Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам

                   

            Дар идомаи вохӯриҳо, масъулини кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №37 мулокот намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳо, баланд бардоштани сифати таълим, самаранок истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам  ибрози назар карданд.  Аъзоёни гурӯҳи “Созанда”-и ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки дар муассисаи таълимӣ фаъолияти нишонрас доранд, эҷодиёти назмиву насрии худро таҳти унвони “Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам”, ки муҳтавои онро хизматҳои шоёни собиқадорони Артиши миллӣ, ҷанговарони башардӯст дар бар мегирифт, манзури ҳамсабқону роҳбари муассиса намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *