Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Дар дифои Ватан, ҳамчу кӯҳ устувор

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артишиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҶТ воқеъ дар мавзеи Исрофилободи ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода, раиси Шӯрои собиқадорон Бобоҷонов Шодиқул, мудири шуъбаи маориф Хокирозода Абдушукур, фаъолони гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроия, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, вакилон, фаъолон, рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар ибтидо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода доир ба мавзӯи “Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан” баромад намуда, кулли сарбозон ва афсаронро бахшида ба 29 -умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику шодбош намуда, аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва ташаббусҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд.

Қайд гардид, ки боиси ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсату иқдомҳои ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондиҳӣ Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба сохтори пуриқтидор мубаддал гашта, ҳамчун нерӯи тавоно ва муқтадири мудофиавӣ сипари боэътимоди давлат ва кафили зиндагии осоиштаи мардум гардид.

Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Бобоҷонов Ш.Х. ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хокирозода А.Г. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки артиши миллӣ, дар солҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи марз, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Баъд аз суханрониҳо, фаъолон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз будубошӣ сарбозон аз он ҷумла, хонаи навбатдорӣ, хонаи иттилоотӣ-фароғатӣ, хобгоҳ ва ошхонаи қисми ҳарбӣ дидан намуданд.

Қобили зикри хос аст, ки бо дастгириву пуштибонии Певшои миллат дар қисми ҳарбӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардида, сарбозон бо се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд ва дар баробари ҳифзи сарҳадот ба корҳои хоҷагидорӣ машғул гардида, атрофи қисми ҳарбиро гул-гулшукуфон намудаанд. Созандагони Ватан баъд аз боздид ва суҳбат бо афсарону сарбозон таҳти чунин мисраҳои шеърӣ:

Саф ба саф дар қатор, бошараф бовиқор,

Дар дифои Ватан, ҳамчу куҳ устувор.

баён доштанд, ки мисли сарбозони шуҷоӣ меҳан дар поянда нигоҳ доштани Истиқлолият нақши босазо гузорем. Боиси зикр аст, ки баҳри дар амал тадбиқ намудани иқдомҳои созандаву ғамхоронаи Сарвари сулҳпарвари меҳан, аз ҷониби кумиҷроияи ноҳия ба қисми ҳарбӣ маводҳои озуқа дастрас гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *