Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: НӮРЕСТ БА ДИДАГОНИ МО ИСТИҚЛОЛ

     
         Амалҳои иртиҷоӣ солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ифротгароӣ зуҳуроте, ки чун вабои аср эътироф шудааст, ба ҳастиву саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоӽ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳад.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили терроризм, экстремизми байналмилалист. Ҳамин аст, ки 18-19 октябри соли 2022 шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкори байналмилалӣ ва минтакавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муковимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”- ро мизбонӣ кард.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин Конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари ҷаҳон мужда дод. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри оядасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеч гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд. Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавонем гуфт, ки ҷавонон аз ин зуҳуроти нангини аср худро дур гирифта, барои гул-гул шукуфоии кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Яке аз шоирони шинохтаи кишвар Шаҳриябону шеъреро эҷод намудаанд, ки дар замири инсон маскан мегирад ва умед дорам, ки ҳар яки сокинони кишвар ба қадри ин нур хоҳанд расид…

Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.
Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.
Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол.
Эй ҳамқлами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиқлол.
Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,
Ободии хонадони мо Истиқлол.
Шаҳномаву Шаҳриёру Шаҳрия турост,
Тоҷи шарафу нишони мо. Истиқлол.

    Саъдуллоев Саъдулло
    Омӯзгори МТУА №62
    Аъзои гурӯҳи тарғиботии
   КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *