Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот бомаром идома дорад

Дар рафти ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ субҳи 23юми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ғаниева Умеда ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо масъалаҳои рузномаи маҷлис шинос намуд ва мухтасар оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар солҳои ҳисоботӣ ахборот пешниҳод намуд. Ҳамчунин аз тарафи аъзоёни ташкилот музокира шунида шуда оид ба тезонидани суръати обунашавӣ ба рузномаҳои ҳизбӣ ва минбаъд беҳтар намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб, қабули аъзоёни нав ба сафи ҳизб истода гузаштанд.

Аз руи масъалаи дуюми рӯзнома котиби ташкилоти ибтидоӣ Тоҷиева Раҳима баромад намуда, таклиф пешниҳод намуд, ки ба раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ раиси ҷамоати деҳоти ба номи А,Лоҳутӣ Ғаниева Умеда интихоб карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз тарафи иштирокчиён қабул ва тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюм раиси ташкилоти ибтидоии номбурда суханронӣ намуда номзадии якчанд нафар аъзоёни фаъоли ташкилотро ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24-уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод намуданд. Аз рӯи масъалаҳои дар рузнома буда маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар фарҷом раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баромад намуда, оид ба вазъи геопалитикӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ақидарониҳо намуда, барои пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва беҳтар намудани фаъолият пешниҳоду дастурҳои методӣ доданд ва ҳамчунин ба якчанд нафар аъзоёни фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Ваҳдати мо поянда аст!

   Сулҳу ваҳдат ва терроризму экстремизм ду мафҳуми ба ҳам зид аст, ки яке созандаву дигаре сӯзанда. Сулҳ таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва осоиштагӣ бошад, ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, таҳаммулпазиру поктинату миллатдӯст будан аст. Он беҳтарин неъмат барои ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди мамлакат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

     Терроризм бадтарин зуҳурот дар ҷомеа буда, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гуруҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад. Ба он баъзан либоси сиёсӣ мепушонанд, натиҷаҳои сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст, ки гуруҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз зуроварӣ истифода кардани мешаванд. Гуруҳҳои мухталифи ҷиноятпеша барои фароҳам сохтани шароити барои худашон муътадил, ҷиҳати фаъолияти ғаразнок нисбати ҳарифон ва сохторҳои давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, ки зидди рушд ва пешравии башарият аст.

   Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Момеваи ширини дарахти сабзонидаамон-Ваҳдатро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.”

   Ҳақиқатан ҳам ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро давлате, ки дар он сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, пеш меравад. Танҳо ваҳдат аст, ки истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонад.

Нилуфар Ҳоҷиева

мудири китобхонаи коллеҷи омӯзгории шаҳр,

узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

   Санаи 22юми апрели соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи ияроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируз Ҳоҷиев ширкат варзид. Ҷаласа аз руйи се масъалаи дар рузномабуда гузаронида шуд. Аз руйи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот пешкаш намуд ва оид ба он қарори лозима қабул карда шуд.

Сипас раиси ташкилоти ибтидоӣ ва котиби ташкилот аз тарафи иштирокчиён пешниҳод ва тасдиқ гардиданд.

  Аз руйи масъалаи сеюми ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии зерин ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб гардид.

   Дар фарҷоми ҷаласа ба якчанд аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Маҷлиси ҳисоботӣ дар ташкилоти ҳизбии «Навобод»

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навобод» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Мӯъмина Воҳидова оғоз намуда, дар бораи фаъолияти солонаи ташкилот ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки ҳизбиёни ташкилот дар байни сокинони маҳаллахона ядрои асосӣ буда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю ободкоронаи  ҲХДТ талош меварзанд .

Инчунин баҳри тарғиби Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии ташкилоти ибтидоӣ бо мақсади пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бо сокинони маҳаллахона борҳо мулоқотҳо оростанд. Намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М. Абдуваҳҳобова баромад намуда, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб ба раиси ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Навобод» баромад намуда, ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ баҳои қаноатбахш доданд.

Дар охир Мӯъмина Воҳидова аз нав раиси ташкилоти ибтидоии «Навобод» интихоб гардид.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом:Ваҳдати миллӣ-пояи асосии сулҳу субот дар ҷомеа

   Дар идомаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ моҳи июни соли равон  тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Конибодом бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-пояи асосии сулҳу субот дар ҷомеа” ташкил ва гузаронида шуд.  Дар ҳамин самт санаи 15уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар “Бойгонии давлатӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни чорабинии мазкур намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба мавзуи мазкур ибрози афкор намуда, зикр доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид. Ҳамчунин аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур доир ба шароити расидани миллати тоҷик ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдату ягонагӣ ибрози ақида намуда, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишварро амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи миллат ва адолати таърихӣ арзёбӣ намуданд. Дар фарҷом бобати мавзуи зикргардида табодули афкор сурат гирифт.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

     Дар идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом субҳи 17уми июни соли равон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар “Деҳаи Қӯруқ(м.т.м.у№23)” аз 21уми июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 аз фаъолияти худ натиҷабардорӣ намуд. Мувофиқи масъалаҳои рузномаи маҷлис раиси ташкилоти номбурда баромад намуда, зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бо нишондиҳандаҳои хубӣ меҳнатӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт, ҳамчунин ташкилоти ибтидоӣ ва шахсони масъул минбаъд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифат ва шумораи аъзои ҳизб, беҳтар гардонидани фаъолият ва интизоми аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

   Сипас,  бо ҷонибдорӣ ва дастгирии аъзоён раиси ташкилот ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

         Оид ба масъалаи сеюм аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии зерин Қаландаров баромад намуда , номзадии Ҳамробоева Гулчеҳраро барои иштирок ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод намуд. Пешниҳоди зерин аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ карда шуд. Аз руйи се масъала маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.

          Дар фарҷом намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба ҷоннок намудани фаъолияти ҳар як аъзо, саҳми арзанда гузоштан баҳри татбиқи дастуру супоришҳои давлату ҳукумат ва гузаронидани чорабиниҳои оммавию ҳизбӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо кумиҷроияи шаҳрӣ андешарониҳо намуд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ” фаъолияти яксолаашро натиҷабардорӣ намуд

   Санаи 16уми июн дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботӣ  дар ташкилоти ибтидоии  “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ” мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Гулнора Урунова иштирок намуд. Нахуст тибқи рузномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ  Ҳусейнова Дилором ба самъи ҳозирин расонида шуда, бобати он музокирачиен зимни баромади хеш фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар  ташкилоти ибтидоии ” Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ” -ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр доштанд,ки ғамхориҳою меҳрубониҳои давлату ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати шахсони танҳо, маъюб ва камбизоат пайваста эҳсос менамоянд.

     Сипас,аз  руйи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Ҳамчунин раиси ташкилоти мазкур ба ҳайси вакилӣ ба Конференсияи 26- уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод гардида,аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баъди қабули қарори дахлдор ба руйихат дароварда шуд.

    Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  кумитаи иҷроияи ҲХДТ зимни баромади хеш қайд намуд,ки саҳми ташкилоти ибтидоии “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ” ва 25 нафар аъзоёни он дар пешрафт ва беҳбудии шароити сокинони кишвар назаррас арзёбӣ гардида, ҳар як аъзои ташкилоти мазкурро зарур аст ,ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ, хизматрасонии олӣ ва муносибат бо шахсони маъюбу танҳо минбаъд низ фаъолияти босамар дошта бошанд ва дар самти амалӣ намудани барномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоранд.

    Дар фарҷоми ҷаласа ба раиси ташкилоти номбурда  Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Амалҳои хоинони Ватанро маҳкум менамоем !

Халқи тоҷик аз қадимулайём дӯстдор ва ҳимоятгари асили Ватани худ буданд.Барои муҳофизати марзу бум ва эмин нигоҳ доштани халқу миллати аҷдодӣ ҷоннисориву қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.

Ана ҳамин хислатҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастии гузаштагони мо буд, ки мардуми шарафёби халқи тоҷик имрӯз дар чунин давлату миллати озодкуҳан ва тинҷу осуда ҳаёт ба сар мебаранд.

Хушбахтона, мо -тоҷикистониён дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ дорем.Имрӯз мардуми кишвар ҷашни 25-солагии Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллиро бо хушнудии зиёд таҷлил менамоянд. Маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар диёри ҷангзадаи мардуми тоҷик боз шодиву сурур, хурсандиву хушнудӣ ва тинҷиву осоиштагӣ ҳукмфармо гардид . Танҳо сиёсати сулҳ парварона ва ободкоронаи Сарвари давлат буд , ки душворию монеаҳо паси сар шуд , рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ ба рӯ шуд.

Шукронаи замони тинҷиву осудагӣ мекунем ва шукрона мекунем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ дорем. Маҳз ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки  мо ба чунин рӯзи пурсаодат расидем. Хонаи ободу дастурхони пурнозу неъмат , меҳнати озоду табъи дил – ҳама паёмади Ваҳдати миллӣ аст.Мутаассифона, бархе аз ҳаммиллатон ба шукуфоии Ватани худ ҳасад мебаранд ва намехоҳанд давлат зери ливои сулҳу дӯстӣ қарор гирад . Ин гурӯҳи ифротгароён дур аз Ватан қарор гирифта, гурӯҳи мардум ва хоса ҷавононро бо суханони дурӯғин ва бо амалҳои бардурӯғи “ватандӯстона” гумроҳ ва раҳгум месозанд. Ҳамчунин бо амалҳои номатлуби худ анбуҳи одамонро ба иғво меандозанд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ фазои ободу осоиштаи мардуми меҳнаткашро халалдор месозанд. Гумон мекунанд, ки бо роҳи фиребу найранг ва амалҳои нопок Ватани чун баҳор шукуфазорро ба хазон табдил медиҳанд.

Эй хонинони Ватан !Ҳеҷ гоҳ ба мақсади ифлоси худ ноил намегардед. Мардуми сарбаланди тоҷик бо қалби пурмеҳри ватандӯстона зимоми давлатдориро ба ихтиёри ифротгароёни нопок намедиҳанд ва   нахоҳанд дод.

Ҳамватанони азиз , биёед, сарҷамъона бо дилу поку беолоиш Ватанро аз зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ дорем.Баҳри шукуфоӣ ва пуриқтидории Ватани  маҳбуб саъю талош варзем ва ба ояндаи дурахшони насли навин заминаи мусоид фароҳам созем. Якдилона сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами кишварро ҷонибдорӣ намуда, бар зидди гурӯҳи ифротгароён ва амалҳои ғаразовари онон мубориза барем.

Нест бод , терроризм !

Зиндаву поянда бош, Тоҷикистони ваҳдатофарин !

Абдуллоева Марҳабо

 Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти  Суғд,

директори МТМУ 4 ба номи А .Абдураҳмонови ш.Конибодом

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Ташкилоти ибтидоии ” Беморхонаи бачагона” фаъолияташро натиҷагирӣ намуд.

Субҳи 10-уми июни соли равон ташкилоти ибтидоии Беморхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом аз фаъолияти яксолаи худ натиҷагирӣ намуданд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳимов Қурбоналӣ ба иштирокдорони ҷаласа ва кумиҷроияи шаҳрӣ ҳисоботи ташкилотро пешкаш намуда, аз дастовардҳо ва камбудиҳои фаъолияти аъзоени ташкилот суханронӣ кард ва ҳамчунин таъкид дошт, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизб ҳар як аъзо меҳнати содиқонаю софдилона намоянд. Аз ҷониби якчанд аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ музокира бобати қаноатбахш ҳисобидани фаъолияти ташкилот шунида шуд. Бобати масъалаҳои боқимонда низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷом масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз ҳозирин даъват ба амал овард,ки ҷиҳати солимии ҷомеа боз ҳам кушишҳои бештар намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бубанданд.
Дар поёни кори маҷлис сафи ҳизбчиён аз байни табибону ҳамшираҳои тиб зиёд гардида, аъзоёни нав соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад

Дар идомаи ҷаласаҳои ҳисоботӣ ин навбат санаи 10-уми июни соли 2022 дар Театри драммавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар он масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ширкат варзид. Дар кори ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоӣ Қодиров Ғайрат ҳисоботи яксолаи ташкилотро ба саҳми ҳозирин расонида қайд кард, ки дар давоми як сол  ташкилот ва ҳамаи аъзоён ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла намоишномаҳои тарбиявӣ на фақат дар шаҳри Конибодом,инчунин дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар ҳамсоякишварҳо аз тарафи кормандони ҷавони театр гузошта шуданд. Намоишномаҳои мазкур ҷавононро дар роҳи  ватандустӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ, далерию мардонагӣ ва хислатҳои неки инсонӣ тарбия менамоянд ,зеро яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарбияи ватандустии насли ҷавон мебошад.  Бояд қайд кард,ки аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Театри давлатӣ бо кумиҷрояи шаҳрӣ робитаи зич дошта, дар чорабиниҳои ҳизбӣ бевосита саҳми худро мегузоранд. Бинобар ин фаъолияти  ташкилоти ибтидоии мазкур аз тарафи аъзоёни ташкилот қаноатманд ҳисобида шуда, раиси ташкилоти мазкур Қодиров Ғайрат интихоб гардид. Инчунин, номзадии эшонро ҳамчун вакил ба Конфренсияи ҳизбии шаҳр арзанда дониста, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа дар ҳамин самт қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ дар фарҷом моҳият ва ҳадафҳои баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботиро бори дигар қайд намуда, ҷиҳати тақвияти бештари корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, вусъати корҳои таблиғотӣ боз ҳам қавитар намоянд. Дар хотима узви фаъоли ташкилоти ибтидоии зерин бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардиданд.