Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: “ЭМГУЗАРОНӢ – РОҲИ ЯГОНАИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС”

Чуноне, ки ба ҳамаи мо маълум аст, мавҷи дуюми бемории Коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, боиси нигаронӣ шудааст. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ, дар саросари дунё, ваксинагирӣ бо суръат ҷараён дошта, ба хотири ҳифзи саломатии хеш сокинон новобаста аз самти фаъолият, ройгон аз ваксинатсия мегузаранд. Чуноне, ки масъулони соҳаи тандурустӣ таъкид доштаанд, бо василаи риоияи қоидаҳои беҳдоштӣ, гирифтани саривақтии ваксина, ба таҳлука дода нашудан, метавонад, сади ҳар гуна бемориҳо шавад. Баҳри ҷалби сокинон ба вакиснагирӣ, имрӯз аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, аксия таҳти унвони “Эмгузаронӣ – роҳи ягонаи пешгирии бемории коронавирус”-ро доир намуда, даъват ба амал оварданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздикон ба марказҳои ваксинагирӣ ташриф оварда, ваксина гиранд. Зеро саломатии ҳар як сокини кишвар, боигарии миллат аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *