Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Андеша: Шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёнати гурӯҳҳои манфиатҷӯй

Солҳои охир, шабакаҳои иҷтимоии дохил ва хориҷи кишвар, симои манфии наҳзатиёну паймондоронро аз таърихи фаъолият то ба имрӯз ошкоро ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднопазир ошкор намуда истодааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аъзоёни паёмони милливу наҳзатиён чанд сол аст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро “Меҳанпарасту ғамхори муҳоҷирону ниёзмандон” вонамуд карда, ақидаҳои ғайриқобилитаваҷҷӯҳи худро дарҷ менамоянд. Саволе ба миён меояд, ки наҳзатиёну мухолифон, ки хориҷ аз кишвар мудом пайи барангехтани кинаву адовад дар кишвари худанд, нисбати Тоҷикистон ва халқи он чӣ  гуна иқдомҳоро рӯи кор оварда бошанд?  Он нафаре, ки ғамхору Ватандӯст аст, бо халқ ҳамдаму ҳамнафас аст. Чанд моҳ қабл бо ҳамроҳии ҳамсолон бори дигар филми ҳучҷатии “Хиёнат”-ро, ки амалҳои ғайриинсонии наҳзатиёну паймондоронро нишон медихад, тамошо намудему хиёнаткорӣ, фитнаангезӣ, дасисабозӣ, одамрабоӣ ва даҳшатафканиии онҳоро дида, ангушти ҳайрат газидем.

Пирони барнодил, ки солҳои навадумро ба ёд меоранд – иброз медоранд, ки “Хиёнат ба Модар- Ватан” амали ноҷавонмардона ва нобахшиданӣ ба ҳисоб меравад. Тамошои филми “Хиёнат” ҳар яки мо ҷавононро водор мезозад, ки зиракии сиёсиамонро баланд бардорем. Ҳар як амалҳои террористии хиёнаткорон моро ба андеша кардан водор месозад, ки дар гузашта чӣ рӯзгор доштем ва имрӯз дар кадом вазъ қарор дорем. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, баҳри дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, бо ҷалби собиқадорон, волидайн ва омӯзгорон, фаъолон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъати тоза бахшида, таърихи начандони дури меҳанро ба ҷавонон ёдоварӣ мебояд кард.

  Боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯй, солҳои охир кучактарин муаммоҳои кишварамонро ба  бузургӣ вонамуд сохта, мехоҳанд бо раванди корбарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, фазои ҳамдилиро доғдор созанд. Ба ном ғамхорони миллат, ки хориҷ аз кишвар “Ҳам-ҳама” месозанд, дар назар дошта бошанд, ки ҳар яке аз сокинони соҳибтамаддуну бофарҳанг ва фурутани ин сарзамини биҳиштосо, пайи ободиву шукуфоии меҳан, тарбияи фарзандон ва рӯзгори босаодати худ, мебошанд.  Аммо, нохалафони некинодонони дур аз Ватан бо дарҷи маводҳои иғвобарангезона, амсоли худ ҷинояткоронро дастгирӣ намуда, аз онҳо “Қаҳрамон” метарошанд. Хуб дар хотир дошта бошем, ки дар ҳама давру замон, ҳар он нафаре, ки ҷиноят содир менамояд, назди қонун ҷавобгар аст. Ҷинояткору дасисабозе наметавонад, ки ба хотири амали намудани ҳадафҳои муғризонааш, осоиштагии халқро нобуд созад. 

Аз ин лиҳоз, аз ҳар яки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ даъват ба амал меорем, ки ба ахборотҳои беасоси бегонагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, пайи обод намудани зиндагии хеш шуда, нагузорем, ки хоине ба сарзаминамон харобӣ оварад. Ба даст овардани Истиқлолият магар кори саҳлу осон аст.  Итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди боору ба номуси Тоҷикистон пайрави аз Пешвои сулҳовари миллати хеш карда, дар поянда нигоҳ доштани Ваҳдату ҳамдилӣ, Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузошта, манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳҳо афзалтар мешуморем.

Алим Ҷураев

       аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *