Дар доираи чорабиниҳо, масъулини кумиҷроия бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Пайравони Пешвои миллат, гирандагони стипендияи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ мулоқот доир намуда, оид ба мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон” баромад намуданд. Гуфта шуд, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Зеро, маҳз ҷавонони эҳсоси ватандӯстиашон баланд метавонанд, пешбаранда ва ҳимоягари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд.Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кӯшиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.
Рубрики
АЙНӢ: Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон
