Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ:БУРДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР БАЙНИ АҲОЛӢ

Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ масъулони кумиҷроия бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Анзоб вохӯрӣ доир намуданд. Зимни вохӯрӣ масъулин доир ба пешгирии сокинон аз бемории коронавирус, ҷалби сокинон ба ҳимояи марзу бум, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ақидаҳои номатлуб, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи босамари нерӯи барқ,  бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ баҳри ҷалби толибилмон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, пешгирии зуроварӣ дар оила, омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва Сухани халқ” ибрози назар намуда, аз ҳар яки аъзоёни фаъоли ҲХДТ даъват ба амал оварданд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия масъалаҳои мавридиназарро ба саҳми аъзоён расонида, дар пиёдасозии Барнома ва Оинномаи ҳизбӣ нақши муассири худро гузоранд.  Ҳамзамон баҳри пешгирии бемории коронавирус бо кормандони бунгоҳҳои тиббӣ ҳамкориро ба роҳ монда, барои рафъи ҳар гуна бемориҳо чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *