Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Кишоварзони Амондара кишти такрорӣ мегузаронанд

          Имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри раиси шаҳр гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати роҳбарони корхонаю муассисаҳо , мутахассисон  дар ҷамоатҳои деҳот ҳамкориро  бо кишоварзон ҷиҳати истифодаи босамари заминҳои кишт, зиёд намудани кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд.     

          Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  иттилоъ дод, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродии Ҷамоати деҳоти Амондара ҳоло майдони кишти такрории зироатро зиёд менамоянд. 

          Ба ин боздид, маслиҳат ва ёрии амалии нӯҳ гурӯҳи корӣ, ки дар Ҷамоати деҳот таъсис шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  вобаста шудаанд, мусоидат менамояд. Дар сӯҳбатҳое, ки бо сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ доир шуд, Мурод Шукурзода зарурати истифодаи босамари ҳар қитъа замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро  тавассути зиёд намудани кишти такрорӣ дар шароити бӯҳронии минтақа ва ҷаҳон таъқид намуд. Дар ин сӯҳбатҳо мутахассисон ба деҳқонон шарҳ доданд, кит ҳоло ҳам аз кишти такрории бисёр зироати зудрас ҳосили хуб гирифтан мумкин аст.

          Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳот дар майдони зиёда аз 30 гектар  кишти такрории лӯбиё,офтобпараст, сабзӣ, шалғам, арзан ва зироати хуроки чорворо гузаронидаанд ва майдони кишти такрорӣ рӯз то рӯз васеъ мешавад.

          Сокини саховатманди деҳаи  Муғулон Ӯлмас Нориев, ки бо харҷи беш аз сад ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ кандааст, зироатҳои кишташударо бо оби полезӣ таъмин карда,  кори номураттаби пойгоҳи обкашии Дупуларо, ки деҳқонон аз он шикоят доранд, қисман ҷуброн менамояд. Ӯ ҳоло аз паи кандани чоҳи дуюми амудӣ аст.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Деҳ куҷову дарахтон куҷо

Баҳманёр – нависандаи номвари тоҷик, дар силсилаҳикоёти “Сармаддеҳ” образеро ба риштаи тасвир кашидааст бо номи Холдори чилдурӯғ. Ба гуфти мардум аз тоифае аст, ки агар дурӯғ наёбад, ноилоҷ рост мегӯяд. Ба ҳамин монанд нафареро медонам, ки шикорро дӯст медошт ва баъди ҳар бозгашт  қиссаи наверо дар атрофу акноф паҳн мекард. Боре дар маъракае бо кафки даҳон аз дидани море, ки даҳ метр дарозӣ дошт, қисса кард. – Наход?- Андак кам кунед,-хоҳиш карданд ҳамсӯҳбатон. Ба ҳамин минвол дарозии ин аждаҳоро то ба як метр фаровард. Ба ин ҳам шубҳа карданд. – Валлоҳ, дигар кушед ҳам як ваҷаб кам намекунам, гуфт. Воқеият ба назари ӯ ҳамоне буд, ки хаёлан тасаввур мекард ва онро  сурати  ҳол мепиндошт.

Ин қисса вақте лофу газоф ва суханрониҳои раҳбари Паймони миллӣ ва раиси ҳизби мамнӯъи собиқ Наҳзати ислом Муҳиддин Кабириро дар бораи  вазъи Тоҷикистон мешунавам, ба хотирам меояд. Дар тасаввури ӯ  воқеияти Тоҷикистон ҳамонест, ки солҳо қабл медонист ва ӯ дар курсии парлумон менишасту ҳизбаш рӯи кор буд ва ҳанӯз  ба коргоҳҳои зиёд фармонравоӣ мекард, дар ҷаласаҳои ҳизбӣ пеши ҳамсафон донотарошӣ менамуд.

Аз  он солҳо то кунун аз ин ҷӯй оби зиёде гузашт,воқеият дигар шуд. Ба билфарзе имрӯз байни мардум, ки гӯё Кабирӣ ва ҷонибдоронаш худро “ғамхор” вонамуд мекунанд, пурсише доир намоянд, аксари кулли онҳо, ҳатто собиқ ҳамсафонаш,  дигар ӯро ҷонибдорӣ намекунанд.  Дигар чӣ роҳ мемонад? Тасаввур кардан, хаёли хомеро дар сар парваридан, ки ҷомеа  “ғояҳои” онҳоро мепазирад, ба айбҷӯиҳои онҳо дода мешавад.  “ Ба ҳован об кӯбидан” аст талошҳои  ӯ ва ҳаммаслаконаш.

Баъдан, маълум , ки дар ниҳояти кор  ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ даст ёфтан ба ҳокимияти сиёсӣ аст.  Ҳизби мамнӯъи Наҳзат низ истисно нест . Онҳо ба чӣ такя мекунанд, ба чӣ умед мебанданд?  Ҳизбашон  бо ҳукми суд мамнӯъ ва террористию экстремистӣ эълон шуд, ҳазорон нафар аъзоёнаш аз он расман рӯй тофтанд, даҳҳо нафар  маҳкум шуданд. Худаш  солҳо боз дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ё умедворанд ба масал қатра оқибат сангро сӯрох мекунад?  Шояд  ба ҳамин хотир тарғиботашонро аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бештару фаҳштару ғаразноктар сохтаанд.

Онҳо “ фаромуш” кардаанд, ки заминаҳои иҷтимоии ҳизбашон  дар ҷомеа  рӯ ба нестӣ ниҳодааст ва ба он такя задан хаёли хоме беш нест. Мардум дигар ба афсонаи “давлати исломӣ”, истифода аз номи ислом ва  баъзе мушкилоти мавҷуда ба манфиатҳои шахсию сиёсӣ,  ба хотири сиёҳ кардани роҳбарияти олии кишвар дода намешаванд. Худ  аз расонаҳо бохабаранд ҳастанд, ки дар режимҳои исломӣ мардум чӣ ҳолу рӯзе доранд. Ғарази таъсиси ҳизби  мамнӯъи Наҳзат низ  аз оғоз   чӣ пардапӯшие накунанд, таъсиси ба ном давлати исломӣ буд ва он имрӯз низ рӯи кор аст.  Ба яқин нерӯҳое ҳастанд, ки интиқолу паҳн кардани чунин  режимро пуштибонии молӣ ва маънавӣ  менамоянд ва аз ин  Кабирӣ бархурдор ҳам ҳаст. Пуштибонҳо ҳамон шиори оғози инқилоби Октябрро, ки ғалабаи коммунизмро дар саросари ҷаҳон  талқин менамуд, дар сар доранд. Воқеан, режими исломӣ ва ҳамон коммунизми хаёлӣ ба фармудаи масали маълуми русӣ “ду рӯи  як танга” ҳастанд.

Ин ғаразро Кабирӣ ва сухангӯёнаш ошкоро намегӯянд. Истиҳола мекунанд, ки аз гуфтани он бадномтар мешаванд. Усули  дигарро пеш гирифтаанд: шарҳу тавзеҳи ғаразноки рӯйдодҳои ҷомеаи Тоҷикистон. Ба  масал, аз зиёни сел дар як деҳаи ноҳияи Хуросон хабар дода, ҳамзамон таъкид менамоянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба офатзадаҳо беэътиноӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки ҳоло маҳз бо дастури Пешвои миллат, бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат, мақомоти маҳаллӣ  барои зиёндидагон замин ҷудо шуда, он ҷо бунёди хонаҳо идома дорад.  Аз гуфтани ин воқеият низ худдорӣ менамоянд.

Худ шоҳид ҳастам, ки оқибати селҳои харобиовари солҳои 2003 ва 2005-ум дар шаҳри Панҷакент  маҳз бо дастури Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ бартараф гашта, тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба ёрии офатзадагон сафарбар шуданд. Дар ифтитоҳи шаҳраки нав барои сокинони осебдидаи ҷамоати деҳоти Шинг бошад худи Пешвои миллат ширкат намуда, калиди хонаҳо ва мактаби навро шахсан тақдим намуданд. Воқеан, ин шаҳрак бо пешниҳоди  Президент номи   Саразмро гирифт ва ҳоло як макони ободу зебо  дар паҳнои Саразми бостонӣ ва  наздикии сарҳад бо ҷумҳурии ҳамсоя аст.

Ва ё Президенти мамлакат анқариб барои иштирок дар  тантанаҳо бахшида ба 75- солагии Ғалаба ба пойтахти  Федератсияи Руссия сафар намуданд.  Барои  Пешвои миллате, ки дар таъмини ин Ғалаба саҳми сазовор гузошта, ҳазорон нафар фарзандонаш қурбон шудаанд, иштирок дар ин ёдбуд ва арҷгузорӣ  аслан мояи ифтихор аст. Не, ҳаммаслакони Кабирӣ  аз он маънии дигар меҷӯянд ва ин хаёлашонро ба сари хонандагони эҳтимолиашон дар сомонаҳои иҷтимоӣ бор кардан мехоҳанд.

Онҳо, ки дар ин замони пуршӯру шар аз зимоми давлатдорӣ огоҳ нестанд, аз шеваи муросою мадоро дар доираи манфиатҳои геополитикию минтақавии  абарқудратҳо бехабаранд, пеши даҳон чӣ фарозу чӣ нишеб, ҳарчӣ хаёле доранд, аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ мепарокананд. Шояд, нафаре ба ин дом меафтад.  Вагарна, ба ҷои айбҷӯӣ ва хулосабарориҳою оқибатандешиҳои  “пайғамбарона” пешниҳоди ҷолибе, короие доред, ки ба манфиати рушди Ватан аст, некбинона  расман ба мақомоти марбута бо далелу бурҳони қотеъ пешниҳод намоед. Он ҷо  нафароне  ҳастанд, ки андешаи давлатмандӣ доранд ва ба яқин дар таҳияи қарору қонунҳо, барномаю лоиҳаҳо ба кор мебаранд.  Ба назар мерасад, ки онҳо бо истифода аз ин минбарҳо барои худ “пиар” ҳам  месозанд: бубинед, мо чӣ гуна меҳандӯст ҳастем ва дар сар чӣ андешаҳои бикр дорем!

Тоҷикистон чун давлати мустақил баъди ду сол ҳамагӣ сисола мешавад.  Дар ин муддати кӯтоҳ тавонистем ба ҷанги шаҳрвандии харобиовар ва пурфоҷиа хотима бахшем, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робита барқарор намоем, иқтисоди фалаҷшударо ба по рост  кунем,  эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва фарзандони фарзонаи миллатро дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат  қарор диҳем, зиёда аз ин ба лоиҳаҳое даст занем, ки шуравии абарқудрат аз пиёда сохтани онҳо бо сабабу омилҳои гуногун истиҳола менамуд.  Бо ҳама нуқсу камолаш роҳи бунёди давлати мутамаддини  дунявиро бебозгашт ихтиёр намудем. Гуфтан, ки  дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳама мушкилоту монеаҳои  сари роҳамонро бардоштаем, камоли соддалавҳӣ мебуд.  Муҳим он аст, ки мо роҳи дурустро интихоб намудем ва  умедворем  он бо роҳнамоии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моро ба қуллаи мурод  мебарад.

Ва ниҳоят, қиссаи воқеии  дигар.  Нафаре дар маъракаҳо пайваста худнамоӣ мекард ва аз фарти он ҳатто дар хона худи ҳозир палави серравған хӯрдам гӯён аз истеъмоли таом истиҳола менамуд ва мӯйлаби равғанзадаашро намоишкорона  тоб медод. Рӯзе ӯро ба маросиме даъват карданд. Дар ҷустуҷӯи пораи  думба, ки ҳар рӯз  бурутҳояшро равған мекард, афтод.  Пайдо накард. Онро гурба  хӯрда буд…

  Солеҳзода Турдибой рӯзноманигор,  роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Кишоварзон дастури Пешвои миллатро амалӣ мекунанд

          Инро боздиди гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Косатарош  собит намуд.

          Супоришҳои Пешвои миллат  дар мулоқот бо фаъолони мамлакат дар вилояти Хатлонро оид ба  зарурати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани кишти такрорӣ, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти хурока, захира намудани меъёри дусолаи ғизо  ба ҳар хонавода  дар шароити муташанниҷи сиёсии ҷаҳон ва минтақа раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода  низ ҳафтаи гузашта ҳангоми боздид аз шаҳри Панҷакент ва сӯҳбату мулоқот бо кишоварзон ва фаъолон  бори дигар таъкид карда буданд.

          Боиси таҳсин аст, ки дар аксари оилаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоатҳои деҳоти мазкур ба моҳияти ин дастуру супоришҳо сарфаҳм рафта, истифодаи босамари  заминҳои саҳмия ва наздиҳавлигиро  хуб ба роҳ мондаанд.

         Масалан, дар  оилаи сокини деҳаи Сӯҷина Эгамбердӣ Раҷабов дар 12 ҳисса замини ҳотааш  ҳатто  як ваҷаби  нокиштаро намебинед. Он ҷо гармхона ҳам ҳасту қитъаҳои кишти карам , помидор, бодиринг, токи ангур ҳам. Паси хона бошад қитъаи гулзор чашмрабоӣ мекунад.

         -Ҳама фасли сол оилаи мо аз бодирингу помидор, лиму, кабудиҳо таъмин аст,  ,- мегӯяд ӯ ба гармхонаи рӯи ҳавлӣ ишора карда.- Гулхонаи паси ҳавлӣ бошад бо дастури раиси муҳтарами вилоят, ки се сол қабл аз ҳавлии мо дидан карда буданд, бунёд шудааст.

          Аъзоёни гурӯҳи корӣ ҳамин гуна муносибати дилсӯзонаро ба замин дар хоҷагии деҳқонии “Обод”, ки ба он  Абдухалил Қурбонов сарварӣ мекунад, ба мушоҳида гирифтанд. Домани заминҳои  кишти ӯ зиёд аст ва дар 4,5 гектар боғ  дарахтон ғарқи мева, дар  чоряк гектар замин барои хуроки чорво лаблабу киштаанду дар ним гектар картошка, аз 50 ҳисса замин гандумро даравида, тухми сабзи киштаанд, қитъаи пиёзу ҷуворимаккаи донӣ низ серҳосил.

          Ҳосили майдони 4,5 гектар алафзор ва лаблабую ҷуворимаккаи донӣ барои парвариши чорвои зотии гӯштии хоҷагии деҳқонӣ масраф мешавад.

          Тавре сарвари хоҷагии деҳқонӣ иброз дошт, истифодаи босамари замин имконият фароҳам овардааст, ки онҳо рӯзгори обод ва серу пур дошта бошанд ва дар фароҷонии бозор низ саҳм гузоранд.

           Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош низ  дар истифодаи замин таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд. 

          Дар ҳавлии сокини  маҳаллаи Навбунёди деҳа Субҳон Ҷӯраев аз ҳосили ҳотааш аллакай дар 200 банка шарбати мева , дар 500 банка   сабзавотро омода карда, дар анбор гузоштаанд. Ҳамчунин ӯ ва аҳли оилааш дар 10 ҳисса картошка ва 15 ҳисса замин шолӣ ҳам парвариш мекунанд ва боварӣ доранд, ки оилааш аз маводи ғизоӣ  танқисӣ намекашад. Сокини дигари деҳа  Абдумаҷид Суюнов бошад дар ҳотааш дар масоҳати 4,5 х 3,5 метр гармхона сохтааст ва умедвор аст, ки аз он ҳосили фаровони лиму ва помидору бодиринг мегирад ва ба бозор  ҳам мебарорад.

          Дар сӯҳбате, ки аъзоёни гурӯҳи корӣ бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии  “Ҳоҷибурҳон”-и маҳаллаи Навбунёди деҳаи Чорбоғ доштанд, раиси хоҷагӣ Ҳоҷисобир Бурҳонов гуфт, ки  кишоварзон дар 89 гектар, аз ҷумла 5,6 гектар боғ, ҳосили хуби мева, пиёз, қаламфури булғорӣ,  картошка ,ҷуворимаккаи донӣ ва дигар хуроки чорво  парвариш  намудаанд ва  дар замине, ки ҳосили ҷавро ҷамъоварӣ намудаанд, ниҳоли бодиринг кӯчат намудаанд.

          Ҳангоми боздид раиси Кумитаи иҷроия М. Шукурзода ба  ҳамсӯҳбатон  дастуру супоришҳои Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷиҳати истифодаи босамари замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон шарҳ дода, таъкид дошт, ки иҷрои онҳо имконият фароҳам меорад, ки на танҳо  ҳар оила бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин гардад, балки дар бозор низ фаровонию арзонӣ бошад.

          Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия чунин боздиду мулоқотҳоро дар дигар минтақаҳо низ баргузор карда, таҷрибаи  кишоварзони муваффақи ин ҷамоатҳои деҳот низ тарғиб карда мешавад.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент:Ҳизбиён дар паи ободии Фароб

         Фароб аз дурдасттарин Ҷамоатҳои деҳот ва деҳаи шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, дар пояи кӯҳи Ҳазрати Султон, дар сарҳад бо   Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст.  Дар заминҳои фарохи кӯҳу пуштаҳои Фароб мардум ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Аз даврони дур  фаробиён бо ғаллакорию картошкапарварӣ, нахӯдпарварӣ ном баровардаанд ва солҳои охир боғдорӣ низ рушд кардааст.

          Ҳарчанд роҳ аз Панҷакент то Фароб тӯлонӣ аст, бо тамошои манзараҳои нотакрори табиати атроф мо чи тавр ба ин деҳаи дурдаст расиданамонро нафаҳмида мондем. Воқеан, ин ҷо баҳор дер мерасад ва ҳоло рустаниҳои ағбаи Фароб  гулбасаранду дарахтон ғарқи ғӯра ва картошка нав аз замин сар кашидааст.  Аз ин ҷост, ки ҳар ҷо –  ҳар ҷои ин ағбаи гулбадомон қуттиҳои оруи асал ба назар мерасанд ва асали Фароб низ  серхаридор аст.

          Фароб ҳарчанд дур аст, вале дурафтода нест. Се мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бемористон, нуқтаҳои зиёди тиҷоратӣ, бозор ва шояд калонтарин дар мамлакат захираи мармари кони Тиллогул, ки бо он метавон ҳазорон бино, қасру кӯшкҳоро мармарпӯш намуд ,  ин ҷо воқеъанд.

          Ду ташкилоти ибтидоии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар Фароб фаъолият доранд ва мақсади боздиди кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода низ иштирок дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ҳизбиёни Фароб  аст.

          Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 54 моро раиси ҷамоати деҳоти Фароб Самариддин Насриддинов , ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Ҷамоати деҳот ва Олим Ҳамроқулов –  раиси кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагӣ ҳамроҳи ҳизбиён пазироӣ намуданд. Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ин ду ниҳоди ибтидоии ҳизб дар ҳамин ҷо – дар  толори  муассиса ва дар саҳни васеи он баргузор шуданд.

          Дар толори ин муассисаи таълимӣ ҳамаи 37 нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳот ҷамъ омада, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Самариддин Насриддиновро шунида, баррасӣ намуданд. Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ фаъолони ҷамоати деҳот, ки аксарияташон аъзои ҳизб ҳастанд, дар корҳои ободонӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштаанд ва ҳоло  аз паи иҷрои нақшаи омодагӣ ба  ҷашни 35- солагии Истиқлоли кишвар ҳастанд.  Иштирокчиёни ҷаласа  ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои қаноатбахш дода,  дар нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми соли равон зиёд намудани аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби ҷонибдорони он  пешбинӣ карда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба  конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуданд.

          Дар саҳни барҳавои муассисаи таълимӣ, дар сояи сафедорзор ҳизбиёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбии кооперативи тиҷоратии “Ғелониён”  курсию миз гузошта, маҷлисгоҳ омода карда буданд.  Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроқулов аз саҳми  76 нафар ҳизбиён дар таъмини амнияти  ғизоӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, корҳои ободонӣ, тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб сухан рафт. Воқеан, кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” дар корҳои ободонии деҳа, аз ҷумла бунёди се мактаб саҳмгузорӣ намудааст ва раиси ташкилоти ибидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроҳқулов дар маҷлис эълом дошт , ки то  оғози соли нави таҳсили 2023 дар маҳаллаи канории деҳа боз як мактаби нав бунёд мекунанд . Ин хабарро ҳизбиён бо қаноатмандӣ пазируфтанд ва гуфтанд, ки ба сохтмони он  сарпарастӣ мекунанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки то охири сол сафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба 500 нафар расонида мешавад.

           Ҳизбиён  ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима намуда, Олим Ҳамроҳқуловро  ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботӣ вакил интихоб намуданд.

          Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дар ин ҷаласаҳо сухан карда,  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иштирокчиёнро ба истифодаи босамари ҳар қитъа замин, афзун намудани захираи ғизоӣ, ки аз дастуру супоришҳои  Пешвои миллат ва Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз вилояти Хатлон бармеояд, роҳандозии шоистаи корҳои ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзоён аз ҳисоби ҷонибдорону фаъолон ҷалб намуд.

          Баъди анҷоми маҷлисҳо ҳайати  кормандони Кумитаи иҷроия ба дидорбинии  яке аз поягузорони  хадамоти гумрук дар мамлакат, собиқадори хадамоти амният, иштирокчии иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон , генерал Худойқул   Ҳамроҳқулов, ки дар як гӯшаи ноободи зодгоҳаш боғе бо анвои гуногуни меваҳо аз ҳама манотиқи мамлакат, гармхонаю сардхона бунёд намудааст ва имсол ба синни мубораки 75-солагӣ расидааст, омаданд. Ҳикоят дар бораи ин боғи биҳишт дар ин гӯшаи дурдасти  диёр ва сӯҳбати самимиро бо ин шахсияти бофарҳангу донишманд, ба вақти дигар  вогузошта, ҳамин қадар меафзоям, ки  ин марди саховатманд ҳини сӯҳбат  ба кору бори ҳизбиён тавҷҷӯҳ намуда, иброз дошт, масолеҳи чӯбии сохтмони мактаби нави деҳаро, ки ҳизбиёни кооперативи тиҷоратии “Ғелониён”  сохтанианд,  аз ҳисоби сефедорзори сабзкардааш таъмин мекунад.

         … Роҳи бозгашти моро таассуроти ҷолиб аз кору бори ҳизбиёни Фароб, андешаю пешниҳодҳои  коромадашон дар бораи боз ҳам ободу зебо намудани зодгоҳ, тарғибу татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирию пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва манзараҳои нотакрори ин гӯшаи диёр кӯтоҳтар менамуд.

 Дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент:Идомаи мулоқоту боздидҳо бо кишоварзон

         Гурӯҳҳои тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент боздиду мулоқотҳоро бо кишоварзон ва сокинони шаҳри Панҷакент идома медиҳанд.

          Ин навбат аъзоёни гурӯҳ бо кишоварзон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ Амондара  Ёрӣ, Косатарош, Шинг, Моғиён ва Фароб мулоқоту сӯҳбат анҷом доданд.

          Аъзоёни  гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд  Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, сармутахассиси бахши вилоятии Агентии “Тоҷикстандарт” Эркин Музаффаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода,  устодони донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мизробшоҳ  Ғаффоров, Салоҳиддин Исроилов ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин ҷамоатҳои деҳот бо  ҳолати  истифодаи замин, кишти такрорӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои кишоварзии чанде аз сокинон шинос шуда, бо фаъолон ва кишоварзон мулоқот намуданд.

          Таъкид шуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳини боздидашон дар навоҳии вилояти Хатлон баён доштанд, дар вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки ба ворид кардани маводи ғизоӣ ва нархи он  таъсиргузор аст, бо истифодаи босамари ҳар қитъа замин, роҳандозии кишти такрорӣ, парвариш ва нигоҳубини дурусти зироатҳо, аз меваю сабзавот омода намудани захира барои фасли зимистон инро ҷуброн намудан мумкин аст.

            Аъзоёни гурӯҳ ҳамчунин аз қитъаҳои заминҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, татбиқи таҷрибаи  босамари  истифодаи ин қитъаҳоро зарур шумориданд.

          Боздиду мулоқотҳо бо кишоварзон идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ҳизбиён дар ғанӣ гардонидани буҷет чӣ саҳм мегузоранд?

          Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии нозироти андози шаҳри Панҷакент Соҳибназар Ғоибзода баробари таҳлили фаъолияти ниҳоди ҳизбӣ дар ин бора низ сухан рафт.

          Аз ҷумла, зикр шуд, ки бо талошҳои кормандони нозирот, ки аксарияташон узви ҲХДТ мебошанд, нақшаҳои воридоти маблағ ба буҷет ба иҷро расида, барои кам кардани бақияи қарзҳои андозсупорандагон, иҷрои муқаррароти Кодекси андоз аз ҷониби онҳо, ба андозбандӣ фаро гирифтани ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ  дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёде роҳандозӣ шудааст. Дар ин давра  корҳои ҳизбӣ низ такмил ёфта, он мутобиқи талабот оиннома ва нақшаҳои корӣ ба роҳ монда шудааст.

          Дар маҷлиси ҳисоботӣ ҳамчунин нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баррасӣ ва тасдиқ шуда,  Соҳибназар Ғоибзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакил ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии  ташкилоти шаҳрии ҳизб интихоб карда шуд.

          Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода  ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб  Ҳамида Холова дар маҷлис сухан карда, барои такмили фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

          Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ:  Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

         Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Суғдиён” аз ниҳодҳои ибтидоии фаъол дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад. Аксари кормандони бемористон ба аъзогии ҳизб шомил шуда, ташкилоти ибтидоии ҳизб дар роҳандозии кори ҳизбӣ, аз ҷумла хонишҳои сиёсӣ, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун,супоридани ҳисоботҳо фаъол аст.

          Дар ин бора дар ҳисоботи  муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Барно Иброҳимова дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ муфассал сухан рафт ва  дар нақшаи фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон, ки ҳизбиён тасдиқ намуданд, боз корҳои зиёде пешбинӣ шудааст.

          Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва дигар кормандони масъули ташкилоти шаҳрии ҳизб иштирок намуда, идомаи иқдомҳои шоистаи ҳизбиёнро дар давраи минбаъда, такмили корҳои тарғиботиро дар байни ҳизбиён ва аҳолии маҳал зарур шумориданд.

          Иштирокчиёни маҷлис  Ҳикматулло Шарифовро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуданд.

          Дар интиҳои ҷаласа ба бисту се нафар аъзоёни нави ташкилоти ибтидоӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

          Дар ин рӯз ҳамчунин ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши шаҳрии “Ориёнбонк” ба маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ ҷамъ омада, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ҳизбиёни Косатарош маҷлис оростанд

          Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Косатарош бо иштироки ҳамаи аъзоён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар як соли охир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

          Дар ин бора муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдураҳим  Исрофилов ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳизбиён дар ҳама иқдомҳое, ки дар Ҷамоати деҳот дар ин давра роҳандозӣ шуданд, дар сафи пеш қарор доштанд ва бо ташаббуси онҳо иншоооти гуногун бунёд шуда, корҳои зиёди ободонӣ сурат гирифтанд. Онҳо дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ низ фаъол ҳастанд.

          Дар маҷлис  раиси Ҷамоати деҳот Азамат Шамсиев раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб  шуда, нақшаи фаъолияти ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда шуд ва музокирачиён ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои қаноатбахш доданд.

          Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дар назди ҳизбиён сухан карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро шоиста арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар давраи омодагӣ ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳизбиён бояд боз ҳам фаъол бошанд ва дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизбӣ байни мардум кор баранд, барои ҷамъбасти муваффақонаи маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, зиёд намудани аъзоёни  ҳизб талош варзанд.

          Дар анҷоми маҷлис ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Азамат Шамсиев барои фаъолияти шоиста сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

          Дар ин рӯз  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҳамчунин дар ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти Шинг  ва хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” низ маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ташкилоти ибтидоӣ

          Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ давоми як соли гузашта чӣ корҳоро анҷом дод, корҳои тарғиботиро чӣ гуна роҳандозӣ намуд, ҳизбиён то чӣ ҳад дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буданд?

          Ба ин саволҳо дар ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” Рустам Азимов дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии  ҳизбии корхонаи обу ташноби шаҳри Панҷакент ҷавоб гуфта шуд.

         Дар ҷаласа   иштирокчиён ба музокира баромада, паҳлуҳои дигари фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҳизбиро баррасӣ намуда, пешниҳод карданд, ки сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби фаъолон ва ҷонибдорон зиёд карда шавад.

          Дар идомаи маҷлис  Алишер Пӯлодзода – сарвари коргоҳ раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ  ва вакили конфронси шаҳрии ҳизб интихоб шуда,  нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда шуд.

          Дар интиҳои маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Мастона Муродзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова сухан карда, барои пешбурди кори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ҳизбиён фаъолияташонро баррасӣ намуданд

                       Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойгоҳи беҳдошт”, ки ҳизбиёни Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологиро сарҷамъ менамояд, бо иштироки ҳамаи аъзоёни ҳизб ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода баргузор шуд.

         Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ- сардухтури Марказ Бурҳонбой Атохӯҷаев, фаъолияти  ҳизбиён дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ  таҳлил шуда, аз ҷумла омадааст, ки  онҳо дар ин самтҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба ҷо оварда, ҳамчунин коргузорӣ, таҳияи санадҳо, супоридани ҳисоботҳои оморию молиявӣ хуб бароҳ монда, хонишҳои сиёсӣ  ва ҷаласаҳои ҳизбӣ мунтазам баргузор мешаванд.

          Иштиркчиёни маҷлис Бомулло Усмонов ва Аловиддин Сӯфиев ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро қаноатибахш арзёбӣ намуданд.

          Дар маҷлис ҳамчунин нақшаи фаъолоияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда, Бурҳонбой Атохӯҷаев аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба конфронси ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб шуд.

         Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мурод Шукурзода  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб арзандаи таҳсин шуморида, аз вазифаҳое ёд намуд, ки  ҳоло дар назди ҳизбиён ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузошта шудааст.

                   Панҷакент:  Ҳизбиён фаъолияташонро баррасӣ намуданд
                   Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойгоҳи беҳдошт”, ки ҳизбиёни Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологиро сарҷамъ менамояд, бо иштироки ҳамаи аъзоёни ҳизб ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода баргузор шуд.
Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ- сардухтури Марказ Бурҳонбой Атохӯҷаев, фаъолияти  ҳизбиён дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ  таҳлил шуда, аз ҷумла омадааст, ки  онҳо дар ин самтҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба ҷо оварда, ҳамчунин коргузорӣ, таҳияи санадҳо, супоридани ҳисоботҳои оморию молиявӣ хуб бароҳ монда, хонишҳои сиёсӣ  ва ҷаласаҳои ҳизбӣ мунтазам баргузор мешаванд.
 Иштиркчиёни маҷлис Бомулло Усмонов ва Аловиддин Сӯфиев ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро қаноатибахш арзёбӣ намуданд.
 Дар маҷлис ҳамчунин нақшаи фаъолоияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда, Бурҳонбой Атохӯҷаев аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба конфронси ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мурод Шукурзода  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб арзандаи таҳсин шуморида, аз вазифаҳое ёд намуд, ки  ҳоло дар назди ҳизбиён ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузошта шудааст.