Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат нисбат ба рушди таълиму тарбия наврасону ҷавонон бештар гардида, барои аз худ намудани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, забонҳои хориҷӣ маслиҳатҳои судманд дода, дар Паёми соли 2019, баҳри тақвияти тафаккур ва баланд бардоштани сифати таълим, солҳои 2020-2040-ро солҳои “20-солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ метавонанд, дар ҳадафи стратегии миллиамон нақши муссири худро гузорад. Кишвари азизи мо – тоҷикистони биҳиштосо, сарзамини кӯҳсор буда, 93 фоизи онро куҳҳои сар ба фалак кашида мебошад, ки ин кӯҳҳоро сарватҳои табии, минералҳои гуногун ва инчунин ҷадвали зиндаи системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделев ҳисобидан мумкин аст. Аз ин лиҳоз омӯзиши фаннҳои дақиқ, табиӣ, аз худ намудани забонҳо ва технологияи муосир метавонад барои рушди саноат ва рӯзгори босаодати мардум саҳми босазо гузорад.
Чунин, ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, омӯзгорони фанҳои дақиқро вазифадор менамояд, ки дар байни хонандагон маҳфили “Химикони ҷавон”, гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ ва бо ҳар гуна усулҳо, ҳал кардани масъалаҳои химиявӣ, инчунин дар мувофиқа бо маъмурияти муассиса чорабиниҳои берун аз синфӣ, яъне ҳафтаи фанни химия, шабнишиниҳои химиявиро доир намоянд. Чунин иқдомот метавонад, таваҷҷӯҳи хонандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намояд. Зиман тадбиқ накардани назария бо амалия дар раванди таълими фанҳои дақиқ наметавон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.
Ба ҳамин хотир ба мо омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зарур аст, ки барои омӯзиш ва рушди фанҳои дар боло зикргардида, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ мусоидат намоем. Дар ҳолати хунукназарона муносибат намудан бо хонанда ва болои касбияти хеш корбарӣ накардан, боис мегардад, ки бесаводӣ авҷ ёбад. Аз ин лиҳоз аз ҳама устодон даъват ба амал меорам, ки дар пайрави аз ташаббусҳои дурандешонаи Сарвари сулҳовари миллат дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои судмандро андешем.
Маъмур МАЪМУРОВ
мушовири шуъбаи маориф
аъзои гурӯҳи тарғиботии
КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ