Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Мулоқот бо фаъолони ҷамоати деҳоти Фондарё

Баҳри вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, даъвати сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлис Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи тарғиботии МИҲД-и ноҳия бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, раиси Ҷамоати деҳоти Фондарё Ҷуразода Ёрмаҳмад суханронӣ намуда, атрофи корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор таҷлил намудани 29-солагии Артиши миллӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ дар ҳудуди ҷамоат маъулот доданд. Сипас, раиси кумиҷроия баромад намуда, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, баён доштанд, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст”.

Дар идомаи суханрониҳо раиси кумиҷроия ва гурӯҳи тарғиботӣ доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳадафҳои стратегии миллӣ: – таъмини истиқлолияти энергетӣ ва истифодаи самарбахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ ва ба кишвари таранзитӣ табдил додани мамлакат, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва дастрасии мардум ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва ваесъ намудани шуғли пурмаҳсул, пешгирии ҷавонон аз равияҳои номатлуби ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати ҷавонон ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, даъвати сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ, андешидани тадбирҳо бахшида ба солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ва аҳамияти аваллиндараҷа зоҳир намудан ба рушди соҳаи пиллапарварӣ, шоҳиву атласу адрасбофӣ ибрози назар карда шуд.

Дар интиҳо, аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда, дар некӯаҳволии зиндагии шоистаи мардум нақши муассир гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *