Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

Дар асоси қарори маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроия ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия, маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳия барои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 доир гардид, ки дар кори он аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муродзода Муқим Қаюм, мудири бахши ҷавонони КИВ, Саидов Фирдавсхон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, вакилон, раисони ташкилотхои ибтидоӣ, намояндагони занон ва ҷавонон, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок намуданд. Дар маҷлиси ҳисоботии кумиҷроия масъалаҳои зерин мавриди барраси қарор дода шуданд:

1. Натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

2. Дар бораи тасдиқ намудани қарори ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

3. Дар бораи қатъ ва боздошт намудани аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

4. Масъалаҳои ҷорӣ

Аз рӯи масъалаи якум раиси кумиҷроия, оиди тарғибу ташфиқи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешида дар самти қабул ба узвияти ҲХДТ, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, таъмини заминаи моддиву техникии КИ ҲХДТ дар ноҳия, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ маълумот доданд.

Инчунин доири гузаронидани хонишҳои сиёсӣ дар байни ҷавонон, тадбирҳо оид ба корҳои тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва пешгирии шомилшаии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фаъолияти пурсамари нашрияи ҳои ҳизбӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, нашри мақолаву андешаҳо, вокунишҳои саривақтӣ ба маводҳои муғризонаи хоинони миллат, самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон, фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, иҷрои гузориши гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи марказӣ оиди ба низом даровардани фаъолияти ҳуҷҷатгузории кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолияти кор бо занон ва ҷавонон, иҷрои Қонунҳои миллӣ, фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон, собиқадорон, гурӯҳи Кибердружина, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемории коронавирус ва дигар масъалаҳои мавридиназар ахборот манзур намуданд.

Баъд аз баромади ҳисоботӣ, котиби ташкилоти ибтидоии “Маориф” Мукаррамов Фарҳод, котиби ташкилоти ибтидоии “Сангистон” Хоҷаева Парвина ба музокира баромада, доир ба ахбороти ироагардида ибрози назар намуда, ҳисоботи раиси кумиҷроияро мусбат арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни маҷлис раиси ноҳия Муродзода Муқим, мудири бахши кор бо ҷавонони КИВ Ф.Саидов баҳри дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сокинон аз бемории навъи нави коронавирус, ҳимояи марзу бум, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сиёсӣ ва таҳияи нақша-чорабиниҳои судманд барои шашмоҳаи дуюми соли 2021 маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамазмон раиси кумиҷроия атрофи масъалаҳои дуюм, сеюм ва чоруми рӯзнома баромад намуда, доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар интиҳо ба якчанд нафар ҷавонони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *