Дар идомаи вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ бо сокинон бо фаъолони деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ, нуқтаҳои асосии Паём мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуда, ҳамзамон оид ба даъвати ҷавонони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзишӣ фанҳои дақиқ, таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал ибрози назар карда шуд.
Зимни мулоқот аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар иқдомоти бунёдкоронаи русто камари ҳиммат баста, дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорон фарзандони худро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбият намоянд.
Дар интиҳо сокинон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.