Тибқи нақша -чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини кумиҷроия бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии “Молия” ва “Китобдор” мулоқот доир намуда, доир ба мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон -меъмори суҳл” ибрози андеша намуданд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Президенти мамлакат бо донишу хирад, сиëсати одилона ва ғояҳои созанда дар эъмори сулҳу ваҳдат, Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум нақши муассир доранд, ки бо ифтихор исмашонро сулҳофари миллат, вирди забон меорем.
Дар бораи иқдомҳои Сарвари давлат, ҳамаи мо бо василаи ВАО баҳравар ҳастем ва итминони комил дорем, ки дар амалӣ намудани ташаббусҳои Президенти кишвар бо диду нигоҳими нав, дар ҳамбастагӣ саҳми босазо мегузорем- илова намуданд кормандони кумиҷроия.