Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Тибқи нақша-чорабинии “Ҳафтаи ҳизб”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Зоосун”-и назди кумиҷроия, чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудани “Волейбол”, “Шоҳмот”, “Кашидани вазн” баргузор карда шуд.

Фаъолони ташкилот созандагонро бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику шодбош намуда, барояшон дониши хубу аъло ва рӯзгори босаодатро орзӯ намуданд. Дар ҷараёни чорабинии варзишӣ хонандагон маҳорати волои варзишии худро нишон доданд, ки дар натиҷа беҳтаринҳо ба қайд гирифта шуданд, ки дар даври ниҳоӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишӣ, мизҳои мудаввар, хонишҳои сиёсӣ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *