Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд, ки бо дастур ва роҳнамоии хирадмандонаи ин марди Худо, дар ноҳияи Айнӣ якчанд иншоотҳои ҳаётан муҳим, аз он ҷумла мактаб-интернати наву замонавии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Анзоб, бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Зеробод дар ноҳияи Айнӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, Маҷмааи калони варзишӣ дорои 6- ҳазор ҷойи нишаст, коргоҳи дӯзандагӣ, фермаи чорвопарварӣ, корхонаи парандапарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Пешвои миллат! – шодиву нишоти ҷавонони ноҳияро ҳадду канор нест. Зеро, бо ҳидоятҳои падаронаи Шумо! – ноҳияи Айнӣ сол аз сол гул-гулшукуфон шуда, фазои ҳамдилӣ дар байни сокинон танинандоз гардида истодааст. Зебогии гулҳои ороишӣ, парафшонии Парчами миллӣ, ба талаботи замон бунёд ёфтани биноҳои таълимӣ ва варзишгоҳ, муҳаббати Ватандории ҳар яки моро дучанд намуда, моро ба шукргузорӣ ва дӯст доштани ҳар як пораи хоки Ватан-Модар ҳидоят менамояд.
Созандагони Ватан-и ноҳия, ба Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, барои чунин ғамхориву меҳрубонӣ, заҳмату пофишорӣ, хирадмандӣ ва инсондӯстӣ, ки боиси сарбаландиву фараҳмандии мардум шуданд, арзи сипос гуфта, бароятон сиҳатии комил ва саодатмандӣ хоҳонем ва Шуморо бовар мекунонем, ки барои пойдории Истиқлолият ва зиндагии шоистаи мардум саҳми назарраси мегузорем.