Рубрики
Uncategorized

Андеша: Аз Паём то Паём Роҳнамое барои рушд

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ”, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ҳизбиёну ҷонибдорони сершумори он раҳнамоест барои фаъолияти ҳамарӯза. Бо он мо кору борамонро муқоиса мекунем, барои иҷрои нуктаҳои он нақша таҳия менамоем ва мазмуну мӯҳтавояшро ба мардум шарҳ медиҳем. Воқеан, мо ҳанӯз дар оғози соли равон ҷиҳати ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳизбиён ва аҳли ҷомеа фаҳмонидани нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бо ҷалби ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, адибону рӯзноманигорон, омӯзгорон, фаъолони ҳизб гурӯҳҳои тарғиботӣ таъсис дода, амалан дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки шумораашон ҳоло ба 85 адад мерасад, шарҳу тафсири онро роҳандозӣ намудем ва ба сомеъон фаҳмонидем, ки ҳар яки мо метавонем ва вазифадор ҳастем дар татбиқи он саҳм гузорем. Ҳоло, ки аз ироаи ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз наздик ба нӯҳ моҳ сипарӣ мешавад, моро лозим аст, фаъолиятамонро бори дигар бо нуктаҳои он таққос намоем ва бубинем, ки чи корро дар ин самт ба иҷро расонидем ва боз чӣ бояд кунем. Зимнан, Паёми имсола дар вазъияте ироа шуд,ки ҷаҳон дар гирдоби вирусӣ куруно қарор дорад ва ин ба робитаи байни давлатҳо, дар маҷмӯъ, ицтисоди ҷаҳон зарбаи муҳлик ворид намуд ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест. Инро дар мисоли соҳаи сайёҳӣ метавон баралло мушоҳида намуд. Мушкилоте, ки пандемияи коронавирус дар робитаи байни давлатҳо, рафтуомади одамон ба вуҷуд овард, ба вазъи ин соҳаи шуғлофар ва фоидаофар дар ҳама мамлакатҳо таъсири амиқ гузошт. Бо вуҷуди ин дар мисоли шаҳри Панҷакент, ки яке аз минтақаҳои муҳими сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад ва ин ҷо 23 ширкати сайёҳӣ таъсис шудааст, метавон дид, ки онҳо барои омодагӣ ба қабули сайёҳон баъди коҳиши куруно корҳои ҷолиберо анҷом медиҳанд. Баргузории ҳамоишҳо, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо идома ёфта, чанде пеш дар мавзеи сайёҳии Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳӣ низ доир шуд. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилӣ ба боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва пойгоҳҳои сайёҳӣ рӯ ба эҳё овард. Баробари ин ҳанӯз дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ корҳои зиёдеро метавон анҷом дод. Масалан , сайёҳӣ дохилӣ ва хориҷӣ аз Панҷакент ва дигар минтақаҳо низ тӯҳфаи арзишмандеро аз хушкмеваҳо, албом, нишон, маводи аз атласу адрас омодашуда, харитаҳои хатсайрҳои сайёҳиро кам дастрас менамояд, ҳангоми зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ, Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, мақбараи Муҳаммад Башоро ҳанӯз китобчаҳо ва раҳнамоҳои ҷолиб ба забонҳои хориҷиро дарёфт намекунад. Ин тӯҳфаҳоро сайёҳ мехарад ва ин як манбаи хуби даромад ҳам буда метавонад. Тавре аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, рушди иқтисоди мамлакат идома ёфта, дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар низ бисёр корҳо оғоз карда шуда, саноати кишвар рӯ ба рушд ниҳодааст. Ба назари ман ғанӣ гардонидани хазинаи қарзии бонкҳо, кам кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, ба шарики соҳибкорон табдил додани онҳо барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаи хуб мегузорад. Ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент низ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба ҷо оварда, садҳо номгӯй иншооти таъиноти гуногун бунёд карда шуданд. Масалан, танҳо дар шаҳри Панҷакент 405 чунин иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло бошад дар шаҳр бунёди “Бурҷи китоб”, маҷмаа бо тарҳи нави муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва манораи Панчами миллӣ, хонаҳои баландошёна бо марказҳои савдо ва ҳунармандӣ идома дорад. Тавре дар Паём омадааст ва ҳисоботҳои оморӣ низ гувоҳанд, таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ба рағми мушкилоти ба миёновардаи пандемияи коронавирус ба рушди энергетика ва нақлиёт зиёд аст. Сохтмони иншооти аср- НОБ- Роғун ва таҷдиди дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ идома ёфта, барои таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ низ лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Барои сокинони шаҳру навоҳии Зарафшон бошад, хабари ба мувофиқа расидани ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати бунёди роҳи оҳани Самарқанд- Панҷакент ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон хеле хушоянд буд ва боварӣ дорем, ки ин лоиҳаҳо амалӣ хоҳанд шуд. Чун дар Паёмҳои пешина дар Паём имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди илму маориф ва тандурустӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Дар мисоли шаҳри Панҷакент метавон натиҷагирӣ намуд, ки дастурҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба рушди ин соҳаҳо ба иҷро мерасанд. Бунёди беморхонаи нави дорои 200 ҷой, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва маориф дар деҳот аз ҷумлаи ин корҳо аст. Қисмати бештари иншоотҳои ба муносибати 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёдшуда низ ба соҳаи маорифу тиб марбут ҳастанд. Баробари ин мушкилоти норасоии муассисаҳои томактабӣ, ки дар Паёми имсола таъкид шудааст, дар бисёр шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла, шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Масчоҳ, ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳамчунин норасоии таҷҳизоти ҳозиразамони ташхис ва табобат низ эҳсос мешавад. Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани ҳаҷми нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ аз 20 то 50 фоиз пешбинӣ шудааст ва он аз мощи сентябри соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор гирифта, имкон медиҳад, ки сатҳи рӯзгорӣ 100 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ беҳтар карда шавад. Баробари ин ҳанӯз ҳаҷми нафақаи қисмати зиёди пиронсолон барои таъмини рӯзгорашон басанда нест ва умедворем, ки бо ғанӣ гардидани буҷети мамлакат қонунҳо “ Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ “ бозбинӣ карда мешаванд. Нишондодҳои Паём дар мавриди пешгирии шомилшавӣ ба созмону равияҳои ифротгароӣ, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ вобаста ба вазъи муташанниҷи минтақа, таҳкими робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсоя ва ҷаҳон низ дар доираи сиёсати муназзами дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Дар маҷмӯъ вазифаю дастурҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ шудаанд, ба ҳама ҷанбаҳои дохилӣ ва берунии сиёсати давлат оид ҳастанд ва ба иҷрои онҳо на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки ба ҳар яки мо низ масъул ҳастем.

Мурод Шукурзода

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *