Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ – ВАРЗИШИИ “ҲОМИИ ВАТАН”

    Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди кишвар” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Урметан ва ҷамоати деҳоти Дар-Дар мусобиқаи ҳарбӣ варзишии “Ҳомии Ватан” дар сатҳи васеъ ва бошукӯҳ баршузор карда шуд.

    Чорабинии мазкур бахшида ба 31 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мақсад аз баргузории чунин озмунҳо ин баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ, такмил додани корҳои ватандӯстӣ,  варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан, тарбия намудани масъулиятҳои нисбат ба хониш, ташаббускорӣ ва худфаъолиятӣ, шуурнокӣ, ҷасорат, зиракӣ ва омода намудани ҷавонон ба хизмати Ватан- модар мебошад.

    Дар мусобиқаи мазкур аз якчанд шартҳо аз қабили: машқҳои сафороӣ, додани саломи ҳарбӣ, вазнбардорӣ (бардоштани гиря), тирпарронӣ, турник, расми беҳтарин ва ресмонкашӣ иборат буда, ҷавонони соҳибистиқлол онро дар сатҳи баланд ва дар руҳияи одобу ҳурмати якдигар гузарониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *