Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Марҳабо Наврӯзи аҷам

Андеша:Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии халқи Тоҷик ба ҳисоб меравад, ки хурду калон онро бо як меҳру муҳаббати хоса интизорӣ мекашанд. Тибқи маълумотҳо Наврӯз бо баробари фарорасии баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар китоби Димишқӣ “Наҳбат-уд-даҳр” омадааст, ки Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағйир хӯрда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне аз он даврае, ки ҷамияти инсонӣ пайдо шудааст, таҷлил мешавад. Бо гузашти замон Наврӯзӣ оламафрӯз ҷашнӣ орзую умед, дур кардани кинаву адоват ва ибтидои кори деҳқон гардид.

“Ҳафтсин”, “Ҳафтшин” дар миёни мардуми ноҳия бо хосияти хосаро соҳиб гардида бо сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак, – шаҳд, шакар, шир, шароб, шамшод дар рӯйи дастархони наврӯзӣ хӯрданиҳое мегузоранд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамояд ва ҳар касе аз он тановул намояд, аз таъму маззаашон баҳои баланд медиҳад. Дар рустоҳои ноҳияи Айнӣ хурду калон барои истиқболи гармӣ Наврӯзи аҷам бо як меҳру муҳаббати хоса, то фарорасии ҷашн, ба пухтупази наврӯзӣ, сабзонидани сабза, хонабарорӣ, рангомезӣ, поксозии дару девори хона, тоза намудани ҷуйборҳо ва дигар амалиёти наззофатию ташрифотиро анҷом медиҳанд.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Тоҷикон, ки бархе аз нотавонбинон таҷлилашро раво намедиданд, ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Боиси сарфарозист, ки бо ҷаҳду талош ва арҷгузории Пешвои миллат, дар ҷаласаи 64-уми Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчуби “Тамаддуни ҷаҳонӣ” моҳи феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.

Аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии бепоён изҳор менамоянд, ки Наврӯзи аҷам дар давлатҳои Осиёву Аврупо ҳамчун рамзи дӯстӣ, муттаҳидии халқҳои соҳибфарҳанг бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунин ташаббусу хиради воло ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки дар поянда нигоҳ доштани ҷашнҳои ниёгонамон саъю кӯшиш намоем.

Дар баробари ин, чун дар арафаи ҷашни байналмилалӣ Наврӯзи хуҷаспай қарор дорем, месазад, ки дар пайрави аз иқдомоти неки Пешвои миллат, дар анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз он ҷумла кумак расонидан ба ятимону барҷомондагон, шахсони муҳтоҷу ниёзманд, маъюбону пиронсолон камари ҳиммат баста, дар поянда нигоҳ доштани муҳаббати инсонӣ нақши назаррас гузорем.

Зеро, Наврӯз нишонаи покӣ, фурутанӣ, саховатмандӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар аст, ки аз замони Ҷамшед шурӯъ гардида, баёнгари пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва тантанаи покиву садоқат ва тозагиву озодагии инсонӣ мебошад. Мувофиқи анъанаҳои миллӣ, бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз ҳар мардуми ноҳия, хоса аъзоёни ҲХДТ ба кишту кор, корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани манзили зист, камари ҳиммат мебанданд.

Дар ин лаҳазоти фараҳбахш, умед дорем, ки ҳар яки мову Шумо бахшояндаи гуноҳҳо шуда, ба дидорбинии хешону наздикон рафта, дар баргузор намудани чорабиниҳои Наврӯзи аз қабили бузкашиву гӯштингирӣ, чавгонбозиву аспдавон, хурӯсҷангу кабкҷанг, тухмҷангу чормағзбозӣ саҳми босазои хешро мегузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *