Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Идомаи шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Дар асоси нақша-чорабинии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури МНМОҶТ ҷиҳати ба самъи аҳолӣ расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯзҳо вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Вобаста ба ин, имрӯз 4-уми январи соли равон гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, омӯзгори мактаби Президентӣ Нуров Мэлс, Фатоев Ҳотамҷон -мушовири шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.

Нахуст, муовини Раиси ноҳия ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба вакили МНМОҶТ Шарифзода Ғиёсиддин дод. Ғиёсиддин Шарифзода оид ба рушди соҳаҳои дахлдори кишвар дар соли 2022, ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардиданд, маълумоти муфассал дод. Инчунин, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, омӯзгори мактаби Президентӣ Нуров Мэлс, Фатоев Ҳотамҷон -мушовири шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат изҳори андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки мо бояд ҷомеаро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоем ва ба татбиқи амалии Консепсияи миллии тарбия вусъати тоза бахшем. Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз соли 2000-ум инҷониб ироа мегардад.

Ҳамчунин, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Шодиқул Бобоҷонов ба сухан баромада, перомуни Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд кард, ки мо аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ баҳри амалигардонии дастурҳои Пешвои миллат ҳамеша омодаем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *