Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Андеша: Терроризм-ваҳшоният аст

Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир падидаи нав ба шумор намеравад, балки солҳову асрҳост, ки он ба инсоният мушкилот ва хатарҳои бепоёне эҷод мекунад. Терроризм ва экстремизм фаъолияти иртиҷоӣ, харобкорӣ, фитнаангезӣ, қатлу куштор ва ваҳшониятест, ки аз ҷониби ниҳодҳои номаълум ба воситаи хароб кардани нерӯҳои ақлонӣ ва ҷисмонии одамони авбошу қотил, ҷинояткору ғоратгар, зудбовар, гумроҳу фиребхӯрда мавриди амал қарор дода мешавад.Ба ифодаи дигар, дар паси терроризму экстремизм шахсиятҳо ва қувваҳое қарор доранд, ки маблағҳои калони пулӣ ҷамъ меоваранд, ба хариду фурӯши яроқ машғул гардида, бозори ин ё он гуна молу маҳсулоти ба ҳаёти инсоният хатароварро метезонанд. “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”. Хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд.Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро “исломӣ” хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.Мо ҷавонон шоҳиди онем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯро набуда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занон мо, либосҳои бегонаро бо номи “ҳиҷоб” ё “сатр” истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷгоҳ сиёҳпӯш набуд.Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Боиси таассуф аст, ки бахре аз нохалафон бо василаи роҳнамоиҳои хоҷагони хориҷиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯнамоӣ карда, мардум, хоса насли ҷавони миллатро гумроҳ намуда, мехоҳанд, нақшаҳои нопоки худро амалӣ намоянд.Гурӯҳҳои иртиҷоиву бегонапарасти – 24 ва Паймони миллӣ, ки мароми созанда надоранд, бо як ду ҳаммаслаконаш бо “сафсатахон”-и рӯ оварда, гумон мебаранд, ки ҷавонон ба онҳо эътимод мебанданд. Аммо, дониста бошанд, ки аз дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ, барои халқ, хоса ҷавонон, озодӣ ва сулҳу субот дар мадди аввал истода, касе ба “лоҷарам”- гӯиҳоятон гуш намедиҳад. Зеро, мо ҷавонон Шуморо ҳамчун шахсият қабул надорем ва намегузорем, ки худро Тоҷик номед. Ҳар як амали Шумо, пур аз фитна, ғоратгариву ваҳшоянист аст, ки насли солим инро қабул нахоҳад кард. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки “хоҷагони хориҷиатон” аз Шумо рӯ тофта, туъмаи “сагон” хоҳанд кард. Ин рӯзҳоро вақту зиндагӣ нишон хоҳад дод. Ҳар он нафаре, ки Ватандор аст, бояд дар хоки Ватан ва барои хоки он ҷоннисор бошад.Ҷавонони мо, имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия ёфта, шукри истиқлоли Ватан, шукри суботу оромӣ намуда, барои ваҳдати ҷомеа талош карда, бегонапарастиро пешаи худ нахоҳанд кард.

Бахтимо ЁСУМАНОВА

аъзои гурӯҳи тарғиботии КИН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *