Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Андеша: Интихоби роҳи нек

Имрӯзҳо шомил шудани ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар гардида, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта истодааст. Сарчашмаи асосии шомил шудани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои номатлуб надонистани таъриху фарҳанг ва қадр накардани дастоварҳои замони Истиклол мебошад. Дур мондан аз мактабу маориф ва таваҷҷӯҳ зоҳир накардани волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд, боис мегардад, ки онҳо ба кирдорҳои ношоям ва амалҳои террористию ифротгароӣ даст зананд.

Пешгирии намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) имрӯзҳо ҳадафи асосии насли калонсолон ба шумор меравад. Зеро, терроризм ба рӯзгори насли инсоният  хатари  марг ва  амалҳои  даҳшатбореро ба миён меорад. Ҳамзамон, терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аъзоёни он ҷавононро бо  ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда,  ба ҷараёнҳои террористӣ, аз он ҷумла куштору ваҳшоният сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки бо ҳар гуна роҳу восита ба рӯзгори инсон зиён мерасонанд.

        Ҳар як амалҳои террористие,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонем,  моро муваззаф менамояд, ки дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул диҳем. Нагузорем, ки бештари вақти худро сарфаи истифода шабакаҳои иҷтимоӣ намоянд.

 Итминони комил дорем, ки ҷавонони саодатманди меҳан роҳи неки зиндагиро пешаи худ намуда, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона месозанд.

   Алим ҶУРАЕВ

 Аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *