Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Тадбирҳо судманд ба байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Дар доираи нақшаи тақвимии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, масъулони кумиҷроия бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии “Сангистон” вохӯрӣ доир намуда, атрофи дастовардҳои даврони Истиқлолият, дар сатҳи баланд истиқбол намудани Наврӯзи оламафрӯз, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, донишҳои сиёсӣ ва сифати таълим, татбиқи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ибрози назар намуданд. Дар интиҳо, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сухан баромада бовар кунониданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар баргузории чорабиниҳои Наврӯзи хуҷастапай нақшаҳои судмандро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *