Ҷиҳати иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 02.02.2024 сол ва бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия сокинон ва ҳизбиёни ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд.
Дар шанбегӣ аъзоёну фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, кӯчаҳою роҳрав ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тозаву озода намуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббусҳои созандаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта дар ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ карда мешавад.