Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”

Имрӯз дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и назди кумиҷроия аз рӯи 5 масъала:

1. Ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” барои нимсолаи аввали соли 2021

2. Рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022

3. Интихоби ҳайати нави Раёсати ташкилоти ибтидоӣ

4. Интихоби Раис ва шахси масъули ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”

доир гардид, ки дар он муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ С.Раҳматзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода, раиси ТИ “Фарҳанг” А. Қобилзода ва дигар аъзоён ширкат намуданд.

Дар ибтидо, раиси ташкилот, оиди самти фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботи муфассал доданд. Баъд аз натиҷагирӣ аз самти фаъолият, аъзоёни фаъоли ташкилот Ф. Низомова, Т.Холиқова, А.Авезов, М.Қориев ба музокира баромада, ҳисоботи раиси ташкилотро мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар ҷарёни маҷлис, муовини аввали раиси ноҳия ва раиси кумиҷроия суханронӣ намуда, барои фаъолияти назаррас, баргузории барномаҳои рангин, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҳизб изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз аъзоëни фаъоли ташкилот даъват ба амал оварданд, ки баҳри бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ақидаҳои номатлуб, баланд бардоштани донишҳои сиëсии аъзоëн, иҷрои Қонунҳои миллӣ ва бандҳои Барномаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки доири иқдоми “Шаҳодатномаи ман -ифтихори ман” корбариро ҷоннок карда, ҳамкориро бо масъулони КИН вусъати тоза бахшанд.

Инчунин, он аз рӯи масъалаи дуюм А.Қобилзода суханронӣ намуда, бовар кунониданд, ки маъракаи Обуна-2022 ба нашрияҳои ҳизбиро пеш аз муҳлат иҷро хоҳанд кард. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома, 7 – нафарро барои аъзои нави Раёсат пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳоро иштирокчиёни маҷлис ҷонибдорӣ намуданд. Баъд аз тасдиқи аъзои Раёсат, аз рӯи масъалаи чорум бо тарафдории иштирокчиёни маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар байни аъзоёни нави Раёсати ташкилот А.Қобилзода ба ҳайси раиси ташкилоти ТИ “Фарҳанг” интихоб гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *