Рубрики
Асосӣ Мақола

Исфара: КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворух 15 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият намуда, дар сафҳои худ 803 нафар аъзои ҲХДТ – ро муттаҳид менамоянд.

Ташкили Шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбии ҷамоат ва роҳбари он интихоб шудани яке аз фаъолони ҳизб, шахси кордону ташкилотчӣ Қирғизбой Ортуқов имконият дод, ки ҳизбиён дар ҳалли аксарияти масъалаю проблемаҳои ҷойдоштаи деҳа, муттаҳид ва сафарбар намудани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар амали намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо ҷалби қиршҳои гуногуни ҷомеа, хусусан соҳибкорони дохиливу бурунмарзӣ ба татбиқи нақшаҳои бунёдкорӣ, роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассиру намоён дошта бошанд.

Ҷамоати деҳоти Ворух яке аз калонтарин маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд буда, проблемаю масъалаҳои ҳалталаби ҷиддӣ дорад.

Туфайли маҳорати баланди ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, дилсӯзӣ нисбати ояндаи қишлоқу сокинонаш, обюрӯю эътибори хосаи раиси ҷамоат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Меҳриносо Рахматова ва дар фаъолияти хамарӯзааш такя намуданаш ба ташкилотҳои ҳизби имконият дод,ки дар ҳамаи самтҳо фаъолият дар ҷамоати деҳоти Ворух пешравиҳои назаррас амалӣ шаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи апрели соли 2021 замни сафарашон ба деҳаи Ворух  замҳатҳои раиси ҷамоат ва сокинони деҳаро хоса таъкид карданд.

Дар идомаи омодагиҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Меҳриниссо Раҳматова ва ташкилотҳои ҳизбӣ соҳибкорони саховатпеша ва мардуми қишлоқ  ба корҳои хайр, ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳа сафарбар ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Давоми 1,5 соли охир бо дастгирии ҳизбиён, ҷонибдорони ҳизб ва соҳибкорон 21 км роҳҳои дохили деҳа мумфарш, беморхонаи деҳа бо харҷи зиёда аз 1 млн сомонӣ таъмиру тармим гардиданд.

Бо иваз намудани 320 адад сим чуб, 8 адад трансформаторҳои маҳҳаллаю кучаҳо чароғон карда шуданд, ки 15  км қубури оби нушокӣ васл, ба масофаи 12 км ба ҷуйборҳо қубур хобонида шуд.

Дар маҳаллаҳои деҳа зиёда аз 1000 бех дарахтони ороишию сояафкан ба ҳусни деҳа ҳусн зам карданд.

Деҳаи Ворух “Деҳоти беҳтарин” –и соли 2021 дар вилояти Суғд дониста шуда, бо диплом, калиди рамзӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида  шуд.

Роҳбари ҷамоат Раҳматова М бо 3 медал, унвони “Аълочии фарҳанг” ва чандин ифтихорномаҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шудааст.

Айни замон дар мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ барномаи давлатии тарақиёти иқтисодию иҷтимоии ҷамоати деҳоти Ворух дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 45 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Сохта ба истифода додани таваллудхона, бинои комиссариати ҳарбӣ, нерӯгоҳҳи барқӣ- офтобӣ, таъмири ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ дар назар аст.

 Маҳз ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ имкон дод, ки ҷамоат дар рӯзҳои нахустини даъвати баҳорона нақшаро иҷро намояд.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ҳамаи 15 ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди ҷамоат, ки дар онҳо  вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ Меҳриниссо Раҳматова, Некзод Хоҷазода, мушовири Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Саидхӯҷа Бақоев, фаъолони ҳизб Насиббидин Нуриддинов, Раҳмон Шораҳматов, Қирғизбой Ортиқов ва дигарон ширкат варзиданд, дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардиданд.

Дар ташкилотҳои ҳизбии “Ливои Ватан”, “Зафар”, “Хуршеди Ватан”, “И. Усмонов”, “Ниёгон”, “Ганҷи Ворух”, “Субҳи Ватан”, “Меҳан”, беморхонаи деҳа ва “Пайғом” ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, ташвиқотию тарғиботӣ, риояи талаботҳои Оинномаи ҲХДТ, интизоми дохилиҳизбӣ, татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ гуфтугӯи доманадор баргузор гардид.

Дар маҷлисҳо ба Конференсияи XXXIII-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара вакилон ва ҳайати раисон ва раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ интихоб карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Исфара: Бадахшон узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон

      Бадахшони куҳӣ,яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш,бо қуллаҳои осмонбус,лаълу гуҳару ёқути бемислаш  машҳури оламиён гаштааст.Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол,ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…

      Таи чанд рузҳои охир воқеъаҳои нанговаре,ки дар Бадахшон рух додааст,халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад.Яке аз чунин ҳодисаи рух дода,ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташакил,бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.Маҳмадбоқир ки буд? У ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд,ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид.Дар асл донишу малакаи зиёде надошта,даст ба беназмию ноороми,ва  парокандагии мардуми осоишта зада,ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол,халалҳо ворид сохтани мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбати роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам,сарфарори накарда зиддиятҳо нишон медод…

Оқибат ин лидери ғайрирасми дар шаҳри Хоруғи ВМКБ,дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гуруҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд.Чуноне дида истодаем,имрузҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд. Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт,ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напушид!

                 Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда хулосаҳои зарурии хешро бароварда,таҳти сиёсати хирадмандонаи қаҳрамони миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузориҳо хоҳанд кард.

                                                       Шавкати Мавлон

Рубрики
Мақола

Бори каҷ то ба манзил нарасад….

Вақте ки модар фарзанд ба дунё меорад пешгўй карда наметавонад ки фарзанди у дар оянда ки мешвад. Духтур ё муаллим, Ватансоз ватансўз. Хоин ё олим. Вале ҳеҷ ватан ҳам мисли як модар намедонад, ки фарзанде, ки дар домани куҳсораш ба воя мерасад аз  ҳавояш нафас мекашад, обашро мисли шири модар нуши ҷон мекунад, дар хокаш нон мехураду нон мегирад, рўзе ба ин обу ҳавову хоку модару ватан  хиёнат мекунад. Ва фарзанди домангираш гиребогир мешавад.

Ин суханҳо тааллуқ дорад ба як фарзанди нохалафи куҳистон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, ки пеши чашмашро хашму хусумату кинаву адоват гирифта, ба назараш на модару на хоҳар на духтару на ҳамсар намоён мешуд. Агар дар рагу хунаш ватанхоҳоию ватандорӣ, қадри шири модару ватанаш мебуд ба ин кирдорҳо даст намезад. Ин ватанфуруши хоин  хост чоҳе биканад, барои мардуми орому осуда. Дар натиҷа ба чоҳи  кандааш худааш афтод. Ин корҳои кардаи ин ватанфуруш  кўҳ шуду ба сари худаш фуру рехт.

Агар ин нохалаф заррае номуси мардию  инсонӣ медошт,  дар  ироъаи ғараз ва манфиатхоҳии худ ҳаргиз нооромии зан модари тоҷикро халалдор намекард. Афсус, ки чашми ғаразбин доимо оҷиз аст.

Ҳодисаи дар шаҳри Хоруғ рух дода, бори дигар чашми моро ба воқеияте кушод, ки эътирофи он бисёр дарднок аст. Ин ҳам бошад дарк ва эҳсоси таҳдид ба амният ва субботу осудагии мо занону модарон. Зеро амният ва субботу осудагӣ агар барои ҳама қиммат бошад, барои занон аз ҳама қимматар аст. Чунки  дар он арзише  нуҳуфтааст, ки онро ба ягон моли дунё чен карда намешавад. Дар ин арзиш хушбахтии оилавӣ, бахти фарзандон, тинҷию оромии наздикон ва болотар аз ҳама шукуфоӣ ва пойдории давлатдорист, ки ҳастии мо бо ҳастияш пайваст аст.  Аз ин рў, даъвати ман аз ҳама занону модарон хусусан бонувони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳамин аст, ки алорағми чунин бадхоҳиҳо, номардиҳо ва нооромиҳо биёед аз пештара дида атрофи ҳамин сиёсату ҳамин Сарвар ончунон қавӣ муттаҳид  гардем, ки  кассе  натавонад хушбахтии моро халадор созад.

Муовини раиси шаҳри Исфара             Бобоиён Мадина

Рубрики
Асосӣ

Исфара: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУРХИ ШАҲРИ ИСФАРА

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони  деҳоти мазкур баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С оғоз бахшида, иттилоӣ дод, ки вохӯрии мазкур бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфара ироа гардиданд, баргузор мешавад.

Исмоилзода З. М –раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба моҳияти супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳҳои татбиқи онҳо сухан гуфт.

Рубрики
Асосӣ

Исфара: БАҲРИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА

Тибқи нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамбастаги бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз санаи 14 то 18-уми апрели соли равон дар ташрифи навбатиашон ба вилояти Суғд баргузор гардид.

 Дар толори Филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мулоқоти судманд бо ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси КИВ ҲХДТ Исмоилзода З. М, Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зокиров С, профессор, устоди ДДХ ба номи Академик Б. Ғафуров Набиев В. М, муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С иштирок ва баромад намуданд.

Мулоқотро муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С ҳусни оғоз бахшида, чунин қайд намуданд, ки санаи 17-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Исфара мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони шаҳри Исфара баргузор гардид.

Зимни ин мулоқот аз ҷониби сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа додан, дастуру супоришҳои мушаххас иброз гардид.

Дар навбати худ гурӯҳи тарғиботии КИВ ҲХДТ низ бо навбат оиди масъалаҳои зикршуда, фикру ақидаҳои худро баён намуда, маслиҳатҳои муфиду судманд доданд.

Рубрики
Асосӣ

Исфара: ҲИЗБИЁН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ

КУЛКАНДИ ШАҲРИ ИСФАРА СӮҲБАТ ОРОСТАНД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳри Исфара иброз доштанд ва ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара санаи аз санаи 21.04.2022 мулоқоту вохӯрҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара баргузор гардида истодаанд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирии кардани гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин бо занони хонашин, собиқадорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва сокинони касбу кори гуногун дар толори МТМУ №34-и ҷамоати деҳоти Кулканд мулоқот баргузор гардид.

Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Хизмат ба ватан рисолати мардонагист!

Дар айёми даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, ин навбат дар МТМУ №35-и ҷамоати деҳоти Кулканд бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара чунин вохӯрӣ бо модарони ҷавонони синни даъватӣ доир карда шуд.

Зимни сӯҳбат масъулин вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити хуб барои хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, имкониятҳои васеи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалбшаванда  иброзу андеша намуданд.

Дар охири мулоқот якчанд шаҳрвандони ба сафи ҲХДТ қабул шуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар ваъзи тантанавӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби созандаву бунёдкор, бунёд гардидааст.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, духтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебогӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар шаҳри Исфара аъзоёни Ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукӯфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.