Рубрики
Uncategorized

Айнӣ:Андеша: “Чоҳкан зери чоҳ”

Бузурге фармуда, ки “Сухан донӣ бигӯ то дигарон ибрат гиранд ва агар надонӣ хомӯш ист, то инсонат шуморанд”. Нанговар аст, шахсе ва ё гурӯҳе, ки барои Модар-Ватани худ кореро ба сомон нарасонида, бо амалҳои даҳшатовар ва роҳнамоиҳои “фитнаагезони берунӣ” тарки ватан намуда, имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханҳои “бемағз” худро рунамоӣ карда, дар бораи тоҷику Тоҷикистониён сухан меронанд.

Ёд меорем, гуфтори Аҳмадшоҳи Масъудро дар он хусус, ки кӯдаке аз гуруснагӣ хок мехӯрд. Он кӯдак хокро хурд, аммо хоки Ватанро нафурухт. Дар бораи ҳаммаслакони Кабирӣ ҳамаи мо тавассути филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дидем, шунидем ва фаҳмидем, ки дар барпо намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва несту нобуд кардани ҳазорон ақалиятҳои зеҳнии тоҷикон чӣ гуна нақш дошт. Нангам меояд, вақте носипосу хиёнаткору нотавонбин дар кишварҳои хориҷ, садо баланд мекунад. Аз оне, ки дар миллатад аз барои молу мулк қадрношиносӣ модар медонанд, марг беҳтар аз он аст.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки сафари расмии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо аз ҷумла Белгия ва Фаронса ҷараён дорад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Пешвои тоҷиконро ҷаҳониён ҳамчун роҳбари сулҳофару созанда эътироф намуда, аз мактаби бузурги сиёсиву давалтдориашон баҳраманд гардида истодаанд.

Шумо нохалафон, бо андак “пора”-и хоҷагонатон мехоҳед, муносибати тоҷиконро бо ҷаҳониён тира созед, ҳеҷ гоҳ ба ин мақсади нопокатон расида наметавонед. Агар Шумо Ватанро мешудед, пораи хоки Ватанро мисли кӯдаки давлати ба мо ҳамсоя хурда, онро намефурухтед. Ҳар он амалҳое, ки дар замиратон мепарваред, орзуи нотамоматон аст ва рӯзе фаро мерасаду “чоҳкан зери чоҳ” хоҳад шуд.

А.Ҳасанов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *