Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Фарзанд – умеди ояндаи мост!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳар моҳ дар ҳамаи кумитаҳои иҷрояи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ рӯзи ягонаи хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида мешавад. Ии навбат дар ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи бачагонаи вилоятӣ дар мавзӯи  “Рисолати муҳими падару модар –тарбияи фарзанд” доир гардид.

Аъзои  гуруҳи тарғиботӣ – ташвиқотии кумиҷроияи шаҳр Гулчеҳра Аҳророва оид ба мавзӯи мазкур дар назди аъзоҳои фаъоли ҳизб баромад намуда, зикр дошт, ки таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад.

Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Дарси худшиносӣ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода намудани кадрҳои ҷавон дар соҳаҳои мухталифи кишвар ва сиёсати давлатдорӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд курси захираи кадрҳо амал мекунад.

 Дар курси имсола 36 нафар муттахассисони ҷавон аз корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дарс хонда истодаанд.. Аз рӯйи барномаи захираи кадрҳои назди кумиҷроия дар мавзӯъҳои мухталифи сиёсӣ устодон ва донандагони  муттахассисони соҳаи худ дарс медиҳанд.

Ин навбат Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар мавзӯи “Низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва устоди ДИС ДДТТ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Иқтисодиёти миллӣ – рушди бонизоми Тоҷикистони соҳибистиқлол” ба шунавандагон дарс гуфта, аз таҷрибаи бойи фаъолияти хеш мисолҳо оварданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани курси захираи кадрҳо ин омода намудани ҷавонон ба корҳои роҳбарикунанда ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи сиёсат мебошад.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Ҷавонон нерӯи пешбарандаи миллат!

Дар доираи идомаи корҳои ташвиқотӣ-тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ намудани ҳаргуна корҳои ношоям аз тарафи ҷавонон, нигоҳ доштани маданияти либоспӯшӣ, рафтор ва сухангӯйӣ дар ҷойҳои ҷвмъиятӣ ва даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин навбат дар хобгоҳи ташкилоти ибтидоии “Ориён” дар назди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо донишён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шуъбаи занони кумиҷроия Маҳлиёхон Ишанова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз газаронидани чунин вохӯриву мулоқотҳо байни ҷавонон ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маданияту эҳтироми ҳамдигар ва ҷалби эшон ба ҳаргуна озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мебошад.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД Хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ – мактаби ҷасорат

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Афсарону аскарони далеру шуҷоъ  сипари боэътимоди давлатанд” дар Комендатураи ҳарбии № 03377 Гарнизони вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадорони ҳизб, занҳои фаъол аз кумитаи маҳаллаҳо, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ  сарбозон, устодон ва хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №14 иштирок доштанд.

Нахсут аҳли иштирокдорон аз шароити буду боши афсарону сарбозон аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки толори китобхона, хобгоҳ, ошхона ва хонаи маданияти қисми ҳарбӣ хеле хуб муҷаҳҳазонида, ба китобхонаи гарнизон зиёда аз 700 сарбозон аъзо шуда, мунтазам ба мутоилаи китоб машғул мешаванд. Дар ҳамин ҷо ба хазинаи китобхонаи Гарнизон аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб зиёда аз 200 номгӯй китобҳо тақдим карда шуд. 

Қисмати тантанавии чорабиниро муовини комендатураи ҳарбии Гарнизон оид ба корҳои тарбиявӣ – сиёсӣ Ҷамшед Болтуев ҳусни ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон хизматичиёни қисми низомиро бо 29 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли фаъолияти бомаром дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро  фаромӯш нахоҳем кард. Имрӯз таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварамон метавонанд, бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи сулҳу ваҳдат баҳра баранд. Ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши миллӣ қобили муҳофизати марзу буми кишвар доранд ва онҳоро шабонарӯзӣ муҳофизат мекунанд. Ҳадафи баргузории чорабинии имрӯза маҳз бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ошноӣ аз вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш зикр дошт, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватан ва қадри волидонро меомӯзанд. Вақте  ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо хизмат ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки марзи озодию ободии Ватан муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлатдорӣ, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Сардори Комендатураи ҳарбии № 03377 гарнизони вилояти Суғд Файззода Баҳром низ суханронӣ намуда, барои ташкили чорабинӣ арзи миннатдорӣ баён кард.

Собиқадори ҳизб Хайринисо Темирова зимни суханронӣ баргузор шудани чорабинии мазкурро дар марҳилаи рушди давлатдории навин нек арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки танҳо ҷавонони далеру бебок метавонанд арзишҳои миллиамонро бо родмардиву ҷоннисориҳо ҳифз намоянд. Мо, модарон аз овони наврасӣ дар зеҳну тафаккури фарзандонамон дӯст доштани Ватанро ҷо намоем ва онҳоро барои ҳифзи Ватан раҳнамоӣ созем.

Яке аз сарбозон Шаҳбоз Одинаев  зимни суханронӣ зикр дошт, ки мо, ҷавонони Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд давлату  халқамонро ҳамеша ҳимоя кунем ва нагузорем, ки нохалафон ба ҳаёти тинҷию осоиштаи мардуми сарзаминамон  халал расонида бошад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба Комендатураи ҳарбии № 03377 Гарнизони вилояти Суғд тӯҳфаҳои хотиравии ҳизбиёни вилоят тақдим гардида, ба якчанд нафар ҷанговарони интернатсионалист ва иштирокчиёни сохти конситутсионӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” медал супорида шуд.

Сипас, аз тарафи сарбозон намоиши машқҳои низомӣ бо маҳорати баланди касбию хизматӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ созмон дода шуда, ҳунармандони мумтози вилоят бародарон Аловаддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо ва Махками Баҳриддин  баҳри болидахотирии сарбозон сурудҳои марғуб сароиданд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.