Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Солҳои 2022-2026 – ро “солҳои рушди саноат”

МАҚОЛА: Дар даҳаи охири асри 20 ба мо бузургтарин неъмати зиндагӣ – истиқлолияти томи давлати насиб гашт. Пас аз ҳазорсолаҳо давлатӣ ҳақиқатан милливу соҳибихтиёр ташкил ёфт. Албатта, неъмати бебаҳо ба мо ба осони ба даст наомадааст ва бо ҷонбозиҳо, меҳнати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, бо хуни рехтаи ҳазорон фарзандони шаҳиди тоҷик ба даст омад.

Шукронаи онро мекунем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллати тоҷик Сарвари Раҳнамо, хирадманду дурандеш, вафодору сарсупурдаи Ватану миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Маҳс бо қудрату матонати ин марди хирад оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гашта, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Зиёда аз он созишномаи оштии миллӣ бо мухолифон баста шуда, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гашт ва дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар ин давраи таърихӣ басо назаррас аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Маҳз заҳматҳои беназири Президенти кишварро мардуми заҳматпешаи ноҳия эҳсос мекунад, қадру қимати хизматҳои беамсолу бесобиқаи Сарвари Давлатро дар истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳақиқатан миллӣ баъди ҳазорсолаҳо медонад ва онҳоро гиромӣ медорад. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳики кишвар ба ҳисоб рафта, бо василаи рушди ин соҳа сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум диққати махсус зоҳир намуда, Солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Чунин иқдоми наҷиб, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Барои равнақу ривоҷи соҳаи саноат ва дигар соҳаҳо қабл аз ҳама азнавсозии инфрасохтор дар мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар тули собиқаи кориам ёд дорам, ки ҳангоми оғози кори сохтмони нақби Анзоб (баъди танафуси чандсола,) моҳи майи соли 1999 Сарвари Давлат қайд карда буданд: “Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони нақб маблағ дарёфт мекунем. Агар маблағ наёфтем, бо нохунҳоямон ин нақбро меканем.” Дар он замон ин кори осон набуд, вале ҳама восита дарёфт гардид, нақб бунёд гардид ва ин оғози ба давлати воҳиду якпорча табдил додани Тоҷикистони азиз буд. Дар хотир дорам, ки ба воситаи нақби Анзоб бо схемаи муваққати ба ноҳия, ба водии Зарафшон барқ дода шуд. Мардум бо барқ таъмин гардиданд, корхонаҳои саноатӣ аз кор намонданд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои беназир ба манотиқи куҳистон кишвар маҳсуб меёбад.

Мо мардуми ноҳияи Айнӣ шукронаи сиёсати дурбинонаю мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллатро мекунем, ки бо таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳову пулҳо мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидем. Сохтмону амали гаштани лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент дар ин самт заминаи мустаҳкаме гузошт. Мусаллам ба зикр аст, ки дар тули Истиқлолият беш аз 2,5 млрд сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ гашт. Ҳамин тариқ хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 квт Ҷануб Шимол, 220 квт Хуҷанд-Айнӣ, 220 квт Айнӣ-Панҷакент бунёд ёфта ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва минтақа заминаи боэътимод гузошт. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар оғоз ёфтаву ба истифода дода шуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо раҳои аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба рушди саноати куҳии ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд. Бо амали гаштани самти стратегӣ–саноатикунонии босуръати кишвар ин соҳа рушду такомул ёфт. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз 2 корхонаи замони шуравӣ ба 13 корхонаи пуриқтидори саноатӣ расид.

Ва ҳоло дар рӯзҳои наздик корхонаҳои калони саноатии Талко-Голд дар мавзеи Канчоч ва ТВЕА-саноати куҳи дар мавзеи Кумарғ ба истифода дода шуда ба бунёди ду корхонаҳои азими саноатии дигар санги асос гузошта мешавад. Дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдани сурмадор аз 14 ҳазор тоннаи замони шуравӣ дар солҳои охир то ба 55-63 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти саноати дар Корхонаи муштараки Анзоб расонида шуд.

Дар замони истиқлол орзӯи чандинсолаи саноатчиёни ноҳия ҷомаи амал пушида истеҳсоли маҳсулоти ниҳои-металли сурма ва симоб дар “Корхонаи металлургии Анзоб” ба роҳ монда шуд. Дар соли 2021 9622,2 тн метали сурма ва 302 тн метали симоб истеҳсол шуд, ки нисбатан 139,4 ва 170 фоизӣ давраи муқоисашавандаро ташкил дод. Дар ин давра корхонаи нави “Талко-Флюорит” ба истифода дода шуд. Зимнан бояд зикр кард, ки маҳз бо дастгирии соҳаи ангишт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои ангиштбарорӣ аз 10-50 ҳазор тонаи замони Шуравӣ, дар солҳои охир 1,5-1,7 млн. тн. ангишт истеҳсол карданд. Ҳамаи ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ воридоти андоз, музди маоши хуб замина фароҳам овард. Ҳоло дар соҳаи саноати куҳӣ 2802 нафар коргарон фаъолият намуда музди миёнаи маош 3535,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, амали гаштани стратегияҳо, барномаҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба миён омадааст.

Бобоҷонов Ш. Х.

раиси шурои собиқадорони меҳнати ноҳияи Айнӣ

Аъзои Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *