Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Тибқи нақша-чорабинии муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ” имрӯз бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар Ҷамоати деҳоти Анзоб, Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бо сокинон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ, масъулини кумиҷроия ва директори Маркази пешгирӣ оиди ВНМО Маликов Ҳусейн ва дигар фаъолон оид ба пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемории ВНМО маълумоти муфассал дода, варақаҳои таблиғотӣ, ки доир ба мавзӯи мавридиназар мунташир гардиданд, тақсим намуданд. Гуфта шуд, ки ба ВНМО занҳо, мардҳо, кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Дар он синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба ин навъи вируси дучор шудаанд дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Вале шахси сироятёфта барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро ба дигарон сироят кунад. Аз сироятшавӣ то пайдошудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

Дар ҷарёни суҳбатҳо дар бозору маҳаллҳо зикр гардид, ки атрофи беморӣ дар ВАО-и маҳаллӣ ва саҳифаи кумиҷроия матлабҳо дарҷ гардиданд, ки метавонед, маълумоти муфассалро аз онҷо дарёфт намоед. Сипас, баҳри пешгирии беморӣ дар байнӣ сокинон ташхиси ройгон гузаронида шуда, маводҳое, ки барои пешгирии беморӣ нигаронида шуда буданд, дастраси аҳолӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *