Рубрики
Асосӣ

Албом эстафета дар Истаравшан

Санаи 21.09.22 сол дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан оғози аксияи Албом-эстафета таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ташкил гардидааст, бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раиси ноҳияи Деваштич Ҷилилзода Ашӯралӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода К.Ш., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Р.А., раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, собиқадорони меҳнат, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Албом-эстафета аз ноҳияи Деваштич қабул карда шуд. Пас аз қабули ботантанаи албом иштирокчиёни чорабинии муҳими сиёсӣ ба Қалъаи Муғ рафта, бо ин ёдгории таърихии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд ва расмҳои хотиравӣ гирифтанд.

Дар саҳни бинои МИҲД-и шаҳри Истаравшан намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Истаравшан ба марази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни намоиш онро бомароқ тамошо карданд. Ҳунармандон бо намоиши эъҷоди дасти худ бори дигар собит намуданд, ки Истаравшан макони ҳунармандони асил мебошад.

Сипас дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар доираи иқдоми Албом-эстафета ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид, ки дар он собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, фаъолони ҳизб, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода К.Ш. оғоз намуд. Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода А.М., Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М., вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Тӯраев баромад намуда, зикр намуданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Иҷлосияи тақдирсози миллат мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихӣ ин барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин Иҷлосия дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Ин Иҷлосия таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи навини қонунгузории кишвар ибтидо гузошт.

Дар доираи иқдоми Албом-эстафета таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба 10 нафар ҷавонони фаъол, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуда буданд шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба 10 нафар наврасон, ки ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дохил гаштанд, шаҳодатномаи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуданд.

Инчунин ба вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Тӯраев ва Ӯлҷабой Обидов тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд. Бо ҳамин қисми сиёсии чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ хотима ёфт. Чорабиниҳои дигар дар доираи иқдоми Албом-эстафета таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ҲХДТ роҳнамои миллат

Сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова бо донишҷӯёни бахши IV-и коллеҷи тиббӣ вохӯрӣ гузаронида, дар мавзӯи “Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон роҳнамои миллат” сӯҳбат гузаронид.

Дар сӯҳбат маърӯзачӣ дар бораи ҳадафҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри амалӣ гардидани Барнома ва Оинномаи ҲХДТ кӯшиш намоянд.

Инчунин дар сӯҳбат омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии он фаҳмонида шуд.

Ҷавонон дар охир зикр намуданд, ки пайрави арзандаи Пешвои миллат мебошанд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Мусобиқаи футбол

         Бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии сокинони синну соли гуногуни ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” доир гардид.

         Дирӯз даври ҷамъбастии мусобиқа барпо шуд, ки дар он дастаи ғайрикасбии “Истиқлол” сазовори ҷойи якум ва дастаи “Лочин” сазовори ҷойи дуюм шуданд.

         Ғолибон бо дипломҳои хотиравӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ гардиданд.