Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ УРМЕТАН

     Имрӯз тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидайн, хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти МТМУ √40 ва МТМУ √2 ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии судманд баргузор гардид.

      Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, баланд бардоштани сифати таълим, тадбиқи Қонунҳои миллӣ дар амал, беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масоилҳои мубрам ибрози назар карда, аз волидайн ва фаъолон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи фарзандон диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷараёни тадриси онҳо пайваста бархурдор гарданд.
  
     Дар интиҳо фаъолони ҷамоат ба сухан баромада, бовар кунониданд, ки баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои судмандро андешида, дар поянда нигоҳ доштани сулҳу субот дар меҳан нақши бориз мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *