Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ:Корҳои тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Мадад”

Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Мадад”-и назди кумиҷроия мулоқот намуда, мутавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии Певшои муаззами миллат, танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Президенти кишвар зимни суханрониашон дар Паём Вазорати тандурустӣ ва зертобеи онро вазифадор намуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар идомаи суханронӣ оид ба даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани донишҳо сиёсӣ, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва фарорасии Рӯзи Қуввавҳои Мусаллаҳи кишвар андешаҳои ҷолиб баён гардиданд. Аъзоёни ташкилот бовар кунониданд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ нақши босазо мегузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *