Бисту панҷ сол муқаддам санаи 27-уми июни соли 1997 баъди ноамниҳо тӯлонӣ, қатлу ғоратгариҳои бешумор, ҷангҳои хонумонсузи бисёр, кинаву адовати зиёд, гуруснагиҳову ташнагиҳо, баъди бехонумон шудани фирориёни иҷборӣ, баъди нотинҷиҳои хушунатбор ба сари миллати тоҷик Худои меҳрабон фарзанди фарзонаеро рӯи тахт овард, ки ин марди хирад, ҳалиму меҳрубон, наҷибу хоксор Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин шахсияти ватанпарасту ватандӯст ҳангоми сари қудрат омадан парчами давлатамонро бусид ва ашки ғам аз чашмонаш ҷорӣ шуд….. барои чӣ ва барои кӣ ?. Албатта барои Ватан ва барои ҳамватан….
Оре ин подшоҳи одилу оқилу тавоно шаб дар хобу рӯз дар кор паи ба даст овардани сулҳу ваҳдат, пайи оромиву осудагии комил ва пайи ба даст овардани тинҷию оромӣ буд. Дар он рӯзҳои сахту сангин, ки аз соли 1992 то соли 1997 ҷанги бародаркуш аниқтараш солҳои фирори мардумон, бесару сомониҳои тоҷикон буд, ки роҳбари сулҳовари мо шабу рӯз нагуфта дур аз зану фарзандону хешу ақрабон ба дуриҳои дур сафар менамуд то, ки ба мардум сулҳро пойдор бисозад.
Роҳбари давлати мо баҳри ба даст овардани сулҳу субот ҷони худро ба гарав гирифтанд, то ки дар кишварашон ҷанги шаҳрвандӣ хотима биёбад. Ҳамватанони азиз бидонед, ки Сулҳу Ваҳдат дар ҳар давлати дунё ба осонӣ ба даст наомадааст ва намеояд. Барои сулҳу субот ба даст овардан чиқадар заҳматҳое паси сар мешавад. Бо ҷасорату маҳорату ақлу заковат Пешвои раҳнамои миллати тоҷик баъди сипарӣ кардани 8 даври музокироти сулҳи тоҷикон ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997 дар қасри Кремли шаҳри Маскав дар ҳаштумин гуфтушуниди созишномаи сулҳи тоҷикон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайти роҳбарияти гурӯҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро ба имзо расониданд. Ва ниҳоят бо хабари хуше ҷангу ҷидолро ба анҷом расониданд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон давлатро аз низоъҳову аз парокандагӣ ба ҳам сарҷамъ намуд, ва иди Вахдат аз он солҳо то ин ҷониб дар кишвар таҷлил карда мешавад.
Пешвои миллат барои ҳамватанони худ сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ, оромию осудагӣ, бахту саодат, хурсандию хушбахтӣ пирузию шодбошӣ оварданд.
Шукри сулҳу ваҳдат, шукри Пешвои миллат, шукри ободиву оромии ватани аҷдодиро бояд кард. Агар ёде орем ба таърихи ҷанги шаҳрвандӣ пеши назар гиряҳои хурду калон, пиру ҷавон, падарону модарон ва ҳаммаи ҳамватанон пеши назар меояд. Он беватанону маслакфурушоне, ки ба хоҷагони хориҷии худ ниёз дошта буданд, ба иқтисоди кишвари мо миллиардҳо доллар хисороти моддию маънавӣ расониданд. Дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардумони бегуноҳу камбағал зарари нисбатан калон диданд. Тахмин меравад, ки бинобар нобасомониҳо зиёда аз 1-миллион нафар ҳамватанони мо муҳоҷир гаштанд. 700 000 одамон муваққатан тарки ватан карданд, 150 000 нафар мардумони бегуноҳ дар ин нобасомониҳо ҳалок шуданд. Зиёда аз 30 000 хонаҳои истиқоматию даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳою дабистонҳо заводҳову фабрикаҳо ва дигар объектҳои муҳими давлатӣ ба коми оташ фурӯ рафтанд.
Даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд монданд, даҳҳо ҳазор занон бе шавхар монданд ва даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зарари овардаи он қотилону бешарафон ба давлати мо зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии аз соли 1991 то 1996 сол 3-4 маротиба коҳиш ёфт. Мардумони бегуноҳ аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва гуруснагии зиёд як қисмашон ҷон бохтанд, ва қисми зиёди онҳо аз азоби гуруснагӣ кунҷораю сабус ва дони ҷорубро бо ҷав ҳамроҳ карда орд карда мехӯрданд, то ки аз гуруснагӣ намиранд.
Чи рӯзҳои сахту сангине наомада буд ба сари миллати тоҷик. Баъди рӯзҳои хунину даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо бо ташаббусҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ пойдор гашт. Сулҳу Ваҳдат неъматҳои бебаҳо ва гаронарзишест барои мардумони мо, Ваҳдати миллӣ оғози бунёдкориву созандагӣ, сарҷамъии сулҳу суботи осоишта ва шукуфоии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар кишваре, ки сулҳу ваҳдат пойдор нест, он кишвар рушд карда наметавонад. Бояд гуфт, ки Сулҳу Ваҳдат ҳамчун омили сарнавиштсоз ва муттаҳидшавии миллатҳоро маънидод мекунад. ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарӣ, иттифоқию рафоқат,пешравию ободкорию эҷодкорӣ аз Сулҳу субот ва Ваҳдат сарчашма мегирад.
Биёед ба хотири Сулҳу Ваҳдат ба хотири оромии миллат дӯстию бародариро қавӣ намуда, ҳаргиз ба бегонапарастӣ, ба хурофотпарастӣ роҳ надиҳем, зеро ин рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ аз хотираҳо фаромӯш намешавад.
Бо ҳамин суханони нек гуфтани хастам, ки:
Андар ин дунё ҳаёт аз Ваҳдат аст,
Созу барги коинот аз Ваҳдат аст.
Мудири бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ А.Ҷураев