Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Идомаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ

Ин навбат аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Пӯлод Атаев” баргузор гардид, ки дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  мудири бахши омор Бахтиёрзода Баҳодурхон иштирок ва баромад карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ кард.

Рубрики
Асосӣ

                          ХУҶАНД: Ваҳдати миллӣ -омили саодати миллат

  Сулҳу якдигарфаҳмӣ  ва толиби осоиштагӣ будан мароми мардуми  Тоҷикистон аст. Ваҳдат ба ҳам  омадан, сар аз як гиребон  баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдўст будан  аст. Ваҳдат  беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти  миллат, рушди тоҷикон, нумўи  даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

       Сулҳу ваҳдати Тоҷикистон  намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон гашт ва мавқею  мақоми давлатамонро дар миқёси ҷаҳон  устувор намуд. Имрўз таҷрибаи  сулҳи  тоҷикон, иттифоқ ва ҳамдилии халқи  тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ  ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру перафти имрўзаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ  истиқлолияти давлатии кишварро  муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро побарҷо нигоҳ дошта метавонем. Танҳо дар сурати  ваҳдати комилу якдилӣ  душвориҳо  ва монеаҳо  паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи  пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «ҳар касе ниҳоле сабзонда  бошанд, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша  меваи ширин ба бор меорад.  Онро ниҳоли Ваҳдат меноманд. Мо ин меваи ширину  парвардаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо  ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи  он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба  сулҳу ваҳдат ташбеҳ  додаанд, имрўз самар  оварда истодааст,  ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем.

        Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

        Маҳз бо кўшишҳои  пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  миллати парешони мо  сарҷамъ омад.  Мамлакат обод шуд, пеш рафт. Дар чеҳраи ҳар  фарзанди тоҷику  тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ падидор  гашт.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ҷаҳду талоши сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ имконият фароҳам овард, ки тарафҳои ба ҳам муқобил сарҷамъ гарданд, зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд,сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гардад ва ғайра. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармо гаштааст. Ин нуктаҳоро худи сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кардааст: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазандиваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».

Сарвари давлатамон дар мавриди таҳкими Ваҳдати милли сухан ронда таъкид намудаанд, ки «Ҳамин хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».

Ин нуктаи назари Савари давлат бар он далолат мекунад, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар ваҳдати миллиро ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳояд азиз ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

дар давоми 30-соли Истиқлолият ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян менамояд.

Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ѓазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯали ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо – Имом Абӯҳанифа (р), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсию илмӣ, маърифатию фарҳангӣ, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили ҳар яке аз ҷашнҳо ҳадафи маърифати беҳтару хубтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихӣ ва ободону маъмур намудани диёрамонро дар пай дошт. Ба иборати дигар ин чорабиниҳои бузург ба ваҳдатимилли тоҷикон таҳким бахшид ва бори дигар собит сохт, ки мардуми мо аз азал дар сиришти хеш мароми ваҳдат ва ҷавҳари сулҳофариниро мепарварад ва дар таърих ҳамчун халқи сулҳҷӯ ва ваҳдатофарин шӯҳрат пайдо кардааст.

Имрӯзҳо дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ дар маводҳои чопию электронӣ бо теъдоди зиёда 1,5 ҳазор адад ба табъ расидааст. Дар онҳо олимон, коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро иброз намудаанд. Аз чоп баромадани силсилаи китобҳо таҳти унвони ягонаи «Ваҳдат, давлат, Президент» дар 10 ҷилд, китобҳо ва маҷмӯаҳои илмии «Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Таронаҳои Ваҳдат», «Баёзи Ваҳдат», «Дорога к согласию», «Миростроительство в Таджикистане», «Политика мира и созидания» ва амсоли онҳобаҳри таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо оид ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Хушбахтона бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ низ тайи чандин соли охир дастовардҳои зиёдеро метавон дид, ки ин низ меваи ваҳдат аст. Пеш аз ҳама омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа, ворид намудани техникаву техналогияҳои нави тиббиро метавон қайд намуд.

Сарвари давлат дар мавриди худогоҳии миллӣ яке аз паҳлӯҳои асосии онро дар ҳифзи меъроси миллӣ мебинад. Махсусан аз забони Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки набояд меъроси илмию фарҳангии мо парешон гардаду ба дасти бегонагон афтад. Зеро маҳз ин меъроси маънавӣ дар баланд шудани маънавиёти мардум нақш мебозад ва танҳо миллати соҳибмаърифату соҳибкитоб метавонад дар заминаи дурдонаҳои ниёгонашҷомеаро пайваста ба дӯстӣ иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват созад. Ин аст , ки халқи мо аз қадимулайём то имрӯз ҷудоиву тафриқаангезиро маҳкум менамояд, тавҳиду ягонагиро ситоиш месозад ва баҳри ноил шудан ба саодати ичтимоӣ кӯшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон дар сатҳи кишвар муаррифӣ мекунанд ва чунин таҳавули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии милӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш намояд. Ваҳдати миллӣ бемуҳобо маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва як порчагии марзу буми кишварро ҳифз созад.

    Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

        Чун  як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари  азизам имрўз меболам ва бо ифтихор  метавонам гўям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор  маҳз бо талошу  заҳматҳои  шаборўзии  фарзонафарзанди миллат –Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадди мустаҳкам  расидааст.

Худоизода Дониёри Шер

Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамдилӣ” – и шаҳр и Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, нимаи аввали имрӯз маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонбахш» баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, муовини кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева ва ширкат варзиданд.

Тибқи тартиби баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Дармонбахш», дар ҷараёни кори он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизби халқии демократии тоҷикистон бо маром идома дорад

      Мутобиқи Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вилояти Суғд ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беҳдошт” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

         Дар маҷлис Бахтиёр Исматҷонов – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Маҳмадсалим Ҳаитов мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

       Тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

       Дар асоси масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилот Усмонова Таҳмина Ҳасановна дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беҳдошт” интихоб шуд.

       Доир ба дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: ҶАВОНОНИ ХУШБАХТИ ДИЁР

Ҷавононро дар ҳар давру замон номбардору пуштибони Ватан ва ниёгони аҷдодӣ меҳисобанд. Давлату ҳукумат низ ҷавонони фаъолу пешсаф ва фидоёни Ватанро дар ҳама мавридҳо ҳимоя намуда, дастгириву пуштибонӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромади хеш таъкид менамоянд, ки фардои ин миллат дар дасти ҷавонон аст ва барои рушди нерӯи зеҳни ва фикрии онҳо бояд ҳама шароитҳоро  муҳайё намоем.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Ба ин хотир имрӯз аз рӯйи нақша-чорабинии шуъбаи чавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба пешвозгирии 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 нафар наврасон ба сафи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кабул карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Аз ин рӯ, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати худ, арҷ гузоштан ба меҳнати сидқдилонаи падарону бобоён, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ вазифаи ҷонии ҳар яки шумоён  бояд бошад.

Дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи “Созандагони Ватан” ба наврасони қабулшуда супорида шуд.

Назокат Юсупова

Сармуҳарири рӯзномаи “Шафақ”

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАВОНБАХШ” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 09 апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис Зеварой Бобоева –намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Ҳамҷунин дар Маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ барраси гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб аз нав интихоб карда шуд.

Дар охир намояндаи кумиҷроия Бобоева З. баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханрони намуд.

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд:ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои Раёсати Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) ва маъмурияти МДТ “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ, и.в.директори Филиали донишгоҳ, н.и.и., дотсент Садриддинов М.И. ҳусни оғоз бахшида, оид ба Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдат, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва рушди илму фарҳанг дар даврони муосир ибрози назар намуд.

Баъдан, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева Муҳаббат Холиқҷоновна, котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МДТ “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” Ахмедова Умеда Ҷумаевна баромад намуда, перомуни ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, худшиносиву меҳанпарастӣ, азхуд намудани илмҳои муосир, тарбияи маънавии ҷавонон, тарғиби ғояҳои хештаншиносӣ, дастовардҳои бузурги миллӣ ақидаҳои худро матраҳ намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагону донишҷӯёни фаъол шеъру суруд дар васфи Пешвои миллат, Ватан-Модар, Ваҳдати миллӣ ва сулҳ қироат гардид. 

 Дар интиҳои чорабинӣ, ба якчанд устодону донишҷӯёни фаъол дафтарчаи ҳизбӣ тақдим гардида, аз ҷониби раёсати Филиали донишгоҳ Сипоснома ба донишҷӯёни фаъол сарфароз гардонида шуд.

Ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ хеле диққатҷалбкунанда ва хотирмон баргузор гардид.

Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

Дар асоси Қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон аз 9-апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 24-майи соли 2022, №36, инчунин бо қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташклотҳои ибтидоӣ баргузор гардида истодааст.

Аз ин лиҳоз субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Сифат” дар назди Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки масъулин ва аъзоёни  ташкилот доир гардид, ки дар рафти маҷлис 5-масъала :

1.      Ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ

2.      Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ

3.      Интихоби Раиси ташкилотӣ ибтидоӣ

4.      Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ

5.      Қабули аъзо ба ҲХДТ

баррасӣ гардид.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Муҳаббат ба ҳунар ва оила маро муваффақ кард

МАҚОЛА: Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз бо шарофати оила давлатамон қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад  ва некуаҳволии мардум беҳтар мегардад. Барои ҳамин дар сарнавишти ҳар як шахс оила ҷойгоҳи хосса дошта, оғозгоҳи парвози ӯ хоҳад буд.

Воқеан, зери вожаи оила – як мафҳуми бузург ва мазмуни азиме ниҳон аст, ки барои сохтан, бунёд кардан ва нигоҳ дориву устувории он аз шахс бисёр масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Он муҳаббат ва самимиятро аз ҳар узви оила тақозо дорад.  Ин вожа  агарчи дар назар ночиз метобад, лекин  зери ҳар як ҳарфи калимаи оила мафҳумҳое ниҳон мебошад, ки барои посдории он ҳар инсон ҳамеша дар талош аст.

Агар зери ҳарфҳои калимаи оила мафҳумҳои  о-оқилу одил, и-ибрату итоат, л- лафзу латофат, а-ақлу андешаро дар зиндагӣ истифода барем, ҳеҷ гоҳ дар оила нофаҳмӣ рух намедиҳад. Ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр, муҳаббат, иззату хулқу рафтори нек ва инчунин ба сухани калонсолон гӯш додану эҳтироми эшонро ба ҷо овардан яке аз рукнҳои муҳими оиладорӣ ба ҳисоб меравад.

Собиқадори меҳнат, номзади илмҳои таърих Муътабар Ғозиева зимни суҳбат дар мавриди арзиши оила дар тарбияи муҳити маънавии инсон чунин ибрози ақида намуд: “Мустаҳкамӣ ва ё хушбахтии оила аз як нафар вобаста набуда, бояд аъзоёни оила ҳамеша фикри ҳамдигарро шунида, бо маслиҳати калонсолон роҳи дурусти ҳалли ин ё он масъалаи оилавиро ба таври якдигарфаҳмӣ ба сомон расонанд.

Имрӯзҳо дар бархе аз оилаҳо фақат занро гунаҳкори сар заданӣ ягон мушкилоти оилавӣ меҳисобанд, барои он ки тарбиятдиҳандаи асосии фарзанд маҳз модар аст. Лекин бо фаҳмиши пасту гунаҳгор кардани зан мо дар оила муваффақ шуда наметавонем, зеро дар оила мард сутун бошад – зан соябон аст. Агар ин ду шахс дар зиндагӣ вазифаҳои хешро бо якдиливу якдигарфаҳмӣ иҷро карда тавонанд, ҷои якдигарро пур кунанд, баъд фарзандон дар сояи волидайн, дар муҳити солим хуб тарбия гирифта, ба камол мерасанд. Ва ин анъана аз насл ба насли дигар хоҳад гузашт”.

Ба ақидаи  устоди дигари Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Манзура Султонова баъзе оилаҳое низ ҳастанд, ки ба қадру қиммати зан намерасанд, ӯ чи ҳол дорад, ҳолат равонии чӣ гуна дорад,  аҳамият намедиҳанд, то ҳатто барои сухан кардан ва фикрашро иброз намудан иҷозат намедиҳанд. Гӯё вазифаи  зан дар чунин оилаҳо танҳо иҷрои корҳои хонаву тавлиду тарбияи фарзанд аст.

Албатта, ҳар нафар барои хушбахт будан дар зиндагӣ талош мекунад, бо  меҳнати ҳалол оилаи худро таъмин намуда, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Дар ҳақиқат оила рукни муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Намешавад, бидуни оилаи муваффақ ҷомеаро тасаввур кард. Оила сутуни ҷомеаи муваффақ мебошад. Кафили ҷомеаи солим- оилаи солим аст. Оиладорӣ худ масъулият аст ва агар масъулият ва салоҳият дарк карда шавад, он оила ҳатман ба оилаи хушбахт мубаддал мегардад.

Байни зану шавҳар чиҳое намегузарад ва то комил шудани оила чӣ гапҳое намешавад, вале аз ҳама муҳимаш оила барҳам нахӯрад. Кафили нест нагардидани оила ин сабр аст. Сабр беҳтарин роҳи расидан ба хушбахтӣ мебошад. Дуруст аст, ки бисёр вақт мо аз пушти тақлидкориву таъассуб гоҳо ба оила душворӣ эҷод менамоем, лек инро ҳам фаромӯш насозед, ки ин зиндагӣ кирои ҷойгоҳ додан ба “ғами беҳаё” намекунад. Ҳаргиз, ширинтарин лаҳзаи умрро бо баҳсҳои беҳудаву бепоя нагузаронед, ҷавонони азиз.

Сарнавишти ҳеҷ кас якранг нест, ба касе ризқ зиёд омадаасту ба касе камтар ва ин ҷо айби касе нест. Асрори офариниш ҳамин аст.

Оилае, ки бо нони меҳнати ҳалоли хунари худ фарзандонро тарбия намудаву соҳиби хонаву дар кардааст ва бо ифтихор аз ҳунари аҷдодии худ мебошад, ки ин яке аз ҳунарманди номии шаҳри Хуҷанд оилаи Дадобоевҳо мебошанд. Сардори оила Ғафурҷон Дадобоев бо ҳамсари вафодори хеш Абдуллоеева Шафоатхон тӯли 40 сол бо ҳам якҷоя зиндагӣ намуда, соҳиби 3 духтар ва як писар шуданд. Писари ягонааш низ давомдиҳанди касби авлодӣ мебошад.

Бояд зикр дошт, ки касби меросии авлодии Дадобоевҳо ин пойафзолдӯзӣ буда, аз соли 1978 то имрӯз дар корхонаи пойафзолдӯзии “Базеб”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Аз ҳунари хеш ифтихор мекунад ва мегӯяд, ки маҳз меҳнати ҳалол ва содиқ ба касби худ ҳастам, ки имрӯз ҳамчун ҳунарманд маро мардум мешиносанд ва талаботи мизоҷонамро қонеъ карда истодаам. Ифтихор дорам, ки меҳнати софдилона ва ҳунари маро қадр намуда, соли 2014 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Хуҷанд ҳамсуҳбат шудам ва ба ҳунари пойафзолдӯзӣ баҳои баланд доданд.  Ифтихор аз он дорад, ки иштирокчии бевоситаи Анҷумани ҳизб шуда, аз нуқти пурмӯҳтавои Пешвои муаззами ҲХДТ баҳраманд гардидааст. Гӯшаи ҳизбии коргоҳи хурди ӯ аз беҳтарин гӯшаи ҳизбӣ маҳсуб мешавад. Ӯ яке аз фаъолони ҳизб буда, дар таблиғу ташвиқи ғояҳои ҳизб, ки фароҳам овардани зиндагии шоиста шиораш аст, саъю талош меварзад. 

Воқеан, ҳам Ғафурҷон Дадобоев бо ҳунари худ байни мардум обрӯву эътибори хосса пайдо намуда, зиёда аз 40 намуди пойафзоли мардона ва якчанд намуди занонаро омода менамояд. Ӯ ҳамчунин даҳҳо шогирдонро дар ин ҷода тарбия намудааст

Ин оилае, ки барои шумо хонандагон мисол овардем, яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, намунаи ибрат ба оилаҳои ҷавон мебошад. Мақсад аз нақли зиндагиномаи ин оилаи ҳунарманд дар он аст, ки бо ҳунари  худ тавонист, пеш аз ҳама ҳунари авлодии хешро идома дод, рӯзгору оилаи худро таъмин кард, фарзондонашро соҳиби маълумоту оиладор гардонид ва аз ҳама муҳимаш оилаи худро бо якдигарфаҳмӣ мустаҳкам нигоҳ дошт, ки мо ин гуна оилаҳоро ба мардум муаррифӣ кунем, то ки ибрати дигарон бошанд. Ҷавҳари хушбатии ин оила дар меҳнати ҳалол, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ мебошад.

 Ба ин оилаи ҳунарманду хушбахт тамоми пирӯзиҳо дар кору фаъолият ва рӯзгор таманно дорем. Бигзор сафи чунин оилаҳо дар ҷамъият зиёд гардида, ҳар яке барои ободиву пешрафт ва гул-гул шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

НАЗОКАТ ЮСУФӢ

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Ваҳдат мароми зиндагист!

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад,

дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад.

Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи

ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину

сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он

баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША:  27-уми июн ҳар сол мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Иди сулҳу субот ба охиррасии ҷанги шаҳрвандӣ, ғолибияти сулҳ садо медиҳад. Он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, муқаддас аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо, вохӯриҳо, гуфтугузорҳи Пешвои миллат ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расидем.

Ин рўзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Ваҳдат ғалаба кард. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон мардуми меҳанпарасти Тоҷикистон дар зери ғояи ваҳдати миллӣ дар атрофи Президанти сулҳофарини кишвар сарҷамъ гардида мақсаду мароми оромиву осоиштагӣ муттаҳид гардиданд.  Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ мардум пароканда буд, сарзамини моро тарк мекарданд, пас аз  аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, гӯё аз нав вориди кишвари мо гашт ва ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан бо рӯҳу равони ҷонбахш кӯшиш мекарданд.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ин суханҳои аз қаъри дил баён кардаи Пешвои миллат моро водор месозад, ки аз ин зиёд меҳнат кунем, ба қадри сулҳу меҳнат расем, сокинони сазовори ин халқу миллат бошем.

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, 25 – солагӣ дорад бояд ин дарахт мисли дарахти чанор садсолаҳо бор диҳад, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Ваҳдати миллӣ ибораҳоеянд, ки ҳамеша барои якдилии халқу миллат ва бо аҳли мардум шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Ваҳдат ин сулҳ-ягонагӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат ин ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати миллии тоҷикон  имрӯз мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳо гардидааст, чунки  сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои  берунмарз ҷонибдорони худро пайдо кард ва дар ҷаҳон овозадор ҳам шуд..

Танҳо ваҳдат метавонад душвориҳо ва монеаҳоро барои паси сар намудан, барои беҳбудӣ  рӯзгори мардум, пойдори сулҳ дар кишварамон,  дар пиёда кардани нақшаҳои кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ҳиссаи босазо гузошта бошад.

 Имрӯз мо тоҷикон ба воситаи муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромаданро дорем. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

   Давлате, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад,  сабабгори ҳамаи ин Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мекнад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

Хулоса, чун як омӯзгори собиқадори бонангу баномус ва баори миллат шукр мекунам, ки дар чунин як давлати сулҳофарин умр ба сар мебарам ва дар тарбияи ҳуввияти миллӣ ба ҷавонони соҳибистиқлол дарс мегӯям, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам мефахраму меболам. Дар ин сарзамини ҳамешабаҳор пояи сулҳу осоиштагӣ мустаҳкам гашта, мардумаш дар зери шиори “Сулҳу ваҳдат мароми мост” умр ба сар барад.

Таваҷҷуҳи ҷавононро дар бораи суръати баланди рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ,  иҷрои барномаҳои миёнамуҳлати мамлакат, кишоварзӣ ва ғайраҳо ҷалб намоем.

Темирова Х.И. муовини раиси КИИ ҲХДТ

ба номи  “М.Осимӣ” – и  шаҳри Хуҷанд