Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Терроризм дур аз идрок аст

МАҚОЛА: Афзоиш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки дар ҷомеаи имрӯза тавассути терроризм ва экстремизм руҳ медиҳад, моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва барои аз байн бурдани ин гуна ҳаводиси номатлуб, ки ҳазорон нафарро ҳамарӯза ба коми оташи нангини ҷангҳои хонумонсӯз ва таҳмилӣ кашида истодааст,  мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм мақсад, ҳадафи асосиашон халалдор кардани амнияти ҷомеа, тарсонидани мардуми осоишта, ба воҳимаву  таҳлука андохтани аҳолӣ ва бо ин васила расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Имрӯз,   ҳар яки мо ҷавононро  мебояд, ки нисбат ба  ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва амалҳои ваҳшонияти созмонҳои ҷиноятӣ мубориза барем.

Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммаи суханрониҳои худ доир ба вазъи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда,  дар як суханрониашон бо фаъолон иброз намуданд, ки  “Терроризм дар асл, миллат, мазҳаб ва Ватан надораду душмани Худову бандагони Худо мебошад”.  Имрӯзҳо бархе аз гурӯҳҳо барои ба даст овардани манфиат  бо созмонҳои тунрав ҳамкорӣ намуда,  ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдилии давлатҳои осоишта , халал ворид месозанд. Вале, нақшаву омолҳояшон ба коми оташ рафта, худ ва наздиконро дар банди ғафлат мегузоранд. Зеро, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа аз амалҳои нангини онҳо огоҳ буда,  намегузоранд, ки рӯзгори босаодаташонро доғдор намояд.

Бо чунин ақидаҳо,  боварии комил дорем, ки мардуми кишвари азизамон аз ҷумла ҷавонони даврони истиқлол, хоса ҷавонони саодатманди ноҳия вақти пурқиммати худро ба илмомӯзию забономӯзӣ ва омӯхтани касбу ҳунар сарфа намуда, шомили чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ нахоҳанд гашт. Дар баробари ин, ба хабару гузоришҳои беасоси саҳифаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нушуда, дигар ҳамсабақони худро ба роҳи нек ва зиндагии осоишта роҳнамо хоҳанд шуд.

А. ҶУРАЕВ

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *