АНДЕША: Дар айёми ҷавонӣ бештари мову ҳамсолонам муҳтавои сарлавҳаи “Хизмат ба Ватан –шарафи ҷавонмардист”- ро дарк намекардем ва ё умқи онро мавриди таҳлил қарор намедодем. Баъд аз камолоту ба донишгоҳи Олӣ қабул гардидан, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, оини ҷавонмардӣ, заҳамоти падару модар, ҷонфидоиҳои Роҳабри сулҳпарвар ва сарлавҳаи дар боло зикргардидаро омӯхтам.
Хизмати Ватан-Модар ҷавононро қавиирода, ботаҳаммул, чусту чолок ва мактаби мардонагиро омӯхта, барои зиндагии осуда қадамҳои устувор монданро роҳнамоӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки зимни дар қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудан, камандири ротаи дуюми қисми ҳарбӣ оид ба таълиму тарбия, ки аз Дарвоз буданд, баён медоштанд: – “Шумо ҳоло ҷавонед, мушкилӣ зиндагиро надидаед, аз солҳои 90-уми қарни гузашта, кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд.
Бо ин ҳама ноамниву бесуботӣ, имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, Ҳукумати мамлакат бо баробари сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизот шурӯъ намуд.
Дар шароити пур аз мушкилоту норасоии давр 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд. Дар идомаи суҳбатҳо баён доштанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо аришманд гузоштанд.
Дар ҷараёни хизмати Ватан-Модар дар қисми ҳарбии 6593 ба хубӣ эҳсос кардам, ки Пешвои миллат барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои мавҷударо муҳайё намуда, хизмат аз рӯи Оиннома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулони қисмҳои ҳарбӣ аз шароити сарбозон дидан намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд дода, бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, тамринҳои доимӣ дар қалби ҳар яки сарбоз ҳисси Ватандӯстиро бедор месозанд.
Сарбозоне, ки қобилияти фавқулода, ахлоқи ҳамида ва рафтору гуфтори пиндорашон намунаи ибрат аст, аз ҷониби камандири қисми ҳарбӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардорнида мешаванд. Ҷавононе, ки нигоҳи таҳлилӣ надоранду ба бофтаҳои гурӯҳе дода шуда аз хизмат канораҷӯӣ мекунанд, таъкид месозем, ки ҳар он нафаре, ки хирадманду ташаббускор, варзишгар ва ботаҳаммул аст, дар ҳама ҳолат мавриди эҳтиром қарор мегирад ва зиндагӣ низ муваффақ хоҳад шуд.
Ҷавонмардӣ ҳақиқи он аст, ки марди зиндагӣ бошад ва барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пеш бурдани зиндагӣ камари ҳиммат бандад. Ҷавононе, ки бо сари баланд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо овардаанд, ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медоранд ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Бо дарназардошти ҳамин Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон сохтанд, ки “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”. Вале, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро, ифротгароӣ, сиёсисозии дин аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй, ки дар хориҷикишвар ҳастанд фаро гирифтааст. Гурӯҳҳои иртиҷоӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна ахборотҳои беасос ҷавононро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Аз кулли ҷавонони бонангу номуси меҳан даъват ба амал меорем, ки фирефтаи ақидаҳои бегона нашавем, шукри осоиштагии меҳанро карда, баҳри поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти меҳан камари ҳиммат баста, зери шиори “Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам” иқдомоти некро дар ҳар як гӯшаи диёр роҳандозӣ намоем.
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
Токи бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.
Итминони комил дорам, ки ҳар яки ҷавони кишвар, амсоли афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сафарбар сохта, дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон -Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва халқи он хизмати содиқона менамоянд.
Мудири Шуъбаи таблиғот
ва иттилооти КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Айнӣ
Солеҳбой ҚОБИЛОВ