Ҷомеаи ҷаҳонро бе ҳар гуна хавфу хатар эҳсос намудан ғайри имкон аст. Равандҳои геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз мураккабу пурпечутоб гашта истода аст. Сарфи назар аз ҳолати дурнамо сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) зиёд гашта, таҳдиду хавфу хатарҳо, нобасомониҳои мусолиматомез, низоъҳои дохилию байналмилалӣ, бархӯрди тамаддунҳои ҷаҳонӣ, қатлу куштор, одамрабоиву гаравгон гирифтани сокинони осоишта, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, густариш додани сафи ифротгароён, ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ ва ғайраҳо дар замони муосир афзуда истода аст.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар масъалаи мураккаб гаштани вазъи геополитики ҷаҳон таъкид гардид, ки: “Имрӯзҳо гуруҳҳои террористию экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат хулоса намудан зарур аст, ки новобаста аз мураккаб гаштани вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон сокинони мамлакат хусусан ҷавонону наврасон бояд ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, фирефтаи доми ғафлати иғвоангезону ифротгароён нагарданд.
Дар ҳоли рушди мемайлони техникаву технологияи муосир гуруҳҳои ифротгаро вазъи кунунии ҷамеаи ҷаҳонро халалдор намуда, тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ диққати сокинони ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯи худ равона намуда, бо дарҷи паёмакҳои бардурӯғи беасос шаҳрвандони бегуноҳро ба доми ғафлати маргбори худ ҷалб намуда истодаанд. Имрӯзҳо низоъҳои пурҳассос дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба хотири ба даст овардани манфиатҳои миллии давлатҳо ва ба хотири ноором сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир афзуда истода аст.
Дар робита бо чунин вазъ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бартараф кардани хавфу хатарҳои рӯзафзуни ҷомеаи имрӯза ҳамкориҳои ногусастании худро бо шарикони байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва ғайраҳо идома дода истода аст. Маврид ба зикри хос аст, ки вазъи кунунии геополитики ҷаҳони муосир дар ҳоли авҷгирӣ қарор дорад, ки боиси зиёдшавии ҳама гуна омилҳои хатарфизо гашта истода аст.
Кишвари соҳибистиқлоли мо аз даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз тайи солҳоисоҳибистиқлолӣ бо азму иродаи қавии Пешвои хирадманду абармарди дунёи сиёсат, шахсияти накуном ва роҳбари нексиришту олиэътибор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли проблемаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳон бо ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманд намуда истода аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои ҳалли проблемаҳои мубрами аҳамияти байналхалқидошта аз қабили мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳи сард, ҷиноятҳои киберӣ ва мутобиқшавӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ҳамчунин рафъи оқибатҳои ҳамагуна ҳодисот саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба пешравии ҳаммаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуда фаъолияти соҳаҳои болозикрро хуб арзёбӣ карда, дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ҳамагуна хавфу хатарҳо чунин таъкид карданд: “Мо ҷонибдори ҳалли проблемаҳои байналмиллалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар ин раванд пуштибонӣ мекунем”.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ба хотири аз даст надодани манфиатҳои миллиамон бар зидди гуруҳҳои террористию экстремистӣ ва бар зидди ҳамагуна падидаҳои номатлуб мубориза бубарем, ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳамагон сарҷамъ ва муттаҳид шуда, арзишҳои миллиамонро ҳифз намуда, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, оромию осоиштагии халқ бирасем.
Ба хотири рафъи ҳамагуна ҳодисаҳои хатарфизои ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.
А.ҶУРАЕВ
мудири Бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ