанд, китобхонаҳо сӯхтанд, беҳтаринҳоро куштанд, хоссатан аҳли илму маърифатро. Дар Ҷанги хонумонсӯз дар кишварамон душманони миллат даст ба куштори олимону донишмандон заданд. Ин ишораи куштани олимон дар сафҳаи таърих борҳо ба анҷом расидааст ва асли он нест намудани роҳнамоён ва идораи мардуми оддӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ нагардидааст, зеро ҳамешагӣ, дар ҳар қарн модари бузурге фарзанде ба дунё оварду тарбия кард, ки ҷойгузини дигарон гашт. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ҳамон гумону нақшаҳо амалӣ гардиданд, вале ин аҳриманҳо ба ҳадди охири нияташон нарасиданд, зеро асли бадӣ оқибат надорад.

Дар кишвари азизи мо замоне, ки истиқлолият ба даст омад, ки муқаддасоти арзишмандтарин дар таърихи нави тоҷикон маҳсуб меёбад баъзе гурӯҳҳои хунхор бо ниятҳои муғризона тавонистанд миёни мардум шӯр андохтанд. Аммо мардуми мо он замон, ки аз озодии хеш на онқадар қабули хуб доштанд ба тезӣ дар роҳи ҷанг афтоданд. Ҳамзамон сокинони кишвар, ки кунун аз идораи давлатӣ тамоман дигар ба озодӣ саф кашида буданд барояшон низ каме гарон буд. Мутаассифона анамин фазои холӣ, саргардонии мардум ва муаммоҳоро инсонҳои бадкор истифода бурданду ҳоло ҳам ин таҷриба дар Ҷаҳон роиҷ ҳаст.

Истиқлолиятро мо хуб дарк накардем, бар замми он ифротиҳо мехостанд мардумро ба сӯи доми тазвири хеш кашанд. Тавонистанд қисме аз аҳолиро бо номи Ислом ба гурӯҳҳо кашанд. Магар Ислом дини тарбия барои инсонҳо нест ё танҳо дини шахсии баъзе афрод, ки бар коми худ он замон истифода мекард. Худо гуфтану ракета омода кардан, дин гуфтану омода намудани террористон, дин гуфтану бераҳмӣ болои мардум, дин гуфтану дигар инсонҳоро то ҳатто инсон нашуморидан, дин гуфтану мардумро ба гурӯҳҳо кофару мусалмон, «вовчик»-у «юрчик» тақсим кардан магар беинсофӣ нест.? Рафтори ин тоифаро аз забони шоире, ки хуб гуфтааст, чунин баҳо медиҳем:

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,

Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

Бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлкат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бонангу номуси Тоҷикистон оғози сулҳу ваҳдати комил дар кишвар бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, 21-уми июн дар шаҳри Маскав раҳнамун шуд ва роҳи наҷоти миллатро метавон аз он рӯз хонд. Яъне барои мардум сулҳу ваҳдати миллӣ дарси ватандорӣ ва худшиносӣ омӯхт ва мо баъдан дарк кардем, ки Истиқлолият ба маънои томаш чист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи худшиносии миллат дар давраи нав нақши калидӣ доранд. Аз Арасту рӯзе шогирдаш мепурсад: Шахси саховатманд кист? Арасту мегӯяд: Шахси саховатманд он касест, ки ба инсонҳо дар вақти заруриашон хости заруриашонро медиҳад. Бешак, дар анаҳамон рӯзҳои вазнин ба миллат таъмини ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ба ком буд.

Оғози рушди мамлакат низ аз Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифтааст ва баракат дар рӯзгори мардум низ аз он рӯзҳо. Гузаштагон низ гуфтаанд, ки неъмат аз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ зиёда мегардад. Арасту низ гуфтааст, ки «Коинот мекӯшад, ки чизеро, ки мо мехоҳем, ба мо бидиҳад, вақте ки мо муттаҳид ҳастем.”

Имрӯзҳо низ якчанд тоифа гумроҳон аз хориҷи кишвар истода, тинҷиву осоиштагӣ дар ин марзубуми муқаддасро дидан намехоҳанд. Ҳамарӯза бо барномаҳои мухталиф баромадҳои муғризона намуда, дасисабозӣ ва туҳматбофӣ доранд. Анаҳамин гуна кӯрдилон буданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар мардумро ба роҳи бад кашиданд. Имрӯза амалҳояшон боз идомаи ҳамон ҳаромкориҳояшон мебошад.

Аммо намедонанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дигар он мардум нестем ва сулҳу суботи комил, тинҷию амонӣ ва хушу хурсандии сокинонро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳем дод ва барои пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мубориза хоҳем бурд.

Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!

Б. Некхоҳ

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Конференсия доир гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол Конференсияи 23 –юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид.

Дар кори Конференсия и.в. Раиси шаҳри Истиқлол  Қаюмҷон Маҳмудзода  ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол-30»  ва  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии “Гулистон-2” ва “Ободкор-28” ба ҷойи вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ ва пешниҳод қарор гирифт.

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии  Тоҷикистон дар шаҳр номзадии и.в. Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзодаро  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол-30” ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешниҳод кард.

         Ҳамзамон номзадии дигар аъзои фаъоли ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ободкор-28” пешбарӣ карда шуд.

         Рафти пешбарии номзадҳо фаъолони ҳизб дар шаҳр баромад намуда, таъкид доштанд, ки ба таври ҳамешагӣ ва тибқи дастури бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафароне ба ҳайси  вакил пешниҳод мегарданд, ки дар ҷомеа обрӯю иззат доранд ва барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, алалхусус дар хизмати софдилона ба халқу Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд.

         Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб баромад намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлолият дар зарфи 28 соли фаъолият дар фазои сиёсии кишвар мақоми бузургро соҳиб шуда, ҳамчун ҳизби пешсаф  бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби халқ гардид ва бо итминон таъкид доштанд, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар оянда ҷиҳати фаъолияти муассир ва самаранок кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ҳамзамон даъват карда шуд, ки минбаъд барои тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ кӯшиш ба харҷ намоянд.

Дар охир ба  якчанд нафар ҷавонони фаъол  аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.